ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПОЙТАХТ. РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ МАТРАҲ ШУД

ПОЙТАХТ. РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ МАТРАҲ ШУД

14 май 2024, Сешанбе
7
0
Таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Душанбе, муовини раиси Шуро Дилбар Одилзода дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомот доир шуд.
Дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва намояндагони субьектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳии пойтахт иштирок доштанд.
Дар оғоз муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки Шурои ҳамоҳангсози фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 3-юми октябри соли 2018 бо мақсади таъмини ҳамкории густурда миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, инчунин, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳии пойтахт, қатъи назар аз шакли моликият ва тобеият таъсис ёфт.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Шуро мақоми доимамалкунандаи машваративу ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, гузориши мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарият ва намояндагони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вобаста ба сатҳу сифати хизматрасониҳо ва қабули сайёҳон, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба шаҳри Душанбе ворид мегарданд, гузориш манзур намуданд.
Дар охир лоиҳаи нақшаи кори Шурои ҳамоҳангсози фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби ширкаткунандагон баҳри рушди соҳа таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив