ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАРХ ДАР АРШУ СИФАТ ДАР ФАРШ Ё КӢ ПЕШИ РОҲИ БЕНИЗОМИҲОРО ДАР ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОБИЛӢ МЕГИРАД?

НАРХ ДАР АРШУ СИФАТ ДАР ФАРШ Ё КӢ ПЕШИ РОҲИ БЕНИЗОМИҲОРО ДАР ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОБИЛӢ МЕГИРАД?

16 май 2024, Панҷшанбе
58
0
 
Чанд рӯз аст, ки истифодабарандагони ширкати «Мегафон Тоҷикистон» дар назди нуқтаи хизматрасонии ин ширкат, воқеъ дар шафати маркази савдои «Гулистон» ҷамъ омада, аз баланд шудани арзиши тарофаҳои ширкати мазкур изҳори нигаронӣ мекунанд. Зимни суҳбат бо муштариён маълум гардид, ки болоравии нархҳо, асосан, дар арзиши интернет буда, ба ҷайби онҳо зарба мезанад. Аз ҷумла, сокини шаҳри Душанбе Кароматулло Сидиқов, зимни суҳбат гуфт, ки қаблан барои истифодаи интернети бемаҳдуд ва 20 Гб-и иловагӣ аз ширкати «Мегафон Тоҷикистон» 100 сомонӣ пардохт мекард, ҳоло 111 сомонӣ месупорад. Арзиши тарофаи дигари ин ширкат низ аз 65 сомонӣ ба 73 сомонӣ боло рафтааст.  Дар ҳоле ки сифати хизматрасонӣ, хусусан дар маҳалҷойҳо рӯ ба костагӣ дорад.
 
Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода буд, ки дар ширкатҳои мобилӣ нархи тарофаҳо боло бурда намешавад. Аз ин рӯ, операторони мобилӣ тасмими худро тағйир дода, аз боло бурдани нархи тарофа даст кашиданд, вале ҳоло бархе аз операторони алоқа, аз ҷумла «Мегафон Тоҷикистон», боз ҳам бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамояд, то арзиши хизматрасониҳои мобилиро баланд бардорад. 
Тавре масъули ширкати мазкур, воқеъ дар назди маркази савдои «Гулистон», изҳор дошт, болоравии арзиши тарофаҳо на танҳо дар ширкати «Мегафон Тоҷикистон», балки дар дигар ширкатҳои мобилӣ низ  ба назар мерасад. Ҳоло арзиши тарофаҳои хидматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ аз 7  ба 12 дарсад боло рафтааст.
Дар робита ба ин, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар саҳифаи расмии худ иттилоъ дода, бо шарҳи бештари масъала ин амали ширкатҳоро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои муштариён нодуруст арзёбӣ намуд ва аз тамоми операторони мобилӣ даъват ба амал овард, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии алоқа ва қабули қарорҳои ба манфиати ҷомеа набуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
Ба иттилои манбаъ, Хадамоти алоқа, дар навбати худ, барои васеъ намудани доираи фарогирии шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ ва паст кардани нарху навои хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз тамоми имкониятҳои иқтисодӣ ва техникӣ истифода мебарад. Зеро кам намудани хароҷоти хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи электронӣ ҳоло аз дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти соҳаи алоқа дар кишвар мебошанд.
Сабаби баланд шудани  нархи тарофаҳои операторони мобилӣ, пеш аз ҳама, алоқамандии фаъолияти соҳа бо дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар натиҷаи афзоиши арзиши хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва коммуналӣ арзиши тарофаҳо низ боло меравад.  Агар таҳлил карда бароем, аз соли 2020 инҷониб тарофаҳои неруи барқ 33 дарсад, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳру навоии ҷумҳурӣ 20 дарсад ва нишондиҳандаҳои пардохт 24,13 дарсад, ҳамчунин, нархи иҷораи биноҳо, таҷҳизоти истгоҳҳои мобилӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири онҳо боло рафта, ба фаъолияти мунтазами ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва сармоягузорӣ ба беҳсозии соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷониби дигар, болоравии нархи тарофаҳо бояд ба рушди соҳа мусоидат намояд.  Ҳамаи ин  камбудиҳо аз бозори суст тараққикардаи соҳаи алоқа, монополияи баланд ва рақобати пасти провайдерҳои алоқаи маҳаллӣ шаҳодат медиҳад, ки, дар навбати худ, боиси паст будани сифат, инфрасохтори суст инкишофёфта, дастнорас будани шабака дар деҳаҳои алоҳида ва гӯшаҳои дурдасти кишвар мегардад.
Ҳамин тавр, бо вуҷуди он ки, дар кишвар панҷ ширкати мобилӣ фаъолият менамояд, дастрасӣ ба хизматрасонии босифати алоқаи мобилӣ ва интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Мисолҳо хеле зиёданд. Дар ноҳияи Хуросон, ки аз шаҳр на он қадар дур ҷойгир аст, суръати интернет 3G нишон медиҳад, вале дар саҳифаҳои интернетӣ ягон амалиёт анҷом дода намешавад. Аз ин рӯ, талош барои ба кор андохтани 5G аз беҳбудии назаррас дар соҳа пешгӯӣ намешавад, зеро дар соҳа ҳанӯз ҳам навсозӣ кардани инфрасохтори алоқа зарур аст.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив