ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКИСТОН БА ҲАВОДОРОНИ ФУТБОЛ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН 

ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКИСТОН БА ҲАВОДОРОНИ ФУТБОЛ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН 

24 май 2024, Ҷумъа
35
0
 
(Дар ҳошияи ташаббуси байналмилалии Рустами Эмомалӣ оид ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол)
Бо иттифоқи оро қабул шудани пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тантанаи ҳақиқии иди футбол, тантанаи соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ва тантанаи эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонист. Инчунин, расман ҷашн гирифтани Рӯзи футбол дар дунё мужда барои миллионҳо футболбозон, мураббиҳо, кормандони ришта ва дӯстдорони варзиши рақами яки сайёра мебошад. Интихоб гардидани 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Рустами Эмомалӣ бесабаб нест, маҳз 100 сол қабл дар ҳамин рӯз аввалин бор мусобиқаи байналмилалии футбол бо ширкати намояндагони ҳамаи минтақаҳо дар доираи Бозиҳои олимпии Париж – 1924 доир гардида буд. 
Бояд гуфт, ки ҳоли ҳозир дар ҷаҳон футбол аз маъмултарин намуди варзиш ба ҳисоб рафта, ҳаводорони зиёд дорад. Масалан, финали Ҷоми ҷаҳон-2022-ро (миёни Аргентина ва Фаронса) беш аз 1,5 миллиард нафар тамошо кардааст. Аз ин омор бар меояд, ки футбол варзиши рақами яки сайёра буда, дар саросари дунё инсонҳо бозӣ ва ба ин риштаи зебои варзиш пайравӣ менамоянд. Гузашта аз ин, варзиш, бахусус футбол, дар таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни инсоният нақши муассир дорад. Инчунин, он ҳамчун воситаи муҳими пешбурди муошират ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни халқу миллатҳо хидмат менамояд. Футбол ҳамчун як риштаи варзиш марзҳо, монеаҳои забонӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ-иқтисодиро убур мекунад ва неруи муттаҳидкунандаи он одамони тамоми кураи Заминро ба ҳам наздик менамояд ва онҳо бо забони ягона “забони футбол” сухан меронанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар дипломатия варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ байни кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ мегардад. 
Якдилона қабул гардидани пешниҳод оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Созмони Милали Муттаҳид бори дигар эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдомоти намунавии Тоҷикистон дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ муҳри тасдиқ зад. Итминон дорем, ки ин ташаббус ҷомеаи ҷаҳонро ба олами футбол боз ҳам наздиктар мебарад ва ба рушди тозаву оммавигардонии ин навъи варзиш нақши мунир мегузорад. 
 
ҲОСИЛИ ИҚДОМОТИ САМАРАНОК  ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ФУТБОЛ
Чун дигар ақсои олам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ футбол ҳаводорони хеле зиёд дорад ва ташаббуси Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, як навъ туҳфаи арзишманде барои онҳо мебошад. Ҳамин аст, ки дар доираи ин иқдом дар кишвар мусобиқаҳои гуногун роҳандозӣ шуда истодаанд ва мардум, махсусан ҷавонон, аз ташаббуси Рустами Эмомалӣ хеле хушҳоланд ва аз он пуштибонӣ менамоянд. Далели дигари оммавӣ будани футбол дар Тоҷикистон бунёд гардидани майдонҳо ва майдончаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар деҳоти дурдаст, мебошад, ки ҳадаф тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.  
Воқеан, дар давраи мудирияти Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон футболи тоҷик ба марҳалаи сифатан нав ворид гардида, ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ноил гашт. Намунаи барҷастаи он, ба ҳангомаи асосии футболи Осиё табдил ёфтани тимҳои миллии футбол ва футзали Тоҷикистон дар соли 2024 ба шумор меравад. 
Дар ин росто, месазад, ки корномаи Рустами Эмомалиро ба риштаи таҳлил кашем ва корҳое, ки ӯ бо тимаш барои рушди футболи ватанӣ анҷом дод, рӯйи авроқ оварем.
Ҳаводорони футбол хуб огаҳанд, ки Рустами Эмомалӣ дар кадом шароит ба симати роҳбари соҳа интихоб гардид. Ҳангоме ки ӯ ба садри Федератсияи футболи Тоҷикистон пазируфта шуд, футболи тоҷик дар ҳолати буҳронӣ қарор дошт ва ислоҳоти комилро тақозо мекард. Коршиносон ва мутахассисони дохилӣ, ки аз собиқаи футболбозии Рустами Эмомалӣ огаҳӣ доштанд, интихобро арзанда дониста, ба фардои мунаввари футболи ватанӣ умедашон бештар гашт.  
Дар муддати начандон тулонӣ Рустами Эмомалӣ сохтори идоракунии футболро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намуд. Бо қабули барномаву нақшаҳои мукаммалу мушаххас футболи тоҷик дар масири рушд қарор гирифт. Дар соҳа тартибу низом ҷорӣ шуд. Барои баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони соҳа, аз ҷумла доварон, мураббиён, маъмурон, маркетологҳо, курсу семинарҳои зиёди байналмилаливу дохилӣ ташкил шуданд. 
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра ба рушди футболи бонувон диққати махсус равона гашт ва дар кишвар лигаи футболи бонувон дар чанд синну сол рӯйи кор омад. 
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи футбол дар кишвар сомонаи расмии ФФТ ба фаъолият оғоз намуд, ки аз ҷумлаи сомонаҳои фаъоли соҳаи варзиши кишвар маҳсуб меёбад. Махсусан, бояд гуфт, ки кушода шудани шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» барои оммавӣ гардондани варзиш, хусусан футбол, саҳми бориз гузоштанд. Ҳоло ин шабакаҳо на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ, тамошобинони зиёд доранд. 
Рӯ овардан ба футболи кӯдакону наврасонро рӯ овардан ба фардои дурахшони футбол арзёбӣ менамоянд. Бо дарки ин нукта, роҳбарияти нав барои ба камол расондани футболбозони касбӣ низоми футболи кӯдакону наврасонро ба куллӣ дигаргун сохт. Тибқи ин низом, мусобиқаҳо шуруъ шуданд, Лигаи кӯдакону наврасон бо назардошти синну сол созмон ёфт, мактабҳо ва академияҳо рӯйи кор омаданд. Дар кӯтоҳтарин муҳлат фаъолияти онҳо бор овард: дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2018 барандаи медалҳои нуқра ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 (Бразилия) шуд; Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҷоизаи “Беҳтарин лигаи наврасони Осиё дар соли 2019”-ро эътироф гашт. Лоиҳаи “Футбол ба назди шумо меояд” қалби ҳазорон футболбози наврас ва волидони онҳоро тасхир кард. 
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло барои ба камол расондани футболбозони наврас дар баробари мактабу клубу академияҳои маҳаллӣ, инчунин, бошгоҳи овозадори ҷаҳон “Ювентус” (Италия) дари академияи худро барои кӯдакону наврасони футболдӯсти тоҷик дар шаҳри Душанбе боз намудааст.    
 
ҶОИЗАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  ВА ШУҲРАТИ ФУТБОЛИ ТОҶИК
Дар ду соли ахир тими миллии Тоҷикистон дар ду мусобиқаи байналмилалӣ: 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» (Таиланд), “Ҷоми Мердек – 2023” (Малайзия) ғолиб омад. 
Лозим ба зикри хос аст, клубҳои футболи мо дар мусобиқаҳои бонуфузи қоравӣ ҳунарнамоӣ намекарданд, зеро КФО бошгоҳҳои футболи Тоҷикистонро муфлис ҳисобида, танҳо як даста имкони ширкат дар мусобиқаи аз лиҳози дараҷабандӣ сеюми КФО – Ҷоми президенти КФО дошт. Инчунин, тими миллӣ, дар мусобиқа барои тимҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд – Ҷоми даъвати КФО бозӣ мекард. Пас аз соли 2012 мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии се чемпионати ҷаҳон ва се Ҷоми Осиё ширкат кард. Бар асоси натоиҷи марҳалаи интихобии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023, мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Дар аввалин баромад мунтахаби мо зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт то ба марҳалаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё расид. Ин дастовард, саҳифаи наверо дар таърихи варзиши Меҳан боз намуд. Гузашта аз ин, ҳунарнамоии тими миллии мо ҳаводор ва коршиносони футболи қораро мутаҳайир кард. 
Миёни клубҳо бошад, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз лиҳози дараҷабандӣ дувумин мусобиқаи бошгоҳӣ дар қора мебошад, бомуваффақият баромад намуда, ду маротиба (солҳои 2015 ва 2017) финалист шуд. Қобили зикр аст, ки ҳар ду бозии финалӣ дар мамлакат – варзишгоҳҳои пур аз мухлисон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаштанд. 
Шуруъ аз соли 2019 чемпиони феълии Тоҷикистон, клуби футболи “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО, ки бонуфузтарин мусобиқаи қораи Осиё мебошад, иштирок менамояд. Дар мавсими соли 2021 “Истиқлол” бори аввал ба марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфт. Дар соли нахусти баромад, дастаи футболи пойтахт дар гурӯҳ мақоми аввалро касб намуда, то марҳалаи 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифт. 
 
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ  ДАР РУШДИ ФУТБОЛИ МИНТАҚА 
Дубора интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Конгресси ҳаштуми CAFA (Central Asian Football Association) ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) рӯйдоди таърихӣ дар футболи тоҷик ба ҳисоб меравад. Яъне, ин исботи он буд, ки Рустами Эмомалӣ давоми чор соли роҳбарӣ (2019-2023) тавонист, дар рушд ва оммавияти футбол дар Осиёи Марказӣ, махсусан миёни наврасону ҷавонон, такони ҷиддӣ бахшад. Зимнан, бояд гуфт, ки дар Конгресс президенти ФИФА Ҷованни Инфантино ва президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халифа ширкат доштанд. Бешак, ташриф овардани роҳбарони сатҳи аввали ФИФА ва КФО ба Тоҷикистон нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои Рустами Эмомалӣ дар рушди футболи минтақа ва устувор намудани мавқеи CAFA дар ҷаҳон буд. Аз ҳамин ҷост, ки Ҷованни Инфантино ва Шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халифа ба кори CAFA, ки дар давраи пандемия барои дастаҳои мунтахаби минтақаи Осиёи Марказӣ даҳҳо мусобиқа доир намуд, баҳои баланд доданд. Он мусобиқаҳоро марҳалаи хуби омодагии мунтахабҳо ба чемпионатҳои осиёӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд. Ин боварӣ ва эътимоди президентони ФИФА ва КФО масъулияти роҳбарияти CAFA ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои рушди футбол дар минтақа бештар менамояд. Давоми чор соли роҳбарии Рустами Эмомалӣ, дар маҷмуъ, 166 бозӣ дар доираи 18 мусобиқа (7 мусобиқа миёни мардон ва 11 мусобиқа байни бонувон) дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор (Тоҷикистон), Тошкент (Ӯзбекистон) ва Бишкек (Қирғизистон) байни мунтахабҳои наврасон ва ҷавонон оид ба футбол ва футзал доир шуданд. Роҳбари тозаинтихоби CAFA дар суханронии худ муждае барои ҷомеаи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ расонд, ки он аз ҷониби роҳбари Конфедератсияи футболи Осиё ва коршиносон пуштибонӣ ёфт. – Минтақаи Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки ин вақт фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародар қисми ниҳоии чемпионати Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард. Мо тасмим гирифтем, ки барои мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дар Осиёи Марказӣ дархости муштарак пешниҳод кунем, – гуфт президенти CAFA Рустами Эмомалӣ. 
Ин пешниҳоди Рустами Эмомалиро президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халифа дастгирӣ намуда, чунин иброз дошт: “Ин минтақа сазовори баргузории чемпионати Осиё байни тимҳои миллӣ мебошад”. 
Ноиби якуми президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё Равшан Ирматов дар бораи ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалӣ оид ба пешниҳоди дархости муштарак барои дарёфти ҳаққи мизбонии Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ чунин ибрози назар кард: «Мо ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалиро оид ба пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ комилан дастгирӣ мекунем. Пешниҳоди аризаи якҷоя барои мизбонии чемпионати Осиё як қадами устувор дар роҳи рушди футболи минтақаи мост. Пеш аз ҳама, аз нигоҳи инфрасохтор мо варзишгоҳҳои мавҷударо ба тартиб меорем ва варзишгоҳҳои нав месозем, ки ба меъёрҳои баланди КФО ва ФИФА ҷавобгӯ бошанд. Агар ба мо мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро бовар кунанд, аз баргузории ҷашни бузурги футбол дар минтақа илҳомбахш хоҳем шуд! Инчунин, он кишварҳои дӯсту бародари моро муттаҳид хоҳад кард!». 
Дар давраи нави роҳбарӣ, яъне соли 2023, бори аввал ду мусобиқаи бонуфузи Ассотсиатсия: “CAFA Nations Cup 2023” (10-20-уми июн, Қирғизистон ва Ӯзбекистон) “CAFA Futsal Cup-2023” (23-30-юми июл, Тоҷикистон) дар сатҳи тимҳои асосии футбол ва футзали кишварҳои узв баргузор гардид. 
Як нуктаро махсусан бояд гуфт, ки дигарбора интихоб гаштани Рустами Эмомалӣ ба симати президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну осуда дар олам муаррифӣ гардида, нуфузу эътибори байналмилалӣ доштани мамлакати моро ҳамчун як давлати рушдёбандаи футбол дар арсаи байналмилалӣ бозгӯ менамояд. 
 
 
АЗ ХУШБИНИИ БЛАТТЕР  ТО БАҲОИ ИНФАНТИНО 
Моҳи марти соли 2014 Йозеф Блаттер, президенти вақти ФИФА, ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Ин мансабдори баландпоя Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014-ро иқдоми шоистаи дастгирӣ номида, изҳор намуда буд, ки “иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафар”-аш ба Тоҷикистон буд. Ӯ оид ба дурнамои рушди футбол дар Тоҷикистон хушбинӣ карда, талошҳои роҳбарияти Федератсияи футболи ҷумҳуриро қобили дастгирӣ дониста, варзиши рақами яки сайёраро дар Тоҷикистон рӯ ба инкишоф арзёбӣ кард. – Мо умедворем, ки рӯзе тими мунтахаби Тоҷикистон ба сифати яке аз дастаҳои пурқувват дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ баромад хоҳад кард, – изҳор дошта буд Йозеф Блаттер. 
Пас аз гузашти анқариб 10 сол роҳи дурусти интихобкардаи Рустами Эмомалӣ Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои футболи минтақавӣ табдил дода, обрӯю эътибори калон пайдо кардааст. Ҳамин буд, ки ҳоло президенти ФФТ яке аз чеҳраҳои калидии КФО буда, пешниҳоду андешаҳояш дар арсаи футболи байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва амалӣ қарор мегиранд ва Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари устувори футболӣ мешиносанд. 
Бино ба гуфтаи Ҷованни Инфантино, тоҷикон дар миёни дигар ақвоми ҷаҳон дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги рангин буда, футбол ҳам бо миллионҳо ҳаводораш дар Тоҷикистон ҷойгоҳи баланд касб мекунад. 
Салоҳи кор медонам, ки матлабро бо баҳое, ки Ҷованни Инфантино пас аз сафараш ба Тоҷикистон ба фаъолияти Рустами Эмомалӣ ва тимаш дод, ҷамъбаст намоям. Зеро, ин арзёбии президенти ФИФА арзёбии воқеист, чунки ӯ баъд аз ошноии наздик ва таҳлили вазъи соҳа чунин гуфт: “Рустами Эмомалӣ бо тими худ барои маъруфтар ва оммавӣ намудани футбол дар кишвари зебои Тоҷикистон ва дар Осиёи Марказӣ кори бузургеро анҷом додааст”.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 24.05.2024 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив