ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИТОБ.  СУХАНЕ АНДАР СИТОИШИ ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

КИТОБ.  СУХАНЕ АНДАР СИТОИШИ ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

28 май 2024, Сешанбе
22
0
Китоб дурдонаи нодир аст, ки ҳар ҳарфу калимаи он мисли марвориди тобнок,  чун раҳнамои мушфиқ  роҳи моро мунаввар мегардонад. Китоб ганҷест, ки аз ранҷ офарида шуда, шахсиятҳои соҳиби тафаккури фавқулода  сарфи назар аз шароит ва замон   рӯ ба ин махзан меоваранд.  Бузургтарин сарвати халқи тоҷик китоб  аст, ки  ба чизе иваз намешавад  ва қурбашро дар ягон вақт аз даст намедиҳад. Роҳе, ки китоб моро ба он раҳнамоӣ мекунад, росту мустақим аст. Роҳи рост, сухани рост, рафтори рост моро ба қуллаҳои баланди мақсуд мерасонанд.
 
Китоб  дар баробари  илму дониш бахшидан, ҳамзамон, ахлоқи  моро ҳамида мегардонад. Дар гузашта бузургони мо китобро  “Аниси кунҷи танҳоӣ”, “Беҳтарин ёри вафодор”, ”Дармони дил”, ”Кони ҳикмат” гуфта, ганҷ нею китоб ҷамъ мекарданд. Китоб ҳаргиз хиёнат намекунад. Асабро орому дилро роҳат  ва руҳро навозиш медиҳад. 
 Рисолати инсонӣ ва касбии мо – омӯзгорон, дар назди наслҳои имрӯзу оянда аз он иборат аст, ки  тавассути  усулҳои  гуногуни тарбия  роҳҳои бедор намудани шавқу завқи  хонандагонро дарёбем. Таҷрибаи омӯзгорӣ нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба асарҳои калонҳаҷм: роману повест, асарҳои дугонаву сегона  ниҳоят кам шудаст. Асарҳои классикон ва адибони муосир дар доираи китобҳои дарсӣ омӯхта мешаванд.  Натиҷаи  беэътиноӣ нисбат ба китоб   ба он оварда расонд, ки фонди луғавӣ кам, нутқи баён сода ва ифодаи фикр  мушкилиро ба бор оварда истодааст. 
 Хушбахтона, баҳри  инкишофи тақвияти зеҳнӣ, таконе ба маънавиёт, илм, дониш, ҷаҳонбинӣ, маданият, поси заҳматҳои донишмандон, олимон, шоирон, эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”(аз 9 - уми феврали соли 2019 таҳти №АП-1165) ба роҳ монда шуд.
Озмуни мазкур роҳи истеъдодҳоро ба сӯйи илму дониш боз кард. Сафи ҳаводорони китоб дар ҳар қишри ҷомеа афзоиш ёфта, таваҷҷуҳи аҳли хирад ба кони маърифат – китобхона, рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Китобҳое, ки солҳо варақгардон нашуда буданд, акнун хонандаи худро ёфтанд. Ба  шарофати сарпарастӣ ва роҳбарии Пешвои муаззами миллат, ба бузургтарин шуғли мардуми тоҷик – китобхонӣ, дубора ҷон бахшида шуд. 
Сарбаландии инсон аз илму дониш, ахлоқи шоиста, маърифат ва маданият, ҷаҳонбинӣ, маънавиёти баланд аст ва китоб ягона махзанест, ки ин ганҷҳои нодирро дар ҳар варақи  худ маҳфуз дошта, наслҳою асрҳои  оянда аз он баҳра хоҳанд бардошт.
 
Маҳтоб БАХТИБЕКОВА, омӯзгори МТМУ № 8, ноҳияи Рӯшон
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив