ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТААССУБ.  АГАР ТАФАККУРИ ИЛМӢ ТАШАККУЛ НАЁФТА БОШАД...

ТААССУБ.  АГАР ТАФАККУРИ ИЛМӢ ТАШАККУЛ НАЁФТА БОШАД...

29 май 2024, Чоршанбе
30
0
 
Таассуб як навъ боварӣ ва рафтори тақлидкоронаи ғайримантиқии одамон ба ягон амал аст. Таассуб ба маъноҳои зиёде, мисли тарафдорӣ, ҳимоя, пуштибонии кӯркӯрона ва ғайра фаҳмида мешавад. Метавон гуфт, ки таассуб як навъ нигоҳи манфӣ ва хасмона нисбат ба фард, гурӯҳ ва мавзуи хос аст. Донишмандон дар атрофи масъалаи таассуб андешаҳои гуногун доранд ва дар бисёр маврид онро бо ифротгароӣ ҳаммарз медонанд. Доир ба ин ва дигар паҳлуҳои масъала суҳбате доштем, бо Муҳаммад Тағоймуродзода, муовини декани факултети фалсафаи ДМТ, ки фишурдаи он манзур мегардад: 
 
– Тавре, имрӯз ба мушоҳида мерасад, таассуб ва таассубгароӣ дар қишрҳои гунонуни ҷомеа реша давондааст. Лутфан мегуфтед, ки  таассуб аз куҷо сарчашма мегирад?
– Вақте ки ҷаҳонбинии шахс маҳдуд асту тафаккури илмиаш ташаккул наёфта бошад, ҳатман андешаи таассубгароӣ дар зеҳнаш пайдо мешавад. Донишмандон низ ду ҳолати таассубгароиро аз ҳам ҷудо кардаанд, ки иборатанд аз таассуби нохудогоҳ ва таассуби огоҳона. 
Имрӯзҳо, мутаассифона, бархе ноогаҳона тасмими нодуруст мегиранду аз афрод ва ё гурӯҳу  равиши эътиқодие пуштибонӣ мекунанд. Аммо дар баробари ин, ҳастанд нафароне, ки огоҳона рафтор намуда, аз паёмади манфии тасмими худ хабардоранд. Вале аз рӯи кинаву ғаразҳои нопокашон амали худро дурусту мантиқӣ ва ҳақиқат мешуморанд.  
Дар баъзе маврид рақобат баҳри касби манфиат низ метавонад боиси пайдоиши таассуб дар ҷомеа гардад, зеро чуноне маълум аст, афроди муайян барои ба даст овардани манфиатҳояшон монеаи ҳақиқатҳо шуда, андешаи нодурусти худро, ки аз сари таассуб сар задааст, ба дигарон бор мекунанд. Ин омил метавонад боиси шиддат ёфтани таассубкорӣ дар ҷомеа гардад.
Омилҳои дигари пайдоиш ва интишори таассубкорӣ дар ҷомеа ин тарс, ғуруру такаббур, худхоҳии ашхос, рафтори эҳсосӣ ва одат кардан ба ягон амал, равиш ё чизе, ки мухолифи тафаккури умуми мардум аст, ба шумор меравад.
– Агар ба мавзуи мавриди назар аз дидгоҳи коршиносӣ баҳо гузорем, мутаассиб ё тассубгаро кист?
– Ба андешаи Р. Габбасов: «Шахси мубталои таассуб олами атрофи худро наметавонад бубинад, ӯ оҷиз аст, ношунавост, қобил нест, ки дигаргуниҳои ҷаҳонро бубинаду шунавад». Аз ин нуқтаи назар, мутаассиб ҳамонест, ки дар ҳама маврид эътиқоду боварӣ ва амалу кирдори худро аввалтару афзалтар мешуморад. Ҳарчанд ба донишҳои илмию таҷрибавӣ мутобиқат намекунанд. Афроди таассубгаро тангназару якрав буда, андешаҳои дигаронро намепазиранд, ки маҳз ҳамин омилҳо хурофоту ифротгароиро низ ба миён меоранд. Ин гуна ашхос метавонанд, дар ҳама қишрҳои ҷомеа ва ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бошанд. Дар навбати худ, таассубро метавон ба чунин навъҳо ҷудо кард: таассуби фардӣ, қавмӣ, забонӣ, динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, маҳалгароӣ. 
– Тавре ишора кардед, таассуб метавонад дар тамоми қишрҳои ҷомеа ва соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ мушоҳида гардад ва бештар дар доираи тасаввуроти динӣ шакл гирифтааст. Оё таассуб хоси дин аст?
– Чуноне, ки маълум аст, пайравони ҳар кадом дин худро дар роҳи ҳақ шумурда, дигаронро дар роҳи ботил медонанд. Ҳатто дар дохили як дин пайравони мазҳабҳои гуногуне ҳастанд, ки дар доираи таассуботи динӣ гирифтор шуда, танҳо пайравӣ аз мазҳаби худро ҳақ дониста, пайравӣ аз мазҳаби дигарро ботил мешуморанд. Ин буд, ки дар тули таърих ин тарзи тафаккур ва таълимот, омили асосии сар задани ҷангу низоъҳои динӣ мазҳабӣ гардида, боиси таназзули ҷомеаҳо гардида буд. 
Масалан, дар доираи таълимоти ислом, мазоҳибу гурӯҳҳои гуногун, ки аз назари эътиқодӣ тафовут доранд шакл гирифта, дар бисёр маврид бо сабаби таассуботи мазҳабӣ ва гурӯҳияшон даргири ҳам шуданд ва имрӯз ҳам ин раванд идома дорад.
 
Ислом дар ибтидои пайдоишаш бо хеле аз аъмоли даврони ҷоҳилияти араб, ки бо таассуб омезиш ёфта буд, мубориза бурд. Паёмбари ислом дар ҳадисе гуфтааст: «Ҳар касе, ки мардумро ба таассуб даъват кунад, аз мо нест. Ҳар касе, ки ба хотири таассуб биҷангад, аз мо нест. Ҳар касе, ки бо таассуб бимирад, аз мо нест». Вале дар тули таърихи ислом руҳониёни мутаассиби зиёде буданд, ки дар асоси таассуботи қавмию динӣ ва мазҳабии худ амал  намуда, аҳли илму фарҳангро маҳкум намуда, боиси пайдоиш ва ташаккули мафкураи ифротӣ гардидаанд.
Имрӯз ҳам ин ҳолат дар ҷаҳони ислом, аз ҷумла  дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, ки бо таъсири таълимоти мубаллиғон дар доираи таълимоти ислом гурӯҳҳои иртиҷоӣ, экстремистӣ-террористӣ шакл гирифта, хатари ҷиддӣ барои башарият ба бор овардааст. 
Пешвои миллат, бо дарки амиқи масъала, дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар зикр намуданд: «Бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад. Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд».
Ҳаминро дарк намуда, Ҳукумати мамлакат, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардумро ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан таълимоти мазҳаби аҷдодӣ, ҳамаҷониба ошно намуд. Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуданд.
Аз ибтикори муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба тоҷикӣ гардондану бо теъдоди зиёд нашр намуда, дар байни мардум ба таври ройгон паҳн намудани китоби муқаддаси Қуръон ин буд, ки мардум худашон хондаву чи будани дини мубини исломро дарк кунанд ва ба таассубу хурофот гирифтор нашаванд.
 
– Агар   таассубгароиро як марази бисёр хатарнок бар ҷомеаҳо маънидод кунем, пас бояд иқрор шавем, ки дармони ин мараз низ кори осон нест. Чуноне ки мушоҳида мешавад, ҳеҷ як шахси мутаассиб худро мутаассиб намедонад ва ин хислатро дар вуҷуди дигарон ҷустуҷӯ мекунад. Пас роҳи дармони ин беморӣ дар чист? 
– Аз сабаби он, ки омили асосии сар задани таассубу хурофот дар ҷомеа ҷаҳлу нодонӣ аст, яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо ин зуҳурот боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва ташаккули маърифати илмӣ дар шуури ҷомеа мебошад. Бояд, пеш аз ҳама, падару модарон, омӯзгорон, зиёиён, ниҳодҳои дахлдор дар таълиму тарбия ва дар умум тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон дар самти ташаккули маънавиёти солим тадбирҳои созанда андешанд. Зеро ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар шуури одамон боиси боло рафтани огоҳии онҳо гардида, барои шинохти ҳақиқат ва раҳоии одамон аз ҳар гуна таассубу хурофот мусоидат мекунад.
Роҳҳои дигари мубориза ба ин падидаро метавон ба ташаккули худшиносӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, огоҳ шудан аз моҳияти таълимоти бузургону шахсиятҳои бонуфузи илмию адабии гузаштагонамон марбут донист. Зеро тавассути огоҳӣ аз таълимоти инсонпарваронаву башардӯстонаи бузургони илму адаб, маънавиёти ҷомеа ташаккул ёфта, ҳисси таҳаммулгароӣ дар вуҷуди шахс пайдо мегардад. Ташаккули мафкураи таҳаммулгароӣ бошад, яке аз роҳҳои муассир дар мубориза ба таассубу таассубкорӣ аст.   
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2024 №: 100
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив