ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАМОЛ НАСРУЛЛО – МЕҲМОНИ «ҶУМҲУРИЯТ»

КАМОЛ НАСРУЛЛО – МЕҲМОНИ «ҶУМҲУРИЯТ»

15 март 2023, Чоршанбе
57
0

 Ин бор меҳмони навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» Камол Насрулло, адиб ва рӯзноманигор, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буданд. Вохӯриро Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири ин нашрия,  ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Камол Насрулло на танҳо аз шоирони шинохта ва маҳбуби кишваранд,  балки  дар  ҷодаи  рӯзноманигорӣ  низ,  фаъолияти чашмрас доштанду доранд. Аз нашри як китоби шеър то нашри дигари он ҳамеша пеш рафтанд ва имрӯз дар қуллаи баланди эҷоду камолотанд.
Муҳимтар аз ҳама, на танҳо сермаҳсуланд, балки навиштаҳояшон, масъалагузориҳояшон ба хотири ҳувияти миллӣ, ҳифзу гиромидошти Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллианд.
Ҳамзамон, ӯ бо ин нашрия, яъне Нашрияи расмии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият», иртиботи қавӣ доранд. Саъй ба харҷ медиҳанд, то навиштаҳояшон нахуст дар ин рӯзномаи бонуфуз ба табъ расанд ва дастраси хонандагони сершумори он гарданд.
Суҳбат бо ин шахсияти маъруф самимӣ ва дар фазои озод перомуни саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлати тоҷикон, рушду тараққиёти кишвари маҳбубамон, таваҷҷуҳашон ба адабиёти миллӣ, муаррифии бештару беҳтарашон дар арсаи дунё буд. Аз ҷумла, зимни суҳбат изҳор доштанд: «Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки миллати мо баъд аз асрҳо соҳиби Ватани худ гардид, бо тақозои ҳадафҳои волои миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон, ягонагиву ваҳдати миллӣ рисолати шоир ва суханвар, бидуни ягон шубҳа, гузоштани саҳми боризи худ дар ин бунёдкориҳои навин ба манфиати халқу кишвари хеш аст. Шоири асил, фарзанди асил наметавонад ҷудо аз армонҳои миллии халқи худ зиндагӣ кунад». Адабиёти бузурги мо ҳамеша ба манфиати миллат, рушди илму фарҳангу маърифати воло ва забони модарӣ хидмат кардааст ва имрӯз ҳам ҳамин рисолати волои худро идома медиҳад, то саҳми арзандаи худро дар Тоҷикистони навин гузорад».
Камол Насрулло дар охир изҳор доштанд, ки ба қадри неъмати истиқлол, ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ, заҳмату ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд бирасем ва дар ободонии кишвар, муаррифии миллату адабиёти он саҳми назаррас бигирем.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

P.S. Фишурдаи суҳбат дар шумораи ояндаи рӯзнома ба табъ мерасад ва шакли пурраи он ба воситаи ютуб – канали «Ҷумҳурият» намоиш дода мешавад.

Санаи нашр: 14.03.2023 №: 55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив