ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАРЁИ ПАНҶ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

ДАРЁИ ПАНҶ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

15 март 2023, Чоршанбе
95
0

 
Бисёре аз кӯлҳои Тоҷикистон дар натиҷаи офати табиӣ ба вуҷуд омадаанд. Калонтарин  ва  куҳансолтарин  кӯл дар кишвар, ки  баъди заминҷунбии калон ба вуҷуд омадааст, Зоркӯл мебошад. Он дар баландии  беш аз 4000 метр аз сатҳи баҳр, дар сарҳади Афғонистон, водии Вахони Ишкошим  ҷой гирифта, аз он дарёи Помир – як шохаи дарёи Панҷ ҷорӣ мешавад. Яшилкӯл бошад, аз Зоркӯл ҷавонтар буда, аз он дарёи Ғунд – як шохаи дигари Панҷ об мехӯрад. Айни ҳол  Яшилкӯл дар фасли сармо ва мавсими  камобӣ  Неругоҳи барқи обии  “Помир-1”-ро, ки дар дарёи Ғунд сохта шудааст, бо об таъмин мекунад.

Бинобар иттилои мутахассисони соҳа, дар заминаи дарёи Панҷ  кӯлҳои дигаре низ,  ба вуҷуд омада буданд, ки баъдтар боз дар натиҷаи заминҷунбӣ ва ё ягон офати табиии дигар аз байн рафтаанд. Дар ноҳияи Ишкошим поёнтар аз деҳаи Зонг кӯли калоне  вуҷуд дошт, ки кӯҳҳои ду тарафаш соҳилҳои онро ташкил медоданд. Дар ноҳияи Рӯшон байни  Қалъаи Вамар ва  деҳаи  Хидз кӯли дигари калоне  доман паҳн карда будааст. Имрӯз ин кӯлҳо вуҷуд надоранд, бо мурури замон, дар пайи ягон ҳодисаи табиӣ рахна шуда, ба ҷойи онҳо деҳоти нав пайдо гаштаанд.
Аммо кӯли Сарез ҳоло хеле ҷавон аст. Ҳамагӣ 112 сол пушти сар намудааст. Вақте ки  аввалин таҳқиқкунандаи геологияи Помир Д. Л. Иванов ба ин тарафҳо омада буд, аз кӯли  Сарез ҳоло дарак набуд. Олим соли 1883  лаб-лаби дарёи  Мурғоб саёҳат карда, ба саргаҳи водии Бартанг расид. Ӯ баъди саёҳат дар ин  водии дурдасти афсонавӣ пайроҳаҳои мушкилгузари водӣ, найзорони он ва шаршараҳои шохобҳои дарёи кӯҳиро тасвир карда, ҳеҷ тасаввур намекард, ки дар ояндаи на чандон  дур ин мавзеъро оби ҳамин дарё зер карда, як кӯли азимеро ба вуҷуд меорад. Ӯ деҳаҳои Усой, Сарез, Рухч, Савноб, Пасору Нисорро саросар  гашта,  манзараҳои дилфиреб ва шароити вазнини будубош дар водиро ба қалами тасвир кашид, бехабар аз он ки  ба гуфтаи  П.Лукнитский,  “дар зери кӯли чуқури оянда  саёҳат мекунад”.  Расо баъди 28 сол, 18 феврали соли 1911, соати ёздаҳу 15 дақиқаи  шаб заминҷунбии азиме рух дод, ки тамоми  минтақаи Помир ва Афғонистонро ба ларза даровард. Ин заминҷунбӣ харитаи географӣ ва иқлими минтақаро ба таври худ таҳрир кард: дар натиҷаи офати табиӣ кӯҳи азиме  болои деҳаи Усой афтода, маҷрои дарёи Мурғобро баст. Тавре сардори отряди Помир подполковник Муханов 22 марти ҳамон сол, яъне 45 рӯз баъд аз заминҷунбӣ ба генерал-губернатори  вилояти Фарғона гузориш додааст,  деҳа бо панҷоҳу ҳафт хонавода  ва хонаҳои сангину ҳайвоноти лоғар, заминҳои майда-майдаи зери ғаллаву ботлоқаш зери  тӯдаи калони ҷинсҳои кӯҳӣ, ки 700-800 метр баландӣ ва 8 километр паҳноӣ дошт, монд. Аз сокинони он фақат 1 мӯйсафед ва 2 писарбача зинда монданд, ки он шаб ба аёдати хешовандонашон ба деҳаи ҳамсоя рафта буданд. Дар умум, 105 сокини деҳоти гирду атрофи Усой ҳалок гардидааст. Деҳаҳои  Рухч, Савноб, Пасор ва Нисор ҳам,  зарар диданд. Ҳатто дар Қаракӯли дурдаст ҳам аз шиддати заминҷунбӣ  қабати пирях кафид.  Дар гузориш,  ҳамчунин, хабар дода шудааст, ки дарёи Мурғоб бинобар надоштани роҳи резиш аз миёни тӯдаи кӯҳпора ба паҳлуҳо васеъ гардида, таҳдиди зер кардани деҳаи Сарезро дорад. Бинобар ин, сокинони деҳа аз оғози киштукор худдорӣ намуда, ночор як қисми ночизи молу ҳолашонро гирифта, деҳаро тарк карданд. Қисми зиёди муҳоҷирони экологӣ ба водии Ғунд, ба деҳаи  Бадчор кӯч бастанд. Дар солҳои 50-уми асри пеш иддае аз ин хоҷагиҳо ба водии Вахш муҳоҷир шуданд. 
Гарчанде 31 марти он сол штабс-капитан Заимкин ҳамроҳи фелдшери постгоҳи Помир қад-қадди дарёи Мурғоб барои омӯхтани оқибати заминларза ба ҷониби Бартанг сафар намуда бошанд ҳам, вале то ҷои офат расида натавонистанд. Зеро сари пайроҳаҳои кӯҳӣ  сангчарху сел ва тармаҳои зиёд фаромада, онро вайрон ва комилан касногузар карда буданд. Фақат тоҷикони чолоки кӯҳистонӣ аз ин пайроҳаҳо гузашта, аз ҳолу аҳволи мардум ба штабс-капитан Заимкин хабар меоварданд. Мувофиқи маълумоти онҳо, ба ғайр аз деҳаи Усой аз заминларза боз 4 деҳаи дигар бо 50 хоҷагӣ пурра ба хок яксон гардидааст. 
Аввалин экспедитсия барои омӯхтани оқибатҳои заминларза ва ҳолати кӯли Сарез, ки номашро аз номи қишлоқи зернамуда ба худ гирифт, фақат баъд аз 2,5 соли воқеа, тирамоҳи соли 1913 маҳз бо роҳбарии сардори ондавраи отряди Помир подполковник Григорий Андреевич Шпилко фиристода мешавад. 
Г. А. Шпилко дар маълумотномааш аз моҳи октябри ҳамон сол  менависад, ки «дар макони ҳодиса кӯле ба вуҷуд омадааст, ки аз чаҳор тараф бо кӯҳҳо иҳота шуда, роҳи баромад надорад. Дарозии он ба 26 вёрст (49 километр), паҳноиаш 13,4 вёрст (25,46 километр) расидааст. Чуқурии он дар бари бандари Усой  ба 131 сажен (179,5 метр)  мерасад. 
Соҳилҳои кӯл пурра аз кӯҳҳои кашоласанг ва нишебиҳои ҷарӣ иборат буда, интихоби ҷой барои бунёди ӯрдугоҳи экспедитсия ва шино кардан дар кӯл мушкилот ва хатар эҷод менамуданд». 
Аз маълумотномаи ӯ бармеояд, ки бо гузашти 2,5 сол баъд аз фоҷиа низ, болои кӯл олоти рӯзгори мардум, тағора, дару чӯбу тахта ва шоху решаи кандашудаи дарахтон шино доштанд. Дар халиҷҳои хурди Мурғоб, Марҷаной ва Лангар саршохи сабзи дарахтони ғарқшуда намудор буд.  
Ҳамин тариқ,  Г. А. Шпилко  вазъи кӯли Сарезро омӯхта, чунин хулоса намудааст: «Ба ақидаи ман, кӯли Сарез ин бандари табииро рахна карда наметавонад. Айни ҳол қисми оби он тариқи сӯрохиҳои таги бандар баромада, бо васеъ шуданашон ҳаҷми резиши об бештар хоҳад шуд. Батадриҷ баромадани об имкон медиҳад, ки дар сурати зиёд шудани сатҳи оби дарёи Бартанг аҳолии деҳоти соҳили он аз рух додани офат пештар огоҳӣ  ёбанд…».
Маълумотномаҳои дигар  оид ба пайдоиши кӯли Сарез  танҳо баъди ин гузориши  Г. А. Шпилко  интишор  ва паҳн гардидаанд. То соли 1932 тадқиқотчиёни зиёди шуравӣ барои омӯзиши вазъи кӯл ба ин ҷо омада буданд, вале  ба онҳо ягон кашфиёти муҳимтаре даст надод, харсангҳои бузургҷусса, ки  соҳили кӯлро иҳота карда буданд, дар баъзе ҷойҳо   то 2500 метр баландӣ  дошта, намегузоштанд, ки тадқиқотчиён ба кӯл наздик шаванд. Экспедитсияи  Афанасев, ки аз Москва  барои  омӯзиши  кӯл фиристода шуда буд, ноком баргашт. Соли 1931 баъди ин нокомии тадқиқотчиён экспедитсияи  Г. Л. Юдин  аз Ленинград як кемача (қаиқ) овард, вале ҷиҳати мушкилоти роҳ  ба  Сарез баровардани  он муяссар нагардид. Танҳо баъди як сол экспедитсия бо қаиқи  варзишӣ тавонист дар сар то сари кӯл шино намояд. Худи ҳамон сол дар ин ҷо экспедитсияи комплексии  Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд. То он вақт дарозии кӯл ба 60 километр расида буд. Соли 1936 дар назди  кӯл, дар қишлоқи Ирхт стансияи гидрометеорологӣ ба кор оғоз кард. Имрӯз дар ин ҷо стансияи гидрометеорологии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои тадқиқотии муосир фаъолияти шабонарӯзӣ дорад.
Ҳар се кӯли Помир  дар  ҷойе мавқеъ гирифтаанд, ки қисми шарқии онро аз  ғарбиаш ҷудо мекунад  ва дарёҳои аз онҳо сарчашмагирифта ба дарёи Панҷ мерезанд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.03.2023 №: 55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив