ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЙ.  МОҲИ ДУВОЗДАҲУМ БО ҲАРОРАТИ РЕКОРДӢ

МАЙ.  МОҲИ ДУВОЗДАҲУМ БО ҲАРОРАТИ РЕКОРДӢ

10 июн 2024, Душанбе
21
0
 
Коршиносони Хадамоти тағйир-ёбии иқлим “Коперник” гуфтаанд, ки моҳи майи соли 2024 гармтарин моҳи рекордӣ ва 12-ум моҳи пайиҳам бо гармии рекордӣ буд. Вале коршиносони Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунанд, ки Эл-Нино дар тобистони соли ҷорӣ бо падидаи сардтари уқёнусӣ – Ла Нина иваз мешавад.
Мувофиқи мониторинги иқлими Иттиҳоди Аврупо, моҳи гузашта ҳарорати миёнаи ҷаҳон нисбат ба солҳои 1850 ва 1900, пеш аз ташаккули саноат, 1,52 дараҷа, дар тули 12 моҳ пайиҳам аз ҳарвақта гармтар ва ҳарорати миёнаи ҳаво дар рӯи Замин аз 0,65°C нисбат ба солҳои 1991 то 2020 баландтар буд.
Карло Буонтемпо, директори Хадамоти тағйирёбии иқлими “Коперник” гуфтааст: "Ҳарчанд силсилаи моҳҳои бо гармии рекордӣ дар ниҳоят ба поён мерасад, аммо тамоюли умумии тағйирёбии иқлим идома дорад”.
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO), уқёнусҳои атрофи Аврупо баландтарин ҳарорати миёнаи сатҳи баҳрро дар соли 2023 эҳсос карданд. Аз моҳи июли соли гузашта падидаи Эл-Нино ба болоравии ҳарорати ҳаво дар ҷаҳон боис гардид, аммо олимон таъкид кардаанд, ки сабаби аслии гармшавии ҷаҳон сунъӣ низ ҳаст. WMO мегӯяд, ки Эл-Нино дар солҳои 2023-2024 аломатҳои хотима доданро нишон медиҳад ва метавонад дар даҳаи аввали моҳи июн ҷояшро ба Ла Нина диҳад. Ин падида ба сардтар шудани ҳарорати сатҳи миёна дар уқёнус мусоидат мекунад. Сардшавӣ бо тағйирот дар гардиши ҳавои тропикӣ, аз ҷумла дар шакли шамол, фишори барометрӣ ва боришот, ҳамроҳ мешавад.
Гузариш аз марҳалаи гарми Эл-Нино ба марҳалаи бетараф ё сардтари Ла Нина ба ҳисоби миёна ҳар 3-5 сол рух медиҳад. Бо вуҷуди ин, гузариш ба тағйирёбии тамоюли кунунии гармшавии глобалӣ ишора намекунад.
"Ҳар моҳ – аз моҳи июни соли 2023 рекорди нави ҳарорат ба қайд гирифта шуда, соли 2023 гармтарин сол дар тамоми давраи мушоҳида хоҳад буд, – гуфтааст муовини Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорологӣ Ко Баррет. – Анҷоми Эл-Нино маънои таваққуф дар тағйирёбии иқлимро надорад. Сайёраи мо аз ҳисоби газҳои гулхонаӣ гарм шуданро идома хоҳад дод".
Тибқи гузориши нави Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO), эҳтимоли 80 дарсад вуҷуд дорад, ки ҳарорати миёнаи солонаи ҷаҳон муваққатан аз сатҳи пеш аз ташаккули саноат 1,5 дараҷа боло меравад.
“Ин бояд ба инсоният нишон диҳад, ки мо ба маҳдудиятҳое, ки Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим муқаррар кардааст, наздик шуда истодаем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз имкон дорад, ин тамоюлро боз ва гармшавии дарозмуддатро дар ҳудуди 1,5 дараҷа нигоҳ дорад”, – омадааст дар гузориши СММ.
Дар гузориши WMO омадааст, ки ҳарорати миёнаи сатҳи ҷаҳон барои ҳар сол байни солҳои 2024 ва 2028 аз 1,1°С то 1,9°С болотар аз сатҳи ибтидоии солҳои 1850-1900 пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, 86 дарсад имконият ҳаст, ки ҳадди ақал яке аз ин солҳо рекорди нави ҳарорат гузошта шуда, рекорди соли 2023-ро, ки ҳоло гармтарин сол маҳсуб мешавад, шикаст диҳад.
"Дар паси ин омор воқеияти даҳшатовар аст. Мо дар расидан ба ҳадафҳое, ки дар Созишномаи Париж муқаррар шудаанд, хеле қафо мондаем, – иброз намудааст Ко Баррет. – Мо бояд ба таври фаврӣ барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ чора андешем ва ё бо нархи боз ҳам бештар, дар ҳаҷмии триллионҳо доллар барои хароҷоти иқтисодӣ, дучор шудан ба боду ҳавои шадид ва хисороти назаррас ба муҳити зист ва гуногунии биологӣ омода бошем".
 
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 106
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив