ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮРИ ХУДУ БИНОИ МАРДУМ Ё ЯК ВОКУНИШИ ШОИСТАИ ШАФЕИ АЙЁР БА ИҒВОАНГЕЗОН

КӮРИ ХУДУ БИНОИ МАРДУМ Ё ЯК ВОКУНИШИ ШОИСТАИ ШАФЕИ АЙЁР БА ИҒВОАНГЕЗОН

14 июн 2024, Ҷумъа
25
0
Се сол мешавад, ки “Фонус – минбари андеша” ҳамчун студияи сабти барномаҳои таҳлилӣ дар назди Маркази навтаъсиси кор бо шабакаҳои иҷтимоии рӯзномаи "Ҷумҳурият" амал мекунад. Аз ин ба баъд он дар шакли чопӣ низ ҳамчун як минбари андешаҳои солим алайҳи ҳадафҳои ғаразноки бадхоҳони миллат фаъол хоҳад буд. Бигзор, ин “Фонус...” дар рӯшании мағзҳо ва ангезаи андешаҳои миллӣ хидмат намояд.
Суҳбати видеоии чанд муллонамои Афғонистонро тамошо кардаму масали машҳуре ба ёдам омад: «Кӯри худу бинои мардум». Дар ҳақиқат, ин чанд марде, ки бо намояндагӣ аз он сӯи Ому ба ин ҷониб маъвизахонӣ мекунанд, ба ҷои он ки худ ислоҳ шаванд, мехоҳанд моро низ ба чоҳи ҷаҳолат афтода бубинанд. Ҳамин аст, ки наворҳои паҳнкардаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо танаффур ва дареғ пазируфта шуд. Мардуми одӣ ҳам аз шеваи суханрониҳо бӯи ҷанг, хун ва тиру борутро ҳис карданд. Ин ҷо овардани вокуниши чанд афғонистониҳои дохилу хориҷи кишвар басанда аст, то бепоя будани афкори онҳо собит шавад.
Яке аз онҳо блогер, сиёсатшинос ва фаъоли иҷтимоии Афғонистон Шафеи Айёр аст, ки борҳо ба Тоҷикистон омада, чанд навори хубе гузошт ва фазои осудаи кишвари моро сутуд. 
Ӯ дар ҷашну тараби Наврӯзи шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок карда, гуфта буд: “Офарини Тоҷикистон бо чунин Роҳбар! Хушиву зебоӣ эҷод карда, фарҳанг кишт карда ва гулҳои рангини оромию шодӣ аз ӯ сар зада, бо мардуми худ мерақсад, дар хушии мардум ҳисса мегузорад».
Шафеи Айёр,  алорағми наворҳои ғаразноки баъзе муллотарошҳо, се рӯз пеш чунин изҳори назар кард: «Ба ҳамин муллоҳо саволе дорам. Дар 45 соли охир барои кишвари худ чӣ кардӣ, ки мехоҳӣ ҳамаро алайҳи Тоҷикистон бишӯронӣ? Тоҷикистон ҳама чиз дорад: зироат, барқ ва зиндагии хуб. Ҳатто, муллоҳояш ҳам лавдану ғул нестанд, бо оромӣ суҳбат мекунанд. Тоҷикистон чӣ надорад, ки ту дорӣ? Даъво доред, ки Тоҷикистон аз роҳи ислом баромадаст? Ту мехоҳӣ бо баҳонаи ислом ҳамаро ба чоҳи ҷаҳолат кашӣ? Дар Тоҷикистон занҳо ҳам сатру ҳиҷоби махсус доранд. Ҳамон колоҳои қадимии худро, ки пеш аз арабҳо ба сар меандохтанд, доранд. Колои қадимии онҳо аз ҳиҷоби ману ту калонтар аст ва маҷбур нест, ки колои сиёҳи бегона пӯшад, ҳоҷат нест, ки биравӣ он ҷо ва бигӯӣ, ки фарҳанг ёд бигир, онҳо фарҳанги худро доранд. Ба кори Тоҷикистон ғараз нагир!».
Ҷавони дигари Афғонистон дар вокуниш ба суҳбати Мавлавӣ Абдулқадири Тахорӣ, ки мехоҳад бо куфр «муборизаи беамон» барад, ҷавоби дандоншикане медиҳад, ки барои андешидан аст: «Эй мулло, аз куфру аз кофирон мегӯӣ. Чаро солҳо кишвар дар дасти «кофирон» буд, ҷиҳод эълон накардӣ? Дилу гурда надоштӣ, ки бархезӣ! Чаро имрӯз ба чор сӯ ҷор мезанӣ, ки он «кофирон»-и ту таъназада туро ба расмият бишносанд? Ҳама чизи сохтаву ихтироъкардаи онҳо ширин асту худаш бад? Ростӣ, ин шумоед, ки дили мардумро ба дин бад кардед, шумо сирф барои бадномии дин омадед!».
Дар суҳбати Шафеи Айёр, ки дар ютубканали ҳамноми ӯ ҷараён гирифт ва 1 соату 47 дақиқаро ташкил дод, чандин касон аз Тоҷикистону Афғонистон мустақиман занг заданду андешаҳояшонро иброз доштанд. Ҳамаи онҳо ба як овоз ба ҷиҳод хондани Тоҷикистонро пешниҳоди бебунёд ва пурғараз арзёбӣ карданд. 
Навори Айёр то ҳол 60 ҳазор тамошо дорад, дар шабакаи фейсбукӣ низ паҳн гардид ва аз шарҳҳои ба он иловашуда маълум аст, ки мардум худшиносу соҳибандешаанд. Суроғаи электронии барномаи ӯ дар ин ҷост: https://www.youtube.com/watch?v=5ksaQLPSfUs.
Вале, мутаассифона, дар байни онҳо ҳастанд касоне, ки ҳанӯз дар такя ба афкори ботили “дифоъ аз ислом”, “ҷанг бо кофирон”, “ҷиҳод ҳатмист”, “зан дар паси пардаҳо бошад” пуштибонии худро аз навору даъватҳои носазои мулломаобҳо нишон доданд.
Дар ҳоле ки мо барои расидан ба чунин рӯз, ба ин фазои озоду озода хуни фаровон рехтем ва шаҳиди бешумор додем. Ёдамон ҳаст, ки барои аз сар бадар кардани фаранҷӣ чи қадар модарону азизони мо ҷон бохтанд. Чи қадар занони ҷасури мо ба хотири баробарҳуқуқӣ бо мардҳо талош варзида, қурбони роҳи адолат шуданд.
Имрӯз баъзеҳо мехоҳанд он ҳама ҷонфидоиву азхудгузаштагиро пушти по зананд ва аз нав моро ба асрҳои XVIII-XIX баргардонанд. Ба рӯи духтарони мо дару дарвозаҳои мактабу коргоҳҳо баста шавад ва зан ба канизак табдил ёбад. 
Айёр дар як бахши суҳбаташ аз кишварҳои арабӣ мисол оварда, бо муқоиса ҳарфи ангезанда мегӯяд: “Тоҷикистонро бимон як сӯ, ба кишварҳои арабӣ нигар. Ба он ҷое нигар, ки маркази ислом ва ҷои пайдоиши он будааст. Онҳо (арабҳо) солҳои охир барои занҳо озодиҳо доданд. Хонумҳо мошин меронанд, ба тарабхонаҳо мераванд, дар озмунҳои тарроҳиву муд иштирок мекунанд, либосҳои озодтар ба бар мекунанд. Дунё рӯ ба тағйирот овардааст. Шумо дар ғафлатед”.
Воқеан ҳам, агар ҳар кас чашми бинову ақли солим дорад, бояд аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон ибрат бигирад. Имрӯз зиракии сиёсӣ аз ҳар вақт дида бештар зарур ва ҳатмист. Танҳо ёд овардани моддаи 8-и Конститутсияи Тоҷикистон бас аст, ки бидонем: “Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”.
Ин ба он маъност, ки чанд ба ном руҳонии иғвоангез ва тарафдори онҳо ҳаргиз наметавонанд ба мо роҳ нишон диҳанд. Дар ин ҷода мо ҳам масъулем ва бояд нагузорем, ки онҳо аз берун истода бароямон мафкура созанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.06.2024 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив