ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДӮСТИ МАН САРМУҲАРРИР БУД

ДӮСТИ МАН САРМУҲАРРИР БУД

16 март 2023, Панҷшанбе
51
0


– Дар мавриди хабарнигори вилоятӣ интихобамон дуруст будааст, – бо як хушҳолӣ ба кормандон арз намуд сармуҳаррир Муродулло Шерализода. – Сафари шаҳри Кӯлоб, вохӯрӣ бо хонандагони рӯзнома хеле олиҷаноб сурат гирифт. Мардум фаъол буд, чӣ қадар пурсишҳо ба миён омаданд, мулоқоти дусоата чор соат идома ёфт, аммо касе дилгир нашуд, ҳама мехост ба суолаш ҷавоб гирад. Рӯзномаи навтаъсиси «Садои мардум» дар Кӯлоб муштариёни зиёде доштааст, аз соли оянда обуначиёнаш боз сад дарсад боло хоҳад рафт. 
Ҷаласаи назди сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ҳамин тавр оғоз гардид. Аз он ки вохӯрии ҳайати эҷодии ҷарида бо хонандагонаш дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати фаъоли мардум, махсусан ҷавонон, дар як вазъи самимонаю баҳсу талошҳо анҷом пазируфтааст, ҳама шод буданд. Вале барои ман хабарнигори навамон Бобоҷон Абдулвоҳидов, «ҷӯраи дерина» буд. Соли 1970 ҳамроҳ ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шудем, ду сол якҷоя хондем. Вақте ки курси дуюмро ба охир расондем, зиёда аз 100 нафар филологҳо ва як гурӯҳи журналистону шарқшиносон ба ноҳияи Файзобод ба шевашиносӣ рафтем. Ана дар ҳамин таҷрибаомӯзӣ бештар ҳамдигарро омӯхтем. 
Рӯзе дар доманаи тале бо гурӯҳи духтарони алафдарав вохӯрдем. Ҷавонӣ доштему дил аз тамошои табиати биҳиштосои Файзобод дар фараҳ буд. Бо даравгарон ба гап даромадем. Эҳ, ин духтарҳои файзободӣ чунон шӯху ҳозирҷавоб будаанд, ки дар як лаҳза одамони худӣ шудем, мисли бародару хоҳар. 
– Ку, бачаҳо, досҳоро аз дасти хоҳарон гирему каме алаф бидаравем, – аз байнамон садо баровард Бобоҷон, – инҳо каме дам гиранд. 
Мо, ҷавонмардон, нею нестон накардем, қариб ҳамаамон аз деҳот будему аз уҳдаи алафдаравӣ мебаромадем. Соате пас, гулдухтарон дар сар дастархони пурнону кулча, дар даст сатилҳои пурғизо хиромон омаданд. Дастҳоро дар оби чашма шуста, гирди дастархон нишастем. Баъди заҳмат аҷаб лаззати гуворое дошт, нони гандумӣ. 
Баъди бозгашт Бобоҷон таассуроташро аз таҷрибаомӯзӣ дар Файзобод, алафдаравӣ ва дигар корҳои шоистаи анҷомдодаи ҳамсабақон навишт. 
Инак, ӯ бо мост, бо хабарнигорони рӯзномаи парлумони Тоҷикистон «Садои мардум». Аз ҳафтаҳои нахуст бо навиштаҳояш обрӯ ёфт. Мунтазам аз вилоят мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ ва навидҳояш ба нашр мерасиданд. Дар «Садои мардум» журналистони шинохтаву машҳур Мирзомаҳмуд Мирбобозода, Бахтиёр Муртазоев, Фотеҳ Абдуллоҳи Ардамеҳр, Қироншоҳи Шарифзода, Шарифи Ҳамдампур, Додоҷон Раҷабӣ, Умриқул Ҳақбердиев, Ғанӣ Ҷӯразода, Раҳими Бобоҷон, Марямбонуи Фарғонӣ, аз ҷавонон Акбари Саттор, Абдуғаффор Мирзозода, Мардони Муҳаммад, Мардони Мавлон, Тиллои Некқадам, Муҳаммадшарифи Бобошоҳзода, Мухтор Боқизода ва чанде дигар кор мекарданд ва Бобоҷон тавонист дар як муддати муайян дар сафи онҳо ҷой бигирад. 
Дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, Бобоҷон Абдулвоҳидов бо ҳамроҳии гурӯҳи вакилони вилояти Кӯлоб омад ва аз рафти Иҷлосия чандин матлаб навишт, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» ба нашр расиданд. Дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ Мирзомаҳмуд Мирбобозода сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» таъин гардид. Баъди бозгашт аз шаҳри Хуҷанд Бобоҷон Абдулвоҳидов муовини якуми сармуҳаррир, Бахтиёр Муртазоев муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» таъин гаштанд. Ҳамин тавр, фаъолияти рӯзнома баҳри мустаҳкам гардидани сулҳ, пойдории ваҳдати миллӣ, тарғибу ташвиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт. 
Фаъолияти эҷодӣ ва ҳам ташкилотчигии Бобоҷон Абдулвоҳидов баъди сармуҳаррири «Садои мардум» таъин гаштанаш бештар рушд кард. Вай тавонист чопи компютерии рӯзномаро ба роҳ монад. Аввал барои ҳуруфчинон, кормандони котибот, саҳифабандон компютеру принтерҳо ва дигар таҷҳизот харид. Суратгири рӯзнома Аҳлиддини Исо бо дастгоҳи навтарини аксбардорӣ таъмин гашт. Рӯзнома дар байни нашрияҳои расмӣ, ҳукуматӣ ва шахсию соҳавӣ хеле машҳур буд. Хонандагони зиёде дошт. Олимону нависандагон, шоирону публитсистон мекӯшиданд, ки мақолаҳояшон маҳз дар рӯзномаи «Садои мардум» ба нашр бирасад. Ҳоло ҳафта сар нашуда, аллакай, барои шумораҳои оянда мақолаҳо омода мешуданд. Рӯз ба рӯз обрӯи рӯзнома боло мерафт. Даҳсолагии «Садои мардум» дар сатҳи ниҳоят баланд таҷлил гардид, ки дар ин корҳо, албатта, саҳми Бобоҷон Абдулвоҳидов ҳамчун сармуҳаррир назаррас буд.   
Боре дар дафтари корӣ машғули таҳрири маводи хабарнигорон будам, ки марде куҳансол иҷозати даромадан кард. Аз ҷой бархоста пешвозаш гирифтам. Баъди пурсупос, гуфт:
– Ман Ҳисомиддинов, собиқ котиби якуми вилояти Кӯлоб, ба назди Бобоҷон Абдулвоҳидов омада будам. Банд будааст, аз ин рӯ, назди шумо омадам, ки гапи ба вай мегуфтаамро ба шумо гӯям. Ман Бобоҷонро ҳамчун хабарнигори рӯзнома бисёр эҳтиром мекардам ва ҳоло ҳам эҳтиром дорам. Бисёр ҷавони қобил буд. Ҳамроҳ ба назди деҳқонон мерафтем. Ба кӯҳҳо мебаромадем. Ҳаёти инсони заҳматкашро бисёр хуб медонист, дар навиштаҳояш нағз тасвир мекард. Лавҳаву очеркҳои зиёд менавишт. Чандин бор бо мукофотҳо сарфароз гардондем. Имрӯз ҳам мақолаҳояшро мехонам. Акнун, ки сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» шудааст, кораш бисёр, аминам, ки таҷрибаи дар рӯзномаҳои вилоятӣ андӯхтааш дар фаъолияти роҳбариаш ёрӣ мерасонад. 
Воқеан ҳам чунин шуд. Рӯзномаи «Садои мардум» дар солҳои роҳбарии Бобоҷон Абдулвоҳидов чун дар давраи сармуҳарририи Муродулло Шерализода ва Мирзомаҳмуд Мирбобозода нашрияи серхонандаву серталаб боқӣ монд. 
Имрӯз Бобоҷон Абдулвоҳидов, ки аз рӯзи мавлудаш 70 сол сипарӣ гашт, дар байни мо нест, вале ёдаш ҳамеша бо мост. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.03.2023 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив