ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЗОВОРИ БОВАРӢ МОНД

САЗОВОРИ БОВАРӢ МОНД

14 июн 2024, Ҷумъа
37
0
Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо ба таърих ва сарнавишти роҳбариашон пайванди ногусастанӣ доранд. 
Дар арсаи таърих сиёсатмадорони зиёде меоянду мераванд. Аммо як зумраи ками онҳо ҳамчун ситораи дурахшон дар осмони таърихи халқу миллаташон абадан боқӣ мемонанд. Бо камоли ифтихор метавонем бигӯем, ки яке аз чунин абардмардони дунёи сиёсат зиндаёд Ҳомиддин Шарифов мебошад.  
Охири асри ХХ барои ҷомеаи Тоҷикистон марҳалае буд басо тақдирсоз. Зеро вазъи сиёсие, ки кишвари азизи тоҷиконро саросар фаро гирифта буд, ба сари мардум ноҷӯрӣ, хавфу хатари зиёд, парокандагӣ, ҳаҷр ва дурӣ аз ёру диёрро бор кард. Ҷомеа рӯди дамидаеро мемонд, ки мавҷҳояш пурталотуб буданд, тӯфон мекарданд, майли аз маҷро баромаданро доштанд. 
Дар чунин вазъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби кадрҳои роҳбарикунанда диққати махсус медоданд. Инсонро аз рӯи сурат шинохтан душвор аст. Нафароне буданд, ки пас аз гирифтани мансабе дар ин ё он вазорату кумита худро ҳокими мутлақ мепиндоштанд ва ба ҳар навъе ки мехостанд, амал карданӣ мешуданд. Аммо Роҳбари давлат ба чунин мансабдорон имконият надода, эшонро аз вазифа дур мекарданд. Дар ҳамон замон нафаре лозим буд, ки Вазорати корҳои дохилиро роҳбарӣ ва амнияту оромиро дар пойтахт ва атрофи он ба танзим дарорад.
Вазир бояд дорои хислатҳои ҳамида, тарғибкунандаи адлу инсоф, илму фарҳанг, сулҳу сафо, дӯстиву бародарӣ, иттиҳоди раият, покӣ, номи нек, ростӣ, олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ, ҷасорат, шикебоӣ, қавипай-монӣ бошад. Генерал – полковник  Ҳомиддин Шарифов дорои ҳамин арзишҳои роҳабриву инсонӣ буд. Ӯро замоне ба ин вазорати қудратӣ роҳбар таъин намуданд, ки миллат ҳанӯз захмҳои хуншор дошт.
Оромии мутлақ вуҷуд надошт ва террору ҷинояткорӣ дар авҷ буд. Дуздии моликияти ҷамъиятиву шахсӣ, куштор, ғорат, таҷовуз ва дигар ҷиноятҳо як кори маъмулӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳомиддин Шарифов дар кӯтоҳтарин муддат бо роҳнамоии Пешвои миллат вазъиятро дар вазорат омӯхтаву бо таҷрибаи бузурги хеш такя намуда, ба иҷрои вазифае, ки наздаш гузоштаанд, муваффақ шуд. Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хидматҳои шоёни ин фарзанди олиқадри миллати тоҷик арҷ гузоштаву 19-уми феврали соли 2003 эшонро ба яке аз олитарин мукофотҳои Ватан – ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II қадр намуданд. Аммо мукофоти беҳтарин ҳамоно боварии халқу Ватанро ба даст овардан аст, ки ба ин мукофот Ҳомиддин Шарифов солҳо боз ноил гардидааст. Некии инсонҳоро шумурдан амри халқ аст.
 
Иноят АДОЛАТОВ, 
устоди Академияи ВКД,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Санаи нашр: 14.06.2024 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив