ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

18 июн 2024, Сешанбе
2
0


16-уми июн суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Дар оғоз Сарвари давлат ва Сарвазири Покистон ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфтанд. Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва тамоми мардуми  бародари Покистони дӯст сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ хостанд. 
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимод ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти хосаи идомаи муколамаи байнидавлатии ҷонибҳоро таъкид сохтанд.
Дар ин замина, мавзуи боздиди расмии дарпешистодаи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар фарҷоми суҳбат мусоҳибон атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

Санаи нашр: 18.06.2024 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив