ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИЯТ.  ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ

ИСТИҚЛОЛИЯТ.  ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ

18 июн 2024, Сешанбе
12
0
Тибқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд”. Воқеан, мавқеи асосиро дар Конститутсия  ин нукта, яъне  ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, 34 моддаи  Конститутсия, яъне сеяки он,  ба ин мавзуъ бахшида шудааст. 
 
Дар навбати худ, риояи қатъии меъёру талаботи Конститутсия ва тарбияи худшиносии ҷомеа  хеле муҳим буда, бе баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ғайриимкон мебошад. Бояд як нуктаи муҳимро зикр намуд, ки дар робита ба ин санади таърихӣ дар самти қонунгузорӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд. Маҳз бо қабули Конститутсия  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, қонунҳои нави соҳавӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гаштани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат  қонунгузорӣ дар ин самт устувору қавӣ гардид. Ҳангоми фаъолияти худ субъектҳои шарикии иҷтимоӣ – корфармо ва кормандон  талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро  ба роҳбарӣ мегиранд. Чунончи, мутобиқи талаботи сархати 2 қисми 2 моддаи 19 ва қисми 1 моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ҳангоми қабул ба кор бо кормандон  мувофиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи  Кодекси мазкур  шартномаи меҳнатӣ бандад. Шартномаи меҳнатӣ  дар шакли хаттӣ баста мешавад ва ҳангоми барасмиятдарории он, мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 24 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матни он бояд  вобаста ба ҷойи кор, хусусияти шароити меҳнат, кафолату имтиёзҳо, андозаи музди меҳнат, низом ва реҷаи вақти корӣ, пардохти музди меҳнат, ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд, ҷавобгарии тарафҳо ва ғайра нишон дода шаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шартномаю созишномаҳои меҳнатӣ ва талаботи дигар санадҳои ҳуқуқии вобаста ба меҳнат на дар ҳама ҳолат риоя мешаванд. Мувофиқи гузориш оид ба фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботии соли 2023-юм, дар 2408 корхонаю ташкилоти мавриди санҷиш қарордодашуда 1568 ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории меҳнат оид ба мазмун, бастан, муҳлати амал ва иҷрои шартномаҳои меҳнатӣ ошкор шуд. Дар чунин ҳолат баҳсҳои меҳнатии фардӣ ё баҳсҳои коллективӣ ба миён меоянд, ки муқаррароти Конститутсия, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнат ва дигар қонунҳо  заминаи меъёрии ҳалли ин баҳсҳоро ташкил медиҳанд. Сабаби баҳсҳои меҳнатӣ (фардӣ ё коллективӣ) аксар вақт натиҷаи сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ё дониши нокофии ҳуқуқӣ, риоя нагардидани қонунгузории меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда метавонад.
Дар мавриди ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатӣ ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ кафолати самарабахши ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад. Мувофиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2023) дар бастагӣ ба пешвози 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2024-ро - Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Ин пешниҳоди Пешвои миллат дар равандҳои ҷаҳони муосир, ки хеле печидаю хатарзост,  асоси воқеӣ дорад. Чунки  тарбияи ҳуқуқӣ  ба ғанӣ гардидани донишу ташаккули  ҷаҳонбинии шаҳрвандон,   таъмини волоияти қонун, суботи ҷомеа мусоидат менамояд.  
 
Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ, директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират 
ва шуғли аҳолӣ”
Санаи нашр: 18.06.2024 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив