ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ БРИКС-2024

БОЗИҲОИ БРИКС-2024

25 июн 2024, Сешанбе
3
0
Варзишгарони тоҷик сазовори 20 медал шуданд
Тоҷикистон дар Бозиҳои варзишии БРИКС-2024, ки 13-24-уми июн дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ҷараён гирифт, 20 медал – 3 нуқра, 17 биринҷӣ – ба даст овард.
Бозиҳо бо иштироки варзишгарони 90 давлат аз рӯйи 27 намуд баргузор шуданд. Тоҷикистонро 57 варзишгар дар 11 намуди варзиш намояндагӣ кард.
Дар ҳайати Тоҷикистон медалҳои нуқраро Азимҷон Ҳамидов (130 кг) дар кураш, Фирӯзҷон Зиёев (62 кг) ва Абдусалом Саломов (+100 кг) дар гӯштии камарбандӣ сазовор гаштанд. Дар мусобиқаи самбо Сорбон Латифов (64 кг), Деваштич Убайдӣ (79 кг), Зафар Олимшоев (88 кг), дар кураш Одилҷон Зиёев (65 кг), Муҳаммадсалмон Қурбонов (70 кг), Худоёр Раҷабзода (75 кг), Дилшод Қурбонов (100 кг), Фирдавс Файзуллоев (130 кг), Абдусалом Саломов (+130 кг), дар бокс Парвиз Каримов (92 кг), дар гӯштии камарбандӣ, тарзи классикӣ Маликазиз Бурҳонов (57 кг), Кароматулло Қурбонов (62 кг), Оқсоқол Муъминзода (82 кг), Аскар Эргашев (100 кг), тарзи озод Абуэҳсон Ашӯрзода (82 кг) ва дар ҷудо Масъуд Аҳмадзод (-73 кг), Одилҷон Сафаров (-100 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Пас аз натиҷагирии бозиҳо Тоҷикистон дар миёни 90 кишвари иштирокдор ҷойи 17-умро ишғол намуд. Дар се мақоми аввал Россия бо 502 медал, аз ҷумла 262 тилло, Беларус бо 247 медал (55 тилло), Чин бо 62 медал (20 тилло) ҷой гирифтанд.
 
 
ГӮШТИИ ЮНОНӢ-РИМӢ
Ду медали биринҷии паҳлавонони наврас дар Чемпионати Осиё
22-юми июн дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ миёни наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола оғоз гардид, ки то 30-юми июн идома меёбад.
Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 10 нафар – 7 нафар миёни наврасон ва 3 нафар миёни ҷавонон ширкат дорад.
Дар рӯзи аввал, ду варзишгарамон дар гӯштии юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 17-сола – Муҳаммад Ғафуров (45 кг) ва Муҳаммад Султонзода (80 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
 
 
БОКС
Муваффақияти муштзанҳои тоҷик дар бокси касбӣ
Якшанбеи гузашта мо шоҳиди муҳорибаҳои 5 варзишгари тоҷик дар бокси касбӣ шудем, ки сетоаш бо пирӯзӣ анҷом ёфт.
Дар мусобиқаи “RCC Boxing Promotions” дар шаҳри Екатеринбурги Россия варзишгари маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов дар вазни 61,2 кг бар намояндаи мизбон Довуд Алаев дастболо шуд ва Сироҷиддин Ҳоҷибобоев дар вазни 69,9 кг аз варзишгари Россия Гор Оганесян мағлуб гашт. Барои Баҳодур ин 9-умин ғалабаи бебохт дар бокси касбӣ мебошад.
Муштзани дигарамон Сарвар Ҳамидов дар мусобиқаи “Bellator Champions series 3”, ки дар Ирландия доир гашт, бар намояндаи Бразилия Марсирли Алвес де-Силва ғолиб омад. Онҳо дар вазни 61,2 кг, се раунд муҳориба карданд. Барои Сарвар ин 16-умин пирӯзии бидуни бохт маҳсуб меёбад.
Варзишгари маъруф Муин Ғафуров аввалин пирӯзиашро дар UFC ҷашн гирифт. Мусобиқаи UFC дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд ва М. Ғафуров намояндаи Ҷумҳурии Корея Кюнг Ҳо Кангро мағлуб намуд. Дар ин мусобиқа намояндаи мо Муҳаммад Наимов аз Филип Лимаи бразилӣ шикаст хӯрд.  
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив