ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ” БО КАМОЛ НАСРУЛЛО – ШОИР ВА РӮЗНОМАНИГОРИ АСИЛ

“ҶУМҲУРИЯТ” БО КАМОЛ НАСРУЛЛО – ШОИР ВА РӮЗНОМАНИГОРИ АСИЛ

17 март 2023, Ҷумъа
71
0

Дар меҳмонии “Ҷумҳурият” ин бор Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ мебошанд. Устоди гиромӣ бо ин рӯзнома ҳамеша дар иртиботанд ва шеъру матлабҳояшонро сари вақт дар саҳифаҳои он ба нашр мерасонанд. Ба маънии томаш шоири давр мебошанд ва ба ҳодисаҳову рухдодҳои муҳиму муфид барои давлату ҷомеа ҳамовоз шуда, бо мавқеъгирии дурусташон раҳнамоӣ мекунанд. Ҳамин тавр, аз  пуркортарину пурмаҳсултарин на танҳо ҳамчун шоир, балки рӯзноманигори асил низ, ба шумор мераванд.
– Оғози суҳбат чун анъана дар бораи худ, роҳи тайкарда, рӯзгору кор аст, албатта, чун шоир ҳастед, он бояд шоирона бошад.
– Ифтихори онро дорам, ки дар зодгоҳи Одамушшуаро устод Рӯдакӣ, дар деҳаи мусаффову сарсабзи Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент ба дунё омадам. Як умр кӯшидаам, ки сарбаландии кӯҳҳои диёрамро дар худ нигаҳ бидорам ва идомаи ҳамин рӯди шаффофи деҳаам бошаму бо худ дар ҷодаҳои зиндагӣ паёми сарсабзиву рӯшанӣ бубарам. Сиришти ман аз сиришти неки мардуми хушзавқу некманиши  ин диёр сиришта шуд ва дуои неки модар, панду андарзи пирони диёр ҳамеша раҳнамоям дар зиндагӣ буду ҳаст. Хушбахтона, ҳам дар муассисаи таҳсилоти миёнаи ба номи Деҳотии деҳаи Ғӯсар ва ҳам дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) аз устодони хушзавқу бомаърифат таълиму тарбият гирифтам. Аввалан, дар маҳфили адабии Тилло Пӯлодӣ дар Донишгоҳ, баъдан, дар назди устодони бузурги замон Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир хело дарси шеър гирифтаам. Аммо устоди бевоситаву асосӣ ва  раҳнамоям дар ҷодаи шоирӣ устод Лоиқ буданд, ки як умр бо номашон ифтихор мекунам. Имрӯз ҳам, гарчи устод нестанд, ҳузурашонро ҳангоми навиштани шеър дар болои сарам эҳсос мекунам. Баъдан, тайи ин ҳама солҳо ҳамнишину ҳамқаламон ва дӯстони соҳибзавқе дорам, ки муҳити солими адабиро бароям фароҳам меоранд.

–  «Шоир андар синаи миллат чу дил», – гуфтааст аллома Муҳаммад Иқбол. То ба куҷо шоирони даврони мо ин масъулияту рисолатро шинохтаанд ва ҳам барои пойдории миллат, забон ва сарзамини аҷдодӣ чӣ корҳоеро бояд ба анҷом бирасонанд?
– Оре, наметавон ин суханони аллома Иқболро инкор кард, аммо боз мехостам илова кунам, ки шоир ба ҷуз аз дил буданаш, боз чашму ҳушу ақлу андешаи миллат ҳам, ҳаст. Арҷгузории халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик ба шоирон беҳуда нест. Ман бар онам, ки шоир ва шеър – ҳар ду падидаи сиёсӣ ҳам, ҳастанд. Устод Рӯдакӣ бо ҳузури худ бо шеъри худ, нақши бузурге дар фароҳам овардани маънавиёти Давлати Сомониён ва бад-ин васила таҳкими ин давлатдорӣ, бунёду инкишофи забони даврони сомониро гузоштанд. Ва вақте ки як сурудаи Рӯдакӣ амири Сомониро бо як мӯза дар пой ба асп савор кардаву ба Бухоро оварда, шеър падидаи сиёсӣ гардид. Дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки миллати мо баъд аз асрҳо соҳиби Ватани худ гардид, бо тақозои ҳадафҳои волои миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон, ягонагиву ваҳдати миллӣ рисолати шоир ва суханвар, бидуни ягон шубҳа, гузоштани саҳми боризи худ дар ин бунёдкориҳои навин ба манфиати халқу кишвари хеш аст. Шоири асил, фарзанди асил наметавонад ҷудо аз ормонҳои миллии халқи худ зиндагӣ кунад. Адабиёти бузурги мо ҳамеша ба манфиати миллат, рушди илму фарҳангу маърифати воло ва забони модарӣ хидмат кардааст ва имрӯз ҳам ҳамин расолати волои худро идома медиҳад, то саҳми арзандаи худро дар эҳёи Тоҷикистони навин гузорад.  

– Имрӯз, мутаассифона, на танҳо сатҳи завқу шеърфаҳмии хонандагон поён рафтааст, балки аксар шоирон ҳам тафовути шеъру назм ва эҷоду офариданро мисли ин ки ё намедонанд ва ё аз ёд бурдаанд. Андешаи Шумо дар ин бора чӣ аст? Бо кадом роҳ метавон дар рафъи ин норасоиҳову камбудиҳо саҳм гирифт?
– Суханатон ба куллӣ дуруст аст. Ман ба ин гуна савол борҳо посух гуфтаву ин мавзуъро мавриди андеша қарор додаам. Шеъру адабиётро аз рӯи намунаҳои арзандаву барҷастаи он бояд баҳогузорӣ кард. Воқеан, шоироне ҳастанд, ки чандин китоби шеър ба нашр расонданду худ нафаҳмиданд, ки шеъри асил чист. Гап  сари он аст, ки агар одам андак табъ дошта бошаду вазну қофияро биомӯзад, беохир ҳар чи хоҳад, навиштаву номашро шеър гузоштан мегирад. Ҳол он ки ин навиштаҳо ба шеър ягон муносибате надоранд. Забони, ҳатто гуфтугӯии мардуми мо худ мисли шеър садо медиҳад. Дар асл шеъри порсӣ падидаест бисёр мураккаб ва, ҳатто илмест алоҳида, ки на ба ҳар кас даст медиҳад. Ҳатто барои  дарку фаҳми шеъри асил хонанда бояд саводи хосса дошта бошад. Дар ин мавзуъ як рисолаи алоҳидае эҷод кардаам бо номи “Шеър чист ва шоир кист?”, то бо роҳҳои содаву дастрас тафриқаи шеърро аз ношеър ба мардум бифаҳмонам. Ҳадафам аз ин рисола на танҳо навқаламон, балки баъзе шоирони калонсол ҳам буданд.   
Вазъи имрӯзаи шеъри мо мавзуи сухан ва пажӯҳиши алоҳида аст. Аммо навиштани мақолаи алоҳидаеро дар ин  мавзуъ ният дорам, зеро ниёзи сахте бар он ҳаст.   

– Фаъолияти Шумо ба бахти мо ва хонандагону бинандагонамон, маҳдуд нест, бо ин ки аксар дар ин синну соли Шумо ё хаста мешаванд ва ё аз фаъолияти эҷодӣ боз мемонанд. Дар ин, ки неруятон дар мавриди мазкур дар ҳоли афзудан мебошад, чӣ асроре нуҳуфтааст?
– Воқеан, Худо бо ман хеле меҳрубон аст, ки чунин неруву қувватро  додааст дар ин синну сол. Ҳатто, баъзан меандешам, ки ман ҳамчун эҷодкор нав кушода шудан дорам ва чизҳои беҳтарини худро нав менависам. Ба андешаи ман, Худованд ба ҳар инсон расолатҳоеро, ки дод, барои иҷрои он вақту қувват низ, медиҳад. Ман нақшаҳои эҷодии амалинакарда ҳанӯз хеле зиёд дорам. Боре як рафиқам дар замони COVID – 19 бемор шуд, табобат мекард ва хеле хавотир буд, ки COVID – 19  дар қатори дигарон ӯро ҳам набарад. Он вақт ба ӯ гуфтам, ки  осуда бошад, зеро то расолати худро  ба поён нарасонад, зиндагӣ хоҳад кард. Зеро ӯ он замон як кори даркор ва савоберо пеш гирифта буд. Воқеан, COVID – 19  баъд аз ин ӯро ба ҳоли худ гузошт. Гумон мекунам, он чи, ки ба ман неру ва вақт додааст, ҳамон рисолати некест, ки ҳанӯз бар гарданам аст. Яъне, ман ҳанӯз корҳо ва ҳадафҳои баландеро, ки бар дӯшам гузошта шудаасту бояд ба иҷро расонам, иҷро накардаам.
– Албатта, ҷойи таассуф мебошад, ки танқиди адабии мо барвақттар рӯ ба таназзул оварда буд. Аз баъзе матлабҳое, ки ба нашр мерасанду чун нақд муаррифӣ мешаванд, ба ин хулоса омадан душвор нест, ки мунаққид ё дар бораи ин соҳа огаҳӣ ва дониши комил надорад ва ё гирифтори маҳалбозӣ, иҷрои супоришҳои ғайримунсифона мебошад. Фикр мекунам, ки дар ин сурат адабиёти миллӣ рушду такомул намеёбад, пеш намеравад. Метавонед ба ин андеша розӣ набошед, аммо чун шоири асил, дӯстдори миллату ин сарзаминед, назаратонро барои оламшумул шудани адабиётамон зарур аст, ки иброз бидоред. Яъне, чӣ бояд кард?
– Воқеан, нақди мо тамоман фаъол нест. Як - ду нафар мунаққидоне, ки метавонанд нақди шеъри рӯзро нависанд, ҳавасманд нестанд ин корро кунанд, зеро бо мунаққидӣ рӯзи касе намегузарад. Онҳо бояд дар ҷойе кор кунанду рӯзашонро гузаронанд. Баъдан, барои мақолаи танқидӣ касе ҳаргиз ба муаллифи он ташаккур намегӯяд. Баръакс... Бинобар ин, нақду адабиётшиносии мо лоақал дастмузди хуб бояд дошта бошад.  
Шеъри даврони Истиқлоли мо, шеъри шоирони наслҳои баъд, ки, аллакай, синнашон ба ҷойе расидааст, қариб, ки комилан бе пажӯҳиш мондааст. Бо ҳамин андеша қарор додам, ки худ ба пажӯҳиши шеъри дурахшонтарин чеҳраҳои шеъри имрӯзамон машғул шавам. Ҳадафам нишон додани дастовардҳои шоирони имрӯза буд, на ёфта гуфтани камбудиҳои онҳо, чун банда мунаққид нестам, бо ин мақсад, ки хонанда ақаллан донад, ки шоирони мо чи дастовардҳое доранд, аз ҷиҳати ҳунар, навоварӣ ва баёни мазмуну андешаҳои тозаи шоирона. Дар ин ду-се соли охир теъдоди адибоне, ки дар бораашон навиштам, ба 57 нафар расидааст. Ин мақолаҳо ҳоло дар шакли китоби алоҳида таҳти унвони “Сухан пероҳани ҷон аст” омодаи чопанд. 

Дар замони бархурди манфиатҳову авҷи гуногунандешиҳо, албатта, масъулияти қалам ҳам бештар аз пештар мегардад. Ба ақидаи шумо шеъри имрӯз то куҷо ба дарди ҷомеа мехӯрад?
Бале, имрӯз шеъри навини дунё дигар шудааст. Ба андешаи ин ҷониб, мо каме қафо ҳам мондаем, дар тозапардозӣ, кашфи мазмуну тасвиру андешаҳои нав. Мавзуъҳои шеъри муосири мо аксар хеле маҳдуданд, фаротар аз муҳити худамон намераванд. Куҳнагӯиву такрору обшустагӣ зиёд вомехӯрад. Шумо боре гиреду шеъри муосири моро бо шеърҳои модерни Аврупову Амрико ва рус муқоиса кунед, баъд куҳнагароӣ маълум мешавад. Ин чунин маънӣ надорад, ки мо шеъри арзанда надорем, дорем, ҳатто дар сатҳи байналмилалӣ, аммо адабиёт, хусусан шеър, бо тозагиву кашфиётҳои нави бадеӣ ва ҷустуҷӯҳо ҷолиб аст. 

– Шуарои номвари пешин дар тарбияи шоирони ҷавон бо тамоми шинохти масъулият саҳм мегирифтанд. Барои чи чунин анъанаи нек аз миён рафтааст?
– Воқеан, бо Шумо мувофиқам. Аз таърихи адабиётамон  медонем, ки шеър ва шоири асил танҳо дар муҳити солими адабӣ, бо раҳнамоии устодони закӣ арзи вуҷуд мекунанд. Дар замони наврасиву ҷавонии мо дар ҳама ҷо маҳфилҳои адабӣ амал мекарданд, ки пайваста фаъол буданд. Чунин маҳфилҳо дар доираҳои адабӣ шояд ҳоло камтар ба назар мерасанд. Баъдан, як падидаи дигар, мо вақте ҷавон будем, худамон аз паси устодон будем, домони онҳоро аз даст раҳо намекардем. Аммо, мутаассифона, ҷавонони навқалами имрӯза худашон фаъол нестанд. Ман пайваста  шеърҳоямро бардошта ба пеши устод Лоиқу Бозор Собиру дигарон мебурдам. Имрӯз ҳам то шеърҳои тозаи худро аз назари як-ду рафиқи нуктасанҷам нагузаронам, ба чоп намедиҳам. Ҷавонони имрӯза худашон фаъол нестанд, онҳое, ки ҳастанд, тез “бузург”-у “номдор” мешаванд, аз шунидани нуқсону камбудиҳояшон меҳаросанд, дар гӯшаҳо ман шоири асил гуфта мегарданд, ба “офарин”-у “бале”-гӯиҳои арзону бемавриди фейсбук бовар мекунанд. Бо ин вазъ, пешравӣ аз куҷо мешавад? Ман то имрӯз ягон ҷавонро надидам, ки омада, хоҳиш кунад, ки ба  ман асрори суханро бифаҳмон, шеърҳои маро хонда маслиҳат бидеҳ. Анқариби аксари онҳо ақаллан ҳамон китоберо,ки барояшон навиштаам, яъне “Шеър чисту шоир кист?” нахондаанд, бардоште накардаанд. Намефаҳманд, ки шеър заҳмати ҳаррӯзаву ҳарсоатаро талаб дорад, он ҳам тамоми умр. Аммо аввалан, бояд донист, ки шеър чист, аз ношеър чи тафриқа дорад, то дар вақти навиштан малака пайдо кунед, ки гап набофеду шеър нависед. Хушбахтона, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” номинаи эҷодӣ, аз ҷумла шоириро, дохил карданду ҷавонон шавқманд шуданд, ки шеър нависанд, аммо хуруҷи ин ҳавасмандиҳо бештар ба хотири ҷоизаҳост, на шеъру шоирӣ.   

– Чӣ дархосту таманно барои кормандону хонандагони сершумори «Ҷумҳурият» доред? Хосса, дархосту таманнои наврӯзӣ, ки мо дар фарорасии он қарор дорем.
– Ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса дорам. Ҳанӯз аз замони ҷавониям маводҳои ман дар он ба табъ мерасиданд. То ба имрӯз муаллифи фаъоли ин рӯзномаи номдор ҳастам. Имрӯзҳо аз он хурсандам, ки ин нашрия фаъолтару пурсамартар аз дигар нашрияҳои мо кор мекунад ва ҳамеша дар пайи  тозагониву навовариву ҷустуҷӯҳост. Хусусан, озмунҳое, ки солҳои охир дар рӯзнома роҳандозӣ шуданд, ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ намуданд. Аввалан, мавзуъҳое интихоб шуданд, ки пажӯҳиши онҳо аз ҷониби муаллифон дар ҳамон соҳаи интихобшуда, самараҳои тозаи илмиву эҷодӣ ба бор оварданд. Масалан,  озмунҳои бахшида ба қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон боиси пайдоиши  асарҳои нави илмиву пажӯҳишӣ гардиданд.
Баъдан, ин озмунҳо – ҳар яке дар ин ё он шаҳру ноҳияи кишвар гузаронда шуданд ва, ба ин васила, рӯзнома имкон фароҳам овард, ки теъдоди зиёди хонандагон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар низ, дар он ширкат дошта бошанд, яъне нашрия худ ба пеши хонандагонаш рафт, ки ин падидаи нав аст. Дигар ин, ки ”Ҷумҳурият” ягона рӯзномаи мост, ки кӯшидааст бо хонандагону ихлосмандонаш дар хориҷи кишвар низ, алоқаҳо дошта бошад. Сафарҳои ҳайати эҷодӣ ва муаллифони рӯзнома ба Самарқанду Бухоро, мулоқот бо хонандагон худ дар он ҷо аз ташаббусҳои ҷолибе буданд, ҳам дар таҳкими бародариву ҳамкории мо бо кишвари ҳамсоя ва ҳам дар фаротар бурдани доираи муштариёни рӯзнома саҳми бориз гузошт.
Ман то ҷойе шарики фаъоли озмунҳову сафарҳои ”Ҷумҳурият” гардидам ва бо кормандони он унс гирифтам,  ки худро як узви фаъоли ҳайати кормандони он эҳсос мекунам. Воқеан, сармуҳаррири ин рӯзномаи бонуфузтарини кишвар Қурбоналӣ Раҳмонзода тавонист як ҳайати бисёр писанду тифоқу  боистеъдодро ҷамъ оварад ва бо ташаббусҳову навовариҳои пайдарҳами худ обрӯи ин рӯзномаи таърихӣ ва барои миллати мо азизро низ хело боло бардошт.
Мехоҳам он ҳайати бисёр хуби кормандоне, ки дар “Ҷумҳурият” бо  сарварии сармуҳаррири худ ҷамъ омадаанду содиқона ба Ватан хизмат мекунанду ҳамдигарро хуб мефаҳманд ва он ҳайати ихлосмандон ва муштариёни бешумори ин ҷаридаи маҳбуб, ки тамоми кишвар ва берун аз онро фаро гирифтаанд, ҳамеша сиҳату сарбаланд бошанду ҳаргиз пароканда нашаванд, зеро он имрӯз рисолати неку таърихии худро  сарбаландона ва дар сатҳи шоиста идома медиҳад. 

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”,
Аксбардор, Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.03.2023 №: 57 - 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив