ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУОИ ВОПАСИНИ МОДАР: «ХУДО ҲОФИЗ!»

ДУОИ ВОПАСИНИ МОДАР: «ХУДО ҲОФИЗ!»

17 март 2023, Ҷумъа
112
0

 Як замоне буд, ки бо шунидани калимаи модар шод мешудему табассум дар лабонамон мешукуфт. Ҷумлаву ибораҳои «модарат омад», «модарат куҷо рафт?», «модарат чӣ кор мекунад?», «модарат дар хонааст?» ба гӯшамон фораму навозанда мерасид ва ба ин саволҳо бепарво ҷавоб медодам. Ҳоло, ки ӯ дигар нест, на танҳо шунидани ин ҳама саволу ҷавобҳо аз забони дигарон, балки шунидани вожаи «Модар» диламро реш мекунад. То ҳанӯз боварам намеояд, ки модари ҷонам нест.

РУҶУИ АВВАЛ. АКСИ МОДАР  ВА АШКИ МАН

Модар баъд аз Худо офаридгор асту мо, фарзандон  як умр дар назди ӯ қарздорем. Ҳама бузургони олам бо  панду андарзҳои  хеш фарзандро ба хидмати модар роҳбаладӣ менамоянд. Мо, фарзандон бояд сар ба қудуми модар гузорем, зеро ниҳоли қомати мо аз дуои модар сабз мегардаду мазрааи армонамон шодоб.
Аз "оинаи нилгун" навореро аз ноҳияи Сангвор, ки расми модари Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ туҳфа карданд, тамошо кардаму гиристам. Суханони Президент, ки ба расми модар нигоҳ карда мегуфтанд, маро боз дилрештар намуданд: «Модари ман фақирона мезистанд, на зару зевар ва на тиллову танга доштанду на чизи дигар. Ба падарам мегуфтанд, ки ман аз тани писарам ҳамаи кори хонаро мекунам. Гову молро худам нигоҳ мекунам, лекин ба писарам дуо медиҳам, ки рафта хонад. Пешвои миллат дар такя ба пандномаи дини мубини ислом ба ҳама таъкид мекарданд, ки ҳаҷ наравед, ҳаҷ дар дари хонаатон аст, хизмати падару модарро ба ҷо оред, ҳаҷатон қабул мегардад».
Ман низ ба акси модарам нигоҳ мекунаму ба андеша меравам. 
Аксҳоят дида ҳайронам ҳанӯз,
Хотирозурда парешонам ҳанӯз.
Ку ҷавонию паноҳи модарам?
Пираму чун тифл гирёнам ҳанӯз.

Ҳаққо, ки мо фарзандон ғофилем. Дар зиндагӣ рӯбарӯи модар кам менишинему баъди даргузашт рӯбарӯи аксаш соатҳо мегирйем. Аҷиб тазодест пурдард.

РУҶУИ ДУВУМ.  БЕСАВОД, АММО САВОДОМӮЗИ САД ОМӮЗГОР

Чӣ тавр модарам нуҳ фарзандро калон карду хононду ба роҳи рост ҳидоят намуд, танҳо худаш медонаду Худо. Мо имрӯзҳо дар масъулияти ба воя расондани як ё ду фарзанд он қадар оҳу нола мекунем, шиква пеш меорем, ки ногуфтанист. Модарам маълумоти олӣ надоштанд, вале китобу рӯзномаҳое, ки падарам ҳамчун омӯзгор обуна мешуданд, мутолиа мекард. Ба мо такроран таъкид меварзид, ки хонеду соҳибмаълумот шавед ва ба Ватани худ хизмат кунед. Бародаронамро ба хидмати ҳарбӣ сафарбар намуд. 
Баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ боре ҳамроҳи модарам ба сари замини президентӣ рафтем, ки ба мо арзонӣ дошта буданд. Дар назди замин қисми ҳарбӣ воқеъ буд. Модарам пайваста аз аскарон хабар мегирифт, ба онҳо нону тутмавиз мебурд ва ба ман мегуфт, маҳз онҳо моро муҳофизат мекунанд. Командири қисми ҳарбӣ аз кори модарам хабардор шуда, гуфт: “Модарҷон, шумо ташвиш накашед. Мо аз ягон чи танқисӣ намекашем. Сарулибос ва хӯрок дорем. Дигар ба аскарон ягон чиз наоред. Модарам бале мегуфт, вале аз командир пинҳонӣ чизҳои меовардаашро дар акопи кандагӣ мемонду аскаронро ба дастархони хоксоронааш мехонд. Аскарон ӯро модар мегуфтанд. Падару модарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон вақте ба аёдати фарзандон – писарони Ватан меомаданд, аскарон модари маро низ, даъват мекарданд, то бо модарони худ шинос кунанд. Тирамоҳи соли 2008 ҳангоми рухсатии меҳнатӣ ба деҳа, ба назди падару модар рафтам. Бо модарам болои кат гап-гап мекардему  механдидем. Бо ғунучини ҳосили кишткарда барои зимистон низ, машғул мешудем. Ҳангоми бозгашт модарам ба назди мошин омада ва ба ман дуо дод: «Духтарам сафарат бехатар бод! Худо ҳофиз!».  

РУҶУИ СЕВУМ.  ТИРАМОҲИ УМРИ МОДАР

Сиҳату саломат ба шаҳр расидам ва моҳи сентябри ҳамон сол котиби масъули рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ашӯр Одина даргузашт. Ман, ки дар котибот кор мекардам, чунон ранҷур шудам, ки ҳар рӯз мегиристам. Ба модарам занг зада гуфтам: "Модарҷон як ҳамкори азизамон гузашт, чунон дилгирам, ки напурсед". Модарам аз он тарафи гӯшӣ бо суханҳои нарм таскину тамкин бахшид. Ҳамзамон, ишора намуд, ки ту барои марги як ҳамкорат чунин месӯзӣ, баъди марги ман чӣ кор мекарда бошӣ? Он лаҳзаҳо бо модарҷон гиряолуд суҳбат мекардаму намедонистам, ки чунин тақдир ӯро низ, интизор аст. Баъди як моҳи гуфтугӯи мазкур модари азизам низ, ҷон ба Ҷонофарин супурд. Мумкин модарам ҳамин гапро барои ҳамин гуфта буданд, агар ман гузарам ту чӣ кор мекарда бошӣ?
Аз шаҳри Душанбе то Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳ дур буд, роҳҳо ҳам мисли имрӯз ободу таъмиршуда набуданд. Хулоса, ҷанозаи модарамро надидам. То мо ба деҳа расидем, ки шаб шуд ва вақте ба ҳавличаи озодаву зебояш расидем, модарам дигар дар зери хок мехуфт. 

РУҶУИ ОХИР. ҚАДРИ МОДАРРО ДОНЕД, КИ ДЕР МЕШАВАД

Ихтиёр аз даст дода, дар роҳ ба сӯи Бадахшон гиряро оғоз кардам. Хешутабор, бахусус додарам, дақиқан нагуфта буд, ки модар гузашта. Танҳо ишора кард, ки бемори вазнин шуду дар бистар хоб аст. Хоҳарбузургам маро дилбардорӣ мекард ва мегуфт: «Гиря накун, модарам зинда аст». 
Дар магнитафони мошин таронаи машҳури Аҳмад Зоҳир «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ» садо медод ва ӯ гӯё маҳз барои дили ман месуруд. Дар роҳ мошин вайрон шуд ва ман ба додарам занг задам, то гӯширо ба модарам диҳад. Додарам гуфт: «Модарам гап намезананд. Дар хобанд». Шаб ба деҳа расидем. Он замон дар деҳаҳои дурдаст барқро хомӯш мекарданд. Аммо дар ноҳияи Рӯшон бо хоҳиши раис дар хонае, ки ягон мусибат мешуд, барқ медоданд. Ман чароғи гирёни хонаамонро дидаму фаҳмидам, ки модарам дигар нест. 
Ҳангоми ба хона даромадан дар болои тиреза ғижаку найу доираро дида, аз дил гузарондам: 
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, 
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад. 

Ба фарзандонам, ба ҳама наздикон ба тавалло гуфтаниам, ки имрӯз ҳама шароит ҳаст, роҳҳои дур наздик шудаанд, телефону интернету имконоти техникӣ зиёд аст, ҳар рӯз ба модар занг занед, ҳолашро пурсед, бо як сухан шод мешавад, мисли гул мешукуфад, дилаш оромиш меёбад ва, ҳатто ба ҳамсояҳо бо ифтихор мегӯяд: «Имрӯз фарзандам занг зад. Худоро шукр, ҳолаш хуб аст, корҳояш бобарор». То ин ҳад меҳрубону дилсафеду аҷоиб аст, ки ҳолпурсии телефонӣ ҳам, ӯро ба осмони ҳафтум мебарад. 
Ҳар гоҳ ба ҳавлии бемодар қадам мемонаму вақти рафтан дуои охирини модарам ҳангоми гусел, дар тирамоҳи соли 2008 ба ёдам мерасад: «Худо ҳофиз!».

Барноз РАҲМОНШОЕВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.03.2023 №: 57 - 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив