ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ ЯХМОС, ДӮҒОБ, ШАРБАТИ МЕВА ВА ОБҲОИ ТАШНАГИШИКАН

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ ЯХМОС, ДӮҒОБ, ШАРБАТИ МЕВА ВА ОБҲОИ ТАШНАГИШИКАН

09 июл 2024, Сешанбе
9
0
Дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” даври шаҳрии фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва намояндагони корхонаву ширкатҳои яхмосу оббарории пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз номоиши навъҳои гуногуни яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмаҳмадзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори корхонаҳои саноатӣ дар пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ гузаронда мешавад.
Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ  ғолибони фестивали мазкур муайян гардида, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Акнун ғолибон шаҳри Душанберо дар даври ҷумҳуриявии фестивали мазкур муаррифӣ хоҳанд кард.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
СИФАТИ БАЛАНД ВА НАРХИ ДАСТРАС
Дар заминаи рушди соҳаи саноат давоми солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст. Ин тадбир имкон фароҳам намуд, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе либоси мактабӣ харид намоянд.
Бо иқдоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе боздиди масъулони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз ҶСК "Гулистон", ки яке аз бузургтарин корхонаҳои саноати истеҳсолотии Тоҷикистон ба шумор меравад, баргузор шуд. Зимни боздид масъулон доир ба шароити истеҳсолот, сифати маҳсулоти ватанӣ ва андозаву арзиши либоси ягонаи мактабӣ маълумот доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли он дар корхонаҳо давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст.  Хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин гардидаанд. Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастури либосҳои тавсияшуда барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия гардидааст, роҳандозӣ мешавад. Ин тадбир имкон фароҳам намудааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе сарулибоси мактабӣ харид намоянд.
Хариди сарулибоси ягонаи мактабӣ аз корхо-наҳои саноатии шаҳр барои рушди саноати пойтахт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва, ба ин васила, беҳтар гардидани шароити зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам меорад. 
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДУШАНБЕ.  ГУЗОРИШ АЗ НАХУСТИН ҶАЛАСАИ СОҲИБКОРЗАНОН
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода ва соҳибкорзанони фаъоли пойтахт ҷаласаи нахустини Шурои соҳибкорзанон баргузор гардид. 
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода вобаста ба ҳадафҳои таъсиси Шурои соҳибкорзанон ва аҳамияти он дар рушди соҳибкории занон суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, рушди соҳибкорӣ дар байни занон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад, аз соли 2006 дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои президентӣ таъсис дода шудаанд, ки ин тадбир ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон арзёбӣ мегардад. Аз соли 2011 то соли 2013 ҳамасола бо ин мақсад, аз буҷети давлатӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 то ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 миллион сомонӣ ба 2 миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Соли 2022 дар асоси қарори марбутаи Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағҳои грантӣ аз 2 миллион сомонӣ ба 2,5 миллион сомонӣ барои занони соҳибкор афзуд. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29-уми апрели соли 2024 маблағи грантҳо ба 5 миллион сомонӣ расид ва соли равон лоиҳаҳои занони соҳибкор дастгирӣ хоҳанд ёфт. 
– Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе созмони ҷамъиятӣ аст.  Ҳадафи асосии Шуро, ин ҳамоҳангсозии ҳаракат ва фаъолиятҳои соҳибкорзанони шаҳри Душанбе, инчунин, мусоидат намудан баҳри рушди кори онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои бонувони соҳибкор, дастгирии занону ҷавондухтарони соҳибкори пойтахт баҳри рушди маҳорату малакаи касбии онҳо, ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба фаъолияти соҳибкорӣ тавассути баргузории шуроҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар, семинару тренингҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои илмию маърифатӣ мебошад, – изҳор дошт Дилрабо Маҳмашарифзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Душанбе.
Дар охир, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тасдиқи ҳайат, аъзои он ва нақшаи кории Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  баррасӣ ва муйаян гардида, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода раиси Шуро интихоб гардид. Тибқи нақша, минбаъд дар ҳар як семоҳа ҷаласаи Шурои соҳибкорзанон доир  хоҳад шуд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
«ҲУНАР ОМӮЗ…» ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР "БОҒИ ИРАМ"
  Дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор гашт, ки дӯстдорони ҳунарҳои миллиро ба ҳам овард.
Дар қисмати ифтитоҳии Озмун муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода ва як зумра роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, оммавӣ гардондани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон буда, барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Зимни суханронии хеш Дилрабо Мансурӣ зикр намуд, ки: «Ҳунарҳои мардумӣ яке аз воситаҳои муассири муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Тавассути маҳсулоти офарида ва ба фурӯш баровардани онҳо, ҳунармандон на танҳо сатҳу сифати зиндагии худро боло мебаранд, балки дар рушди сайёҳӣ низ, саҳм мегузоранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ривоҷи ҳунармандӣ дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар асоси онҳо барои ҳунармандон имтиёзҳо муқаррар гардиданд.». 
Озмун байни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар се давр аз рӯйи 7 номинатсия гузаронда шуд. Ёдовар мешавем, ки Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив