ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУСУЛМОНӢ БА ГУФТОР АСТ Ё...?

МУСУЛМОНӢ БА ГУФТОР АСТ Ё...?

10 июл 2024, Чоршанбе
26
0
Давоми чанд ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси домуллоҳою мавлавиҳо ва дигар олимони имрӯзаи олами ислом оид ба сатру ҳиҷоб ва риш авҷ гирифтааст. Кор то ба ҷое расидааст, ки уламои давлати Афғонистон ҷиҳод эълон кардаанд. Бубахшед, домуллову мавлавиҳои муҳтарам, олами ислом имрӯз ба ғайр аз сатру ҳиҷоб ва риш дигар мушкилот надорад? Чанд сол пеш домуллоҳо баҳс дар атрофи тарзи таҳорату намозхонӣ доштанд ва ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, байни ҳам муноқиша мекарданд. Баъди ором шудан, ин ҳамаро дасисаи яҳуд унвон карда, худро тасаллӣ медиҳанду теша ба решаи худ заданро эҳсос намекунанд. Масъалаи сатру ҳиҷоб, ки ҳамакнун ҷанги иттилоотиро ба миён овардааст ва аз минбарҳои баланд баъзе домуллою мавлавиҳо вазъ мегӯянду ҷиҳод эълон мекунанд, дигар домуллоҳоро гунаҳкор медонанду мушрику дарборӣ мехонанд, маро ба тааҷҷуб овардааст. Ман Худоро бо ақл шинохтааму аз рӯи он рафтор мекунам. Либоси миллии халқи тоҷик ҷавобгӯ ба талаботи ислом аст ва агар чунин намебуд, давоми 1500 сол пӯшидани онро мамнуъ эълон мекарданду аз байн мебурданд. Дар ин 1500 сол аз шумо дида домуллою мавлавиҳои ботақво ва соҳибилм ва қозию дигар арбобони дини мубини ислом буданд ва либоси занону модарони тоҷикро дар баробари сатру ҳиҷоб қабул карданд. 
Ҳайрон ба он зани гӯё поксиришт ва мусалмонам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз домуллоҳо ва мавлавиҳои Афғонистон паноҳ меҷӯяд на аз Офаридгор. Гӯё падару шавҳар ва бародаронаш сатрашро аз сараш гирифтаанд. Тавба. Агар чунин зани покдомон ва бомаърифат мебудед, медонистед, ки мегӯянд сарвари асосии шумо шавҳаратон аст. Агар шумо ба гуфтаи шавҳаратон амал накунед ё аз амри ӯ саркашӣ кунед, назди Офаридгор кӣ ҳастед? 
Домуллову мавлавиҳо ба ҷои иттиҳодро пойдор намудан, байни мусалмонон ҷиҳодро афзалтар медонанд. Барои як масъалаи хурд, ки бо суҳбату амри маъруф метавон онро ҳал намуд, ба хунрезӣ даъват менамоянд. 
Ҳамарӯза ҳазорон мусалмон зери тиру туфанг ба ҳалокат мерасанд, садҳо манзилҳо хароб мегардад, ҳазорон кӯдак куштаю ятим, ҳазорон мусалмон бехонаю дар гаштаанд. Чаро ин олимон дар ин маврид дар шабакаҳои иҷтимоӣ хомӯшанд? 
Ҳоло тоҷик тоҷики солҳои навадуми асри гузашта нест, ки ба дасисаҳо дода шуда, ҳаёти осоиштаи худро барҳам занад. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон ҳам аз илми дунявию ҳам ухравӣ огоҳӣ дорад. 
Ин миллат таъриху фарҳанги куҳан дорад ва аз дину  расму оини хеш сар наметобад. Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва сокинони он аз забону фарҳанг ва дини хеш ҳамеша ҳимоят хоҳад кард.
 
Ширинҷон Сафарзода, ноҳия Восеъ
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив