ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО »  ШОМИ ШАНБЕ

 ШОМИ ШАНБЕ

17 март 2023, Ҷумъа
97
0


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

ЧАЙН – КРОССВОРДИ НАВРӮЗӢ
1. Қадимтарин синф дар ҷамъият. 2. Ҷашни байналмилалӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон. 3. Маҳсули кишоварз. 4. Яке аз соҳаҳои хоҷагии қишлоқ. 5. Боғ дар шаҳри Душанбе. 6. Омӯзгор. 7. Яке аз идҳои қадимаи тоҷикон. 8. Рустании техникии қанддор. 9. Гули хушбӯи бӯиданӣ ва хӯрданӣ. 10. Зироати ғалладона. 11. Яке аз пайғамбарони яҳудӣ. 12. Ноҳияи калони ғаллакор ва пахтакор дар вилояти Хатлон. 13. Ҷои «истироҳат»-и моли чорводорон. 14. Чорвои калони шохдори мардуми  Мурғоб. 15. Хӯроки наврӯзӣ. 16. Деҳқон. 17. Озмуни бонувон. 18. Хунуктарин ноҳия дар Тоҷикистон. 19. Фасли киштукор. 20. Қисми ғизодиҳандаи наботот. 21. Рустании тропикӣ. 22. Намояндагии як давлат дар давлати дигар. 23. Асбоби мусиқӣ. 24. Асари Носири Хусрав. 25. Мутахассиси  маълумотдори хоҷагии қишлоқ. 26. Ҳайвони нодири кӯҳӣ дар Тоҷикистон. 27. Хизмати бепул. 28. Роҳи зеризаминӣ. 29. Сароянда, навозандаи форсу тоҷик. 30. Нӯшокии турш аз шир. 31. Пунбаки гули ношукуфта. 32. Бурҷи дувоздаҳгона. 33. Асари калони Абуалӣ ибни Сино. 34. Хӯроки чорво. 35. Тамғаи мошинҳои сабукрав дар ИМА. 36. Экизак. 37. Асбоби  деҳқонон.   

Тартибдиҳанда Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ,
Аълочии матбуоти  Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru



«ЭКОПЛЮС»
ЯК ИХТИРОИ ОЛИМИ ҶАВОНИ ТОҶИК
Олими ҷавони тоҷик Комил Нурматов конвертори худмухтор ва дастгоҳи нигаҳдории энергияро ихтироъ кард, ки мисли филтри экологӣ кор мекунад: бензинро ба неруи барқ табдил медиҳад ва қувваи барқро зиёд мекунад. Дар маркази дастгоҳ батареяи офтобӣ ҷойгир аст. Дастгоҳи ихтироъшуда бо номи «Экоплюс»-ро метавон ҳамчун асбоби гармидиҳӣ истифода бурд. Он тавассути батареяи офтобӣ энергия ҷамъ мекунад.
Комил дастгоҳро тайи ду сол офарида, патент гирифтааст ва интизори сарпарасти истеҳсолот мебошад. 

Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА



ЛОИҚ РАҶАБОВ
РЕКОРДСМЕНИ ТОҶИК ДАР UFC
Бино ба иттилои ташкилоти UFC, Лоиқ Раҷабов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар аввалин набарди худ бо 11 партоби муваффақ (тейкдаун) рекорд гузошт. То ӯ ягон варзишгар дар вазни сабук дар аввалин зӯрозмоӣ 11 тейкдаун анҷом надода буд.
Ин дар ҳолест, ки Лоиқ муҳорибаро бо Эстебан Рибович (Аргентина) ҳамагӣ як ҳафта пеш қабул карда буд. Маъмулан, варзишгарон набардҳоро 2-3 моҳ пеш қабул намуда, ҳарифро меомӯзанд ва омода мешаванд.
Размгари тоҷик дар доираи мусобиқаи UFC 285 Эстебан Рибовичро, ки 11 қувваозмоии бебохт дошт, шикаст дод. 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
ФУРҚАТ 
Рассоме бо услуби ғайриодӣ
 
Фурқат Карамхудоев рассом аст. Услуби тасвири ғайриодӣ дорад. Дар баробари он ки қариб дар ҳама жанрҳои санъати тасвирӣ маҳорат дорад, дӯст медорад бештар дар жанри мозаика-абстраксия асар биофарад. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст. Машҳуртарин асарашро «Писарбачаи танҳо» номгузорӣ намудааст. Идеяи офаридани ин асар замоне ба вуҷуд меояд, ки манзараи тамошои  писарбачаи танҳоеро, аз паси панҷараи хонаи ҳамсояаш мушоҳида мекунад. Фурқат намоиши асарҳояшро дар дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ мондааст.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ



НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ 
ФИРОР АЗ ҶОЙИ ҲОДИСА 
Аз ахбори БДА:
Дирӯз сержант Смирнов мошини сабукраверо дошт, ки мисли тирмор тезу печида меомад. Сари чанбарак сардори Бозрасии давлатии автомобилиро дид, ки маст буду пинак мерафт.
Мутаассифона, гумонбар сержант Смирнов аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ЗИМИСТОНИ АФСОНАВӢ
2. ЭСТОНИЯ. ТАЛЛИН 

Барф ба шаҳрчаи куҳани миниатюрии Таллин ҳусни махсус мебахшад ва дар фасли зимистон шумо метавонед соатҳо дар хиёбонҳо сайругашт кунед, маъбаду дуконҳоро тамошо ва дар қаҳвахонаҳои бароҳат аз сармо панаҳ баред. 
Манзараҳои зеботарини шаҳр аз саҳни Калисои Олаф (ҳарчанд он дар ҳавои барфӣ маҳкам аст) ё аз деворҳои қалъа, ки шумо метавонед аз кӯчаи Гумнаосиуми ба он ҷо бароед, хеле ҳам зебо намудор мешаванд.

Таҳияи Кароматулло АТО


АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
АЗ 117 000 КИТОБИ ВАЗИРИ ФОРС ТО ПОСУХИ НАВИСАНДА БЕРНАРД ШОУ

1. Аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон Юрий Гагарин аз фазо ба Замин назар андӯхта, онро «Сайёраи нилобӣ» номид. 
2. Дар замонҳои қадим бехпиёз дар илми нуҷум аввалин асбоби аёнӣ буд. Олимон онро даврашакл бурида, аз рӯи он сохти дунёро ба шогирдон меомӯзонданд. Онҳо исбот мекарданд, ки Замин аз чанд қабат иборат аст.
3. Гов то 25 сол, гӯсфанд 15 – 20, буз 12 – 15, хук 14 – 18, асп 35 – 40, шутур то 40 сол ва маркаб 50 сол умр мебинанд.
4. Вазири Форс Абдулқосим Исмоил (асри Х) тамоми китобҳои китобхонаашро ҳангоми сафар бо худ мебурд. 117 ҳазор китобро бо тартиби алифбоӣ дар 400 уштур мекашонд. 
5. Дар Корея нозирони роҳ (ГАИ) вазифадоранд дар бораи ҳама ришвае, ки аз ронандаҳо меситонанд, гузориш диҳанд. 
6. Барои тавлиди 100 грамм шаҳд, занбӯри асалро мебояд 46 ҳазор километр парвоз намояд.
7. Соли 1925 Ҷоизаи Нобел ба нависанда Бернард Шоу дода шуд. Ба ин муносибат, посухи нависанда аҷиб буд: «Ҷоиза ба банда барои он супурда шуд, ки дар ин сол «баҳри хурсандии оламиён» асаре таълиф накардаам».

Таҳияи Кароматулло АТО


АЗ ОЛАМИ МӮД
ҶАННИ  ВЕРСАЧЕ
Ҷанни Версаче соли 1946 дар шаҳри Реджио ди Калабрия (Италия) таваллуд шудааст. Ҷанни дар хурдсолӣ нисбат ба мӯд бепарво набуд. Ӯ ба модараш ёрӣ мерасонд ва барои интихоби матоъ маслиҳатҳои хуб медод. Ҳамин тавр, писарчаи боистеъдод аввалин либосро дар синни 9-солагӣ офаридааст. Вай баъд аз хатми мактаб дар Олмон ҳамчун меъмор таҳсил кардааст.
Тарроҳи ҷавон дар пойтахти мӯди шаҳри Милан ном баровард. Соли 1972 ӯ аз бренди “Florentine Flowers” фармоиш гирифт, ки ба таври фаврӣ либосҳои тобистона омода созад. Ҳамзамон, Ҷанни либосҳои аввалинро пешниҳод кард. Коршиносон онро то ҳол яке аз моҳиртарин дар кори тарроҳони мӯд медонанд. Ҷанни 15 июли соли 1997 вафот мекунад ва хоҳараш Донателла Версаче кори ӯро идома медиҳад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


ЯК ЛАТИФА 
Дар муолиҷаи духтур
– Гӯш мекунам, чӣ арз доред?
– Рафиқ духтур, мехоҳам ҷовидон зинда бошам!
– Ин тавр бошад, зан бигиред!
– Пас, ҷовидон зинда мемонам?
– Не, аз орзуятон даст мекашед!

Аз русӣ тарҷумаи Наргис РОЗИҚОВА


ТЕННИСИ РӮИ МИЗ
ЯК ҲОЛАТИ РЕКОРДӢ
Соли 1936 дар шаҳри Прага ҳангоми мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз ду варзишгар рекорди ҷаҳонӣ гузоштанд, ки то ҳол шикастнопазир аст. Онҳо давоми ду соат бидуни танаффус тӯбчаро дар рӯи миз нигоҳ доштанд, то замоне ки яке аз ҳарифон тӯбчаро аз даст дод. Ин дар ҳолест, ки варзишкорони ҳирфаӣ оид ба тенниси рӯи миз дар як дақиқа аз 120 то 150 зарба мезананд. 
Аз соли 1988 тенниси рӯи миз расман ба барномаи тобистонаи олимпӣ дохил шуда, варзишгарони Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бештар медалҳои тилло дар ин намуди варзишро соҳиб мешаванд.

Таҳияи Файёз ФИРӮЗ


ҲИКМАТҲО

Касоне, ки гӯшаи гаҳвораро ба даст доранд, аз онҳое, ки зимоми корҳоро дар даст гирифтаанд, тавонотаранд.

* * * 
Дили модар зеботарину ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзандаш сафед шуда бошад.

Ҳозиркунандаи чоп 
А. РАҲИМ


ЗАМИНИ ДУЮМ:  КЕПЛЕР
 
Яке аз дурбинҳои кайҳонии NASA TESS дар системаи ситоравии TOI 700 сайёраеро бо шакл ва андозаи Замин пайдо намуд. Сайёра метавонад дорои об ва, ҳатто ҳаёт бошад. Ин яке аз ҳодисаҳои беназир ба шумор меравад, чунки бештари таҳқиқоти системаҳои ситорагӣ нишон медоданд, ки дар ин минтақа шароит барои зиндагӣ вуҷуд надорад. 

Таҳияи Латифабону 
РУСТАМЗОДА


АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
МАРТИН БОЗИГАРИ ТИМИ МАҒЛУБЕ, КИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ГИРИФТ

Дарвозабони дастаи “Нюкасл” Мартин Дубравкаи словакӣ, бо вуҷуди бохти тимаш дар финали Ҷоми лигаи Англия – 2022/2023 аз бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” (0:2), ҳамчун ғолиб медали тилло гирифт. Оё ин тавр ҳам мешавад? Оре! 
Мартини 34-сола қисми аввали мавсимро ҳамчун иҷора дар ҳайати «девҳои сурх» гузаронда, дар Ҷоми лига бо «Манчестер Юнайтед» бар тимҳои «Астон Вилла» (4:2) ва «Бёрнли» (2:0) пирӯз гаридааст. 
Ба далели ширкаташ дар ин бозиҳо, дарвозабон натавонист дар финал ба “Нюкасл” ёрӣ расонад. Аз ин хотир, ҳамчун бозигари “Манчестер Юнайтед” ғолиби Ҷоми лига эътироф гашт. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН


ИСТИРОҲАТ
Ҳайвонот ҳам ба он ниёз доранд
Дар Япония боғи ҳайвоноте вуҷуд дорад, ки дар муддати як сол ҳайвонот ду моҳ истироҳат мекунанд. Яъне, ду моҳ ба боғи ҳайвонот одамон ворид намешаванд. Мақсад аз эълони истироҳат таъмини оромии ҳайвонҳои боғ аст.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА



23 ДОЛЛАР
 БАРОИ ДУЗДИИ ИН МАБЛАҒ ЛЮ  14 СОЛ ДАР ҒОР БА САР БУРД, ВАЛЕ...
Ба полиси Чин марде бо номи Лю Моуфу муроҷиат намуд, ки мехоҳад барои ҷинояти 14 сол пеш содиркардааш ҷазо гирад. Ӯ соли 2009 бо рафиқаш аз як нуқтаи  фурӯши сӯзишворӣ 23 доллар дуздида будааст. 
Вақте аз ӯ то ин дам дар куҷо буданашро пурсиданд, гуфт, ки аз бими боздошт шудан 14 сол боз дар ғори дурдасте пинҳон будааст. Дар ин муддат,  падарашро аз даст дода, дар маросими дафнаш иштирок карда натавонист. Тӯйи арӯсии писараш ҳам, бе ҳузури ӯ барпо гашт. Ҳатто, наберадор шуд ва ӯро боре ба даст нагирифтааст. Акнун, Лю дигар тоқати фироқу пинҳон мондан аз ҷавобгариро надораду мехоҳад дар зиндон адои ҷазо намояд. 
Тибқи маълумоти полиси Чин, барои дуздии 23 доллар ба Лю Моуфу 10 соли зиндон таҳдид мекунад. 
Тарҷимаи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ


ТАНЗИМ 
НЕЙМАР БАРОИ ЗИЁДАРАВӢ ДАР ЗОДРӮЗАШ ҶАЗО ГИРИФТ
Ситораи бразилиягии футболи муосир Неймар барои таҷлили дабдабаноки зодрӯзаш муҷозот шуд. 
Футболбоз, ки дар ҳайати «ПСЖ»-и шаҳри Париж бозӣ мекунад, ҳангоми ҷашни мавлуд тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст. Мири шаҳри Париж Люк Ваттел, ки дар ҳамсоягӣ бо Неймар зиндагӣ мекунад, аз зиёдаравии футболбоз ва ёронаш нороҳат шуда, ба пулис шикоят кардааст. Дар натиҷа, нисбат ба Неймар ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ шуд.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН


СЕ ПАНД
Ҳар вақт ҳамаи мардум бо ман мувофиқат кунанд, эҳсос менамоям, ки дар як ҷое хато кардаам.
*** 
Ҳунари сухан гуфтан чизе ҷуз ҳунари зиндагӣ кардан нест.
*** 
Хонаи бе зан гӯристон аст.

Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ



НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ҚАЛАМИ СУРХ

Модар вақти гусели фарзанд ба хизмат таъкид мекунад:
– Писарам рафти тез-тез хат кун, овозаҳо бисёр, ҳақиқаташро навис, агар ҳолат хуб набошад, мо зуд хабаргирӣ меоем.
– Эҳтиёт кунед, номаҳоро месанҷанд, – ба гап ҳамроҳ мешавад тағои аскарбача.
– Ин тавр бошад, писарам, агар шароит хуб бошад, ручкаи кабуд қати навис, мабодо бад шуд, қалами сурхро истифода бар, ман худам мефаҳмам.
Баъди яку ним моҳ ба номи модар ба ин мазмун нома мерасад:
– Модарҷон ҳамааш хуб, нохубаш ҳамин ки ба мо қалами сурх намедиҳанд. 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


Шахсиятҳое, ки оламро дигар карданд
СТИВЕН ҲОКИНГ 
Стивен Ҳокинг аз зумраи олимони саршиноси ҷаҳон буда, дар рушди илм, хусусан, кайҳоншиносӣ ва физикаи назариявӣ, саҳми бебаҳо дорад. Ҳокинг бо вуҷуди бемории инкишофёбандаи дегенеративӣ қариб тамоми кашфиётҳояшро анҷом додааст. Аввалин нишонаҳои склерози паҳлуи амиотрофӣ (бокового амиотрофического склероза) дар солҳои донишҷӯиаш пайдо шуданд ва ҳоло олими бузург комилан фалаҷ аст. Аммо бемории вазнин ва фалаҷ ба Ҳокинг монеъ нашуд, ки китобҳои зиёде нависад ва яке аз асосгузорони космологияи квантӣ ва барандаи тамоми ҷоизаҳои бонуфуз гардад.
Таҳияи Комрон САФАР



ТАТЯНА АФЕНТЙЕВА 
НАХУСТИН БОНУИ САРНИШИН  ДАР ТОҶИКИСТОН
Сарнишин Татяна Афентйеваи тоҷикистонӣ Ҷашни Рӯзи Модарро бо 1000-умин парвозаш таҷлил намуд. Тибқи одати авиатсия, Татяна ин нишондодро дар хона бо торти анъанавӣ ҷашн гирифт. 
Орзуи ходими борт дар ҳавопаймо (бортпроводник) Афентйеваро ба парвоз таҷрибаомӯзони хориҷие бедор кард, ки сари чанбари ҳавопаймо дид. Ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи ҳавоии Сасовски Россия супурда, соҳиби диплом шуд. Ӯро ҳамкорони тоҷикаш хуб қабул намуданду дар такмили малакаву маҳорати касбиаш саҳм гузоштанд.
Инак, 10 сол мешавад, ки сарнишини дувум дар парвоз аст. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА

Санаи нашр: 17.03.2023 №: 57 - 58
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

ШОМИ ШАНБЕ
17 феврал 2023, Ҷумъа
ШОМИ ШАНБЕ
ШОМИ ШАНБЕ
03 март 2023, Ҷумъа
ШОМИ ШАНБЕ
ШОМИ ШАНБЕ
13 феврал 2023, Душанбе
ШОМИ ШАНБЕ
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив