ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗИ НИЁКОН ДАР КИШВАРИ ОЗОДАГОН

НАВРӮЗИ НИЁКОН ДАР КИШВАРИ ОЗОДАГОН

18 март 2023, Шанбе
66
0

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ҷашнҳои миллии бостонии мо – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро зери омӯзишу баррасӣ қарор дода, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи ин оинҳоро боз ҳам равшантар созанд. 

Дар ҳамоишҳо бо донишмандони кишвар ва адабпажӯҳони хориҷӣ суҳбатҳои пурмуҳтавое ороста, омӯзиши густурдаи пешинаи таърихии ҷашнҳои миллии тоҷиконро яке аз паҳлуҳои муҳими хештаншиносии милливу таборӣ донистаанд.
Наврӯз ба рӯзгори ҳазорсолагони пешинаи мо чунон пайвастагиҳо доштааст, ки ҳама мардум – чи шоҳу чи деҳқон, чи пешавару чи бозаргон, чи солхӯрдаву чи ҷавон ба пешвозаш тадбирҳо меандешиданд ва аз гомҳои хуҷастааш, орзуи беҳрӯзгориҳо доштанд. Пешинаи Наврӯз дар сарчашмаҳои олимонаи тоҷикону эронитаборон 7500-сола дониста шудааст. Ин, ки умри Наврӯз реша дар оғози саргузашти тоҷикону эронитаборон дорад, нахуст дар китоби бузурги мо Авасто ва дигар дар китоби ҳазорсолаамон «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ равшан баён шудааст. Он чи дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар китобҳо мехонем, ғолибан такя ба гумонҳову тахминҳои дигарон дорад.
Дар «Фарвардин яшт»-и китоби Авасто сабт аст, ки рӯзи нахустини Фарвадин фурӯҳарҳо (фариштаҳо) аз осмон фуруд омада, дар ин куҳанбор ба хушнудии одамон ҳамроҳ мешаванд.
Ҳар гоҳ мо дар мавриди пайдоишу пешинаи дури ҷашнҳоямон андешаронӣ мекунем, мебоядамон сайре дар он замонаҳои дур дошта бошем ва бидонем, ки шароити зиндагӣ, шеваи будубоши 7500-солагонамон чи гуна будааст. Чунончи зистгоҳи онҳо дар куҷо қарор дошта, боду ҳаво, фаслҳои сол ва гоҳшумориашон ба сони имрӯз будааст, ё хайр? Хуршед дар он замонаҳо чун имрӯз нур мебахшид, ё дар ин 366 рӯзи сол, абрҳои сиёҳу гирдбодҳои сард офтобро пӯшонида, ба дилҳо гумон меовард, ки яхбандиҳои пурдавому дилбазан карона надошта, Аҳримани сиёҳу сард намегузорад Хуршед гармиву рӯшноиро бозовард.
Ба  пиндори  иддае аз  ховаршиносон, зистгоҳи ориёиҳо то кӯчбандиҳои нахустин (великая миграция) дар минтақаи ниҳоят сард ҷой дошта, онҳо як солро ба ду бахш фасл карда буданд; 6 моҳи гармо ва 6 моҳи сармо. Бориши барф он сон зиёд будааст, ки мардумон гаҳе субҳ тавони кушодани дари хонаро надошта, аз тариқи равзанаи бом (мӯрӣ) баромада, барои кушодани даромадгоҳ чанд вақте барфрӯбӣ мекарданд. Барои аз чашма об овардан, мардону занон роҳ мерӯфтанд, роҳро «пай мекарданд» (яъне дасти ҳам гирифта барфҳоро пойкӯбӣ мекарданд.) Дар охирҳои зимистон ҳама захираҳо ба поён мерасид: хӯроки то ҷашни Меҳргон захиракарда, ҳезуму дигар сӯзишворӣ тамом мешуд, хӯроки чорво, аз коҳи хушку алафи хушк ба охир расида, чорво лоғар мешуд, муриши чорво авҷ мегирифт. Роҳҳои бозаргонӣ баста шуда, аз деҳае ба деҳаи дигар, аз рустое то ба шаҳр рафтан номумкин мегашт. Падарону модарони мо барфҳои «одамкуш»-ро ба ёд меоварданд, ки дар роҳҳои байни деҳоти кӯҳнишин ва шаҳр, пас аз об шудани барф ҷасадҳои одамонеро пайдо мекарданд, ки дар масири роҳ зери бориши босуръати барф монда, зиндагиро аз даст додаанд. 
Дар он замон ягона умеди гузаштагонамон ба Сари сол – моҳи фарвардин расидан буд, ки онро Наврӯз ва бо меҳр Наврӯзи дилафрӯз, Наврӯзи хуҷастапайк (яъне хабари хуш оваранда), Наврӯзи оламафрӯз, Наврӯзи хуҷастафол, Наврӯзи гулафшон, Наврӯзи ҷаҳоноро, Сари сол номида буданд. Чун гулҳои навбаҳорӣ аз хок сар берун мекарданд, бачаҳо маросими «Гулгардонӣ»-ро иҷро мекарданд. Ҳар гоҳ бачаҳо дастагули сияҳгӯшро ба сӯйи соҳибони хона дароз мекарданд, онҳо дастагулро ба дидаҳо молида мегуфтанд: «Сад шукр, ки ба баҳор расидем. Худо моро то баҳори дигар бирасонад!» Ин гуфтаҳо ишора ба душвориҳои зимистонгузаронӣ дорад. 
Пас аз садсолаҳо ниёкони ориёии мо ба чанд самт кӯч баста, зистгоҳҳоеро писандиданд, ки нури офтоб ба таври басанда ба пайкарашон, ба заминҳояшон гармиву рӯшноӣ мебахшид. Дар он заминҳои писандида деҳгонӣ кашф карда, ба киштварзӣ пардохтанд.
Ва Варорӯдро – сарзамини рӯдбори зиндагибахши Омӯ ва Сирро ниёкони ҳушманди мо зистгоҳ пазируфтанд. Ва аз ин ки киштварзӣ мояи асосии зиндагии онҳо буд ва чун кишоварзӣ ба гардиши Офтоб пайвастагиҳои ногусастанӣ дошт, тоҷикон гоҳшуморие - (календаре) офариданд бар пояи гардиши Офтоб, кӯтоҳиву дарозии шабу рӯз. Он рӯз, ки Офтоб ба бурҷи баланди кайҳонии худ расида, баробарии шабурӯз ба миён омад, он рӯзро «Наврӯз» номиданд.
Дар  ин ҷо бояд аз шоҳ Ҷамшед ёдовар шуд, зеро бар тахт нишастан ва тобиши нури офтоб бар пешонии ӯ, ки дар рӯзи нахустини фарвардин сурат гирифта буд, Наврӯз хонда шуд. Ҳамин аст, ки ҷашни Наврӯзро ҷамшедӣ номидаанд.  
Таърихнигори барҷастаи тоҷик  Наршахӣ ҷашнгирии Наврӯзро дар яке аз деҳоти Бухоро тасвир карда, дар бораи Наврӯзи кишоварзон чунин ёдовар шудааст: «… ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рӯз бозор аст ва чун бозори охирини сол бошад, 20 рӯз бозор кунанд ва 21-ум рӯз Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисоб нигоҳ доранд ва бар он эътибор кунанд». 
Шоиста ба гуфтан аст, ки Наврӯз дар дарозои ҳазорсолаҳо сад паҳлу ва шояд беш аз он ба худ афзудааст, аммо чун мо дар ин фурсат дар  бозгуфтани ҳама паҳлуҳои хуҷастаи он маҷол надорем, ҷуз аз пайвастагиҳояш ба оини кишоварзӣ, сухане пиромуни ҷойгоҳи варзиш низ дар ҷашнгирии Наврӯз пеши дидори хонандагони гаронмоя, мегузорем.
Варзиш ба маросиму оинҳои наврӯзӣ он қадар пайваста аст, ки мо – тоҷикон ба хаёламон роҳ дода наметавонем, ки ин ҷашни зебои аз ҳазорсолаҳо то имрӯз омадаро бе тамошои мусобиқаҳои варзишӣ гузаронем. 
Ба пешвози Наврӯз аз замонаҳои дури таърихӣ на танҳо деҳқонон, хунёгарон, шоҳону шоирон, балки варзишгарон омодагириҳо медиданд. Парасторони варзишҳои аспсаворӣ, ба монанди чавгонбозон, асптозон, дар дарозои мавсими сармо аспҳои худро парваронда, то Наврӯз, ба истилоҳи мардумӣ, аспҳои мастгаштаашонро хунук мекарданд, орову торо медоданд ва рӯзҳои наврӯзӣ шиҳаи аспони ба мусобиқа омодагашта, дар майдонҳо танинандоз мешуд.
Ҷолиб аст, ки дар адабиёти куҳани мо истилоҳе ба гунаи «Гулрезони паҳлавонон» ба чашм мехӯрад, ки он ба мусобиқаҳои гӯштӣ пайвастагӣ дорад. Истилоҳи Гулрезон ба он ишора доштааст, ки ҳар сол ба Наврӯз дар майдончаи мусобиқаҳои гӯштӣ рӯймолеро мегустурданд ба хотири саҳмгузории тарафдорони ин ё он паҳлавон дар дастгирии ниёзмандон. Яъне ҷамъоварии хайрияи маблағе барои дастгирии нотавонон. 
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ дар мавриди расму оинҳои паҳлавонӣ гуфторҳои зиёде дорад ва яке аз хислатҳои чашмгири паҳлавонон, ёрӣ расондан ба нотавонон, ба вижа варзишгарони нотавонгашта ва дигаре пос доштани нангу номус мебошад. Майдони гӯштигирӣ арсаи на танҳо намоёндани зӯриву ҳунармандии паҳлавон, балки майдони ба намоиш гузоштани хислату манишу ахлоқи  ҷавонмардӣ низ ҳаст. 
Мо дар ин Наврӯзномаи фишурдаи худ фурсати овардани тамоми шоистагиҳои Наврӯзро наметавонем пеши рӯ оварем, аммо як – ду нуктаи вижаи онро, ки ғолибан сарсарӣ бозгуфта мешавад, барои ислоҳ пешниҳод мекунем. Ва он ин аст, ки ҳангоми оростани хони наврӯзӣ гумон бурда мешавад, ки бояд хони наврӯзӣ танҳо аз хӯрданиҳои бо ҳарфи «син» (С) унвондоштаро барчинанд. Ба сони «санбӯса», «сабзӣ» ва монанди он ки нодуруст аст.  Аммо ҳафтсини классикӣ аз чунин хӯрданиҳову фолҳо иборат аст: Сир – нақши муҳофизро дар суфра иҷро мекунад ва хонаву сокинони онро аз неруи манфӣ ва чашми захм (бад) дур нигаҳ медорад. Себ – намоди (символи) саломатӣ ва ишқи сокинони хона ба якдигар аст ва бояд ба шумораи одамони хона себи солиму расида дар суфра гузошта шавад. Суманак – намоди баракат аст ва беҳтар аст барои тақвият ва такмили нақши он, ҳамроҳи ширинӣ сари суфра оварда шавад. Сикка (танга, пул) – намоди сарват аст ва беҳтар аст, ки онро ҳамроҳи гандум сари суфра биоварем, то ки сарватеро ки ба дастархони худ мехоҳем, пурбаракат бошад. Сипандро ҳамеша дуд мекунанд, то аз чашми бад дур бошанд. Ин мавзуъ аз қадим дар хонаводаҳои тоҷикону эронитаборон расм будааст ва рӯи суфраи ҳафтсин сипандро ҷой мекунанд, то дуд кунад. Сабза – намоди рӯиши дубора ва оғози дубора аст, вале бояд таваҷҷуҳ дошт, ки гирди зарфи сабзарӯёнда, бо банди сабз баста бошад, то ки сабза парешон нашавад.  Санҷид – намоди равобити кориву хонаводагӣ аст; агар дар соли гузашта чандон муошират надоштед ва дар соли навхоҳиши дубора барқарор кардани муоширати хешро биафзоед, имсол барои санҷид зарфи калоне интихоб кунед.    
Ҳамин гуна «ҳафтмим» ва «ҳафтшин» низ дархӯри орзуҳои нек мебошанд.
Бузургдошти беҳамтои ин ҷашни аз бобоён бамеросомадаро дар он мебинем, ки бо дастури Пешвои миллат дар ҳар ноҳияи мамлакат наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтаанд, ки пешинаи таърихии  ин суннати бостонӣ чунин гиромидоштро ёд надорад. Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навгониҳои зебову тозае ба ҷашнгирии Наврӯз афзуда шуданд, ки ҳамчун намоди сарсабзиву хуррамии кишвар мебошанд. 

Зафар МИРЗОЁН,
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 18.03.2023 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив