ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОРДЕНИ ДӮСТӢ. АЗ ЭЪТИРОФИ ШАХСИЯТ ТО ЭЪТИБОРИ МИЛЛАТ

ОРДЕНИ ДӮСТӢ. АЗ ЭЪТИРОФИ ШАХСИЯТ ТО ЭЪТИБОРИ МИЛЛАТ

18 июл 2024, Панҷшанбе
7
0

Тақдими мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени  Дӯстӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон сурат гирифт, рӯйдоди фараҳбахшу хотирмонест, ки боиси ифтихори ҳар фарди бедордил гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоқикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуданд.

Чеҳраҳои намоён, олимону донишмандони саршиноси тоҷик ҳам аз тақдими ин мукофоти олӣ ба Сарвари давлати мо, ки бори нахуст берун аз марзи ин кишвари қудратманд супурда мешавад, самимона истиқбол карданд, ки мо чанд намунаи онро манзури хонандагон мегардонем: 

Кароматулло Олимов

академики АМИТ,

барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино

Ба мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени  Дӯстӣ сазовор шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин эътирофи шахсияти бузурги байналмилалӣ будан, дар рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобил дар байни ду давлат саҳми бузург гузоштани Сарвари давлати Тоҷикистон мебошад.

Ин воқеаи фараҳбахш, дар ҳақиқат, шаҳодати аз тарафи як давлати бузург қадрдонӣ кардани Сарвари давлати мо барои хизматҳои бузург дар таҳкими муносибатҳои бародарона ва саҳми бузурги Пешвои миллати тоҷик дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Муқоиса кунед: кишвари Чин якуним миллиард аҳолӣ дорад, Тоҷикистон 10 миллион. Вале Сарвари давлати Тоҷикистон мавриди эътироф ва эҳтироми давлати бузурги Чин гардидаанд. Қатъи назар, аз хеле кам будани аҳолии кишвари мо саҳми Пешвои миллат дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳову эҷоди фазои боварӣ ва ҳамкориҳои муассиру созанда чунон бузург аст, ки ӯро ҳамчун шахсияти бузурги ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. 

Сарфароз гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин нишони мақоми баланди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва кӯшишҳои Сарвари давлатамон дар таҳкими сулҳу муносибатҳои дӯстона дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Бешак, барои ҳар як тоҷикистонӣ эътирофи хидматҳои Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихор аст. Ин мукофот як қадршиносии одӣ ё лутфи дипломатӣ нест, балки он баҳо додан ба хизматҳои бузурги байналмилалӣ ва ба ҳайси як сиёсатмадори бузурги ҷаҳонӣ шинохта шудани фарзанди бузурги халқи тоҷик аст. Садоқат ба ҳадафҳои олии инсонӣ, ба сулҳу дӯстӣ, муборизаи  пайваста барои ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкориҳои беғаразона бо кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон аз хислатҳои бузургворонаи Пешвои миллат мебошанд, ки аз санҷишҳои дақиқназаронаи сарварони кишварҳои бузург пинҳон намондааст. Ин мукофоти олӣ ҷавоби қотеъ аст ба душманони Пешвои миллат, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, ки муваффақиятҳо ва заҳматҳои Ҷаноби Олиро аз ғаразу душманӣ дида наметавонанд. Вале сарвари як кишвари бузурги ҷаҳони муосир ба онҳо гӯё ҷавоби дандоншикан додааст. Байти машҳур муносиби ин рӯзи фараҳбахш ва қадршиносии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад: Қадри зар заргар бидонад, қадри гавҳар ҷавҳарӣ.

Бо дарки масъулият ва ҳисси ифтихор аз чунин қадршиносӣ вазифаи ҳар шаҳрванди кишвари азизамон аст, ки дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда, барои рушду нумуи Ватани азизамон, баланд шудани сатҳи некӯаҳволии мардумамон ва боз ҳам боло рафтани обрӯю нуфузи он дар сатҳи байналмилалӣ хидмати арзанда намоем. 


Рустам Ҳайдарзода,

директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупо:

Воқеан, дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии ин чеҳраи тобноки таърих пайваста ҳама гуна ташаббусҳои созандаи Чинро, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ нигаронда шудааст, дастгирӣ мекунад. Тоҷикистон дар чорроҳаи муҳими Осиё воқеъ буда, метавонад як пули пайвасткунанда дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Чин бо кишварҳои дигари Авруосиё бошад. Тавре маълум аст, Тоҷикистон аввалин шуда Ёддошти тафоҳумро дар бораи пешбурди муштараки ташаббуси роҳбари Чин «Як камарбанд, як роҳ» ба имзо расонд. Дар ин замина бояд таъкид намуд, ки кишвари мо бо сиёсати муваффақи хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот намуд, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди Чин аст. Ҳамчунин, бояд таъкид намоем, хизмати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва эъмори Созмони ҳамкории Шанхай, ки низ ба фаъолияти байналмилалии Чин иртибот дорад, хеле муҳим аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешвоёни барҷастаи замони мост, ки дар ташаккул ва рушди СҲШ саҳми арзанда гузоштааст. Бо назардошти ҳамаи ин заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими шарикии стратегӣ ва дӯстии мардумони Тоҷикистону Чин равона шудааст, ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда шуданд. Гирифтани чунин мукофоти олӣ аз эътибори баланди сиёсии Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Бахтиёр ҚутбиддиНов,

декани факултети журналистикаи ДМТ:

Сарфароз гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени Дӯстӣ боз як қадами бузурги дигар дар муаррифии Тоҷикистон ва баланд гардидани нуфузу эътибори байналмилалии Президенти кишвар мебошад. Ҷомеаи башарӣ давоми қарнҳо ба таври ҳамеша он шахсиятҳоеро эътирофу эҳтиром менамояд, ки агар дар ду ҷабҳаи муҳим саҳмгузор бошанд:

1. Сулҳдӯстӣ ва таъминкунандаи суботу осудагӣ дар муқобили ҷангу хунрезиҳо.

2. Ободониву созандагӣ ва талоши пешрафту шукуфоӣ барои некӯаҳволии халқ.

Ҷойи баҳс нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози замони роҳбарияшон ин ду самтро дар меҳвари сиёсати пешгирифтаашон чун шиор қарор додаанд.

Маълум, ки мукофотро Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  вазъияти  тантанавӣ  бевосита  аз дасти Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гирифтанд. Ин омил низ бузургии шахсияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад, ки Роҳбари як давлати абарқудрати ҷаҳон ба ӯ эҳтиром мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳпарвар дар  сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ нақши боризу барҷаста доранд ва тавонистанд, Тоҷикистонро чун як кишвари ташаббускор дар роҳи манфиатҳои аҳли башар нишон диҳанд.

Толиб Луқмон,

сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат":

Тақдими ордени Дӯстӣ ба Пешвои муҳтарами миллати мо Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, бетардид, падидаи хеле фараҳбахшу ифтихорофарин аст. Ин ордени пурарзиш ба шахсияте эъто гардид, ки дар минбарҳои дунё ҳамеша аз сулҳу оромиш ва рифоҳу амнияти мардуми сайёра сухан мегӯянд ва аз номи миллати меҳройини тоҷик ба оламиён паёми дӯстиву ҳамдилӣ мерасонанд. Бори дигар ба равшанӣ собит гардид, ки Президенти кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ бо сиёсати дӯстпарвонаи хеш ҷойгоҳи баланд доранд ва дар сиришту симои худ ҳама хислатҳои писандидаи бузургони гузаштаи миллати моро бармало кардаанд. Ин дастоварди тамоми миллат ва подоши талошҳои пайвастаи Пешвои муҳтарами мо дар густариш ва тақвияти дӯстии халқҳост.

Ордени мазкур аз он ҷиҳат барои мо муҳим аст, ки нуфузу эътиборамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар мекунад. Пешвои миллат бо он ҳама талоше, ки барои густариши сулҳу амният дар паҳнои ҷаҳон ва муносибатҳои неку дӯстона бо кишварҳо доранд, барҳақ сазовори ин ордени муътабаранд.

PS: Мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени Дӯстӣ аз соли 2016 ба шаҳрвандони хориҷӣ барои хизматҳои барҷаста дар рушду такомули сотсиализм дар Чин, тақвияти ҳамкориҳои Чин бо ҷомеаи ҷаҳон ва ҳифзи сулҳ дар олам дода мешавад.

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”



Санаи нашр: 18.07.2024 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив