ШИНОСОИИ ҲАЙАТИ КОТИБОТИ НОМИНАТСИЯИ ФАРОМИЛЛИИ РОҲИ АБРЕШИМ БО ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ, ФАРҲАНГӢ ВА МЕЪМОРИИ СУҒД
Масоили марбут ба муаррифии ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд ва шомилсозии онҳо ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО дар мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона – Сирдарё таҳти роҳбарии Жанат Сеидалиева баррасӣ гардид.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат ёдовар шуд, ки айни замон дар вилояти Суғд зиёда аз 1190 ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Давоми солҳои 2019-2021 ҷиҳати шомилсозии шаш ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории вилояти Суғд ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО корҳои назаррас анҷом дода шуда, ҳадафи ташрифи меҳмонон омӯзиши дақиқи ин иншоот мебошад.
Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)