ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФРОТГАРОӢ. БАРРАСИИ ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗО ДАР ҶАЛАСАИ ФАВРӢ-ХИЗМАТӢ

ИФРОТГАРОӢ. БАРРАСИИ ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗО ДАР ҶАЛАСАИ ФАВРӢ-ХИЗМАТӢ

22 июл 2024, Душанбе
16
0

 Дар толори маҷлисгоҳи раёсати ВКД дар вилояти Хатлон  ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода,  роҳбарияти раёсат ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои милитсияи вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Нахуст, сардори мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода аз дастоварду нишондодҳои кории милитсияи вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, ки мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон фаъолияти оперативӣ-хизматиро дар доираи шиори "Тарбияи ватандӯстӣ омили пешгирии ифротгароӣ" ба роҳ монда буд, натиҷабардорӣ намуд. 

Номбурда таъкид дошт, ки дар давраи мазкур қувваю воситаҳои мақомот ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, мубориза зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, коҳиш додани шиддати ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, таҳкими ҳамкорӣ бо шохаҳои гуногуни ҷомеа сафарбар шуда, уҳдадориҳои ба зиммаи корманди мақомоти милитсия гузошташуда дар сатҳи баланд гардиданд. 

Абдураҳмон Аламшозода оид ба пешгирии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа, аз муомилот боздоштани гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон сухан ронд. Таъкид шуд, ки чорабиниҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ боз ҳам тақвият бахшида шаванд.

Дар қисмати дигари ҷаласа фаъолияти шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он вобаста ба самтҳо ва уҳдадориҳои хизматӣ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуданд.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 17.07.2024 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив