ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА МЕТК ОБ ОМАД

БА МЕТК ОБ ОМАД

24 июл 2024, Чоршанбе
22
0
Деваштич аз ноҳияҳои дурдаст ва наздикўҳии Тоҷикистон буда, иқлимаш камоб мебошад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва иқдоми се тан аз соҳибкорону кумаки сокинон аз дарёи Даҳкатсой то заминҳои асрҳо бекорхобидаи деҳаи Метки ноҳияи Деваштич ба масофаи 8,5 километр оби полизӣ ва ошомиданӣ оварда шуд. Ин амал имкон медиҳад, ки наздикӣ 400 гектар замини ташналаб обшор гардида, дар кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, заминаи боэътимод гузошта шавад. 
Дар доираи барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ба зиёда аз 2 ҳазор гектар мазраъҳои асрҳо беобу бекорхобидаи деҳаи Метк бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ Абдураҳим Бегов, Шамсимаҳмад Одинаев, Ҷумъабой Умаров ва кумаки сокинони саховатпеша аз дарёчаи Даҳкатсой ба баландии зиёда аз 400 метр об бароварда, тавассути лўлаҳои қутраш 125 мм аз деҳаи Офтобрўя то заминҳои ташналаб ба  масофаи 8,5 км  ду хатти об кашида шуд. 
Ҷиҳати мунтазам бо барқ таъмин намудани хатти оби нўшоию полизӣ зеристгоҳи муқтадир васлу насб намуда, соҳибкорон аз Даҳкатсой то деҳаи Офтобрўя хатти барқ кашиданд. Ҷиҳати пурсамару оқилона истифода намудани ҳар қатраи оби нўшоию полизӣ дар баландии маркази заминҳои беобу ташналаб ҳавзи соруҷии мутамаркази ғунҷоишаш 140-тоннагӣ бунёд гардид. 
Барои анҷоми ин амали хайр соҳибкорон 3 миллион сомонӣ маблағ сарф карданд. Ин ташаббуси онҳоро чанд тан аз аҳолии хайрхоҳу саховатпешаи деҳаи Метк низ ҷонибдорӣ намуданд. Яке аз онҳо модари 86- сола Соима Бегова мебошад, ки тамоми умрашро дар ин дашти сўзону ташналаб паси сар намудааст, аз шунидани ин амали хайр 1000 сомонӣ маблағи нафақаи чандмоҳаашро  масраф кард. 
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар пайравӣ ба ташаббуси соҳибкорони варзидаи ватанӣ Абдураҳим Бегов, Шамсимаҳмад Одинаев ва Ҷумъабой Умаров давра ба давра зиёда аз 2 ҳазор гектар замини ташналаб шодоб гардонда мешавад. 
 
Саъдулло МАХКАМОВ, рўзноманигор
Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив