ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». ОЗМУНЕ, КИ ХУДШИНОСИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». ОЗМУНЕ, КИ ХУДШИНОСИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

24 июл 2024, Чоршанбе
20
0
Бешубҳа, худшиносиву худогоҳӣ асоси мустаҳкамии давлатдории халқу қавмиятҳои тамаддунофар ва миллатҳои соҳибфарҳанг аст. Аз ин нигоҳ, давлату кишварҳои соҳибнуфуз пайваста кӯшиш менамуданд, барои ҷомеаҳои худ, дар иртибот ба худшиносиву хештаншиносӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву қавмӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихори худ барномаву нақшаҳои санҷидашуда ва интихобгардидаро рӯйи даст гиранд.
Дар иртибот ба ин, бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон гаштани Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»-ро ҳамчун иқдоми барҷаста метавон унвон кард, зеро омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, пойдории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона барои ҳар фарди худогоҳ заруру ҳатмист.
Дар ҳақиқат ҳам имрӯзҳо ҷомеаи башарӣ эҳсос намудааст, ки дар ҷаҳони нопайдоканори муосир қувваҳои манфиатҷӯ дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, мафкураи ҷомеаро заҳролуд месозанд, баъдан ҳисси нобовариро дар умқи қалби шахс ҷой дода, ба амалҳои зишт ва хавфнок даст мезананд. Бинобар ин, мутолаа ва омӯзиши асарҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардумро аз ҷоҳиливу ноогоҳӣ раҳо намуда, дар замири ҳар фарди кишвар ҳисси хештаншиносиву ватандӯстиро меафзояд. Ба ибораи дигар, дар саргаҳи ҳамаи эҷодиёти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқу масъалагузории ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг, забон, урфу одат ва амсоли ин масъалаҳо меистад. Дар ин росто, Сарвари давлат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» қаламро бо алам омехта, бо шеваи бисёр зебову равон ва бамаврид менигоранд: «Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам».
Таърих гувоҳ аст, ки  калимаҳои забон, фарҳанг, таърих, ҳувият ва дигар арзишҳо дар  саргаҳи  тафаккури  олимон ва донишмандони кишварҳо қарор дошта,  вобаста ба тақозои замон ва раванди ҷомеаи ҷаҳон, тобишҳои нави маъноӣ касб мекунанд, доираи истифодаашон маҳдуд ва ё торафт бештар васеъ мегардад, ки ин масъала ба таври равшану муфассал дар асарҳои Пешвои миллат ба таври мураттаб ва побарҷо мавриди мулоҳизаҳои ҷиддӣ қарор гирифтаанд.
Кофӣ аст якчанд китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ном барем, ки барои худогоҳӣ ва хештаншиносии тоҷику тоҷикистониён роҳнамо ва иттилои заруриву тозаро матраҳ менамоянд, ки ҳамагӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллии мардум, бахусус ҷавонону наврасон,  беназиранд.
Мақоми асарҳои пурғановати Сарвари давлат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» дар ҷодаи тарбияи ҷавонон беҳад муассиранд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд. 
Бинобар ин, роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои баланд бардоштани дониши сиёсии мардум, махсусан ҷавонону наврасон, айни муддаост.
 
Бобоҷон ШАФЕЪ, 
Зафари ГУЛМУРОД,
кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив