ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕАТРИ МИЛЛӢ  БУЗУРГТАРИН МАРКАЗИ МАЪРИФАТӢ ХОҲАД БУД

ТЕАТРИ МИЛЛӢ  БУЗУРГТАРИН МАРКАЗИ МАЪРИФАТӢ ХОҲАД БУД

24 июл 2024, Чоршанбе
18
0
Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун мавқуф гузошта шуд буд, аз нав оғоз гардид. Боиси тазаккур аст, ки хишти аввали онро соли 2015 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари пойтахт дар фазои тантанавӣ ниҳоданд.
 
Бояд гуфт, ки аҳли фарҳанг онро оғози марҳалаи тозае дар таърихи  рушди фарҳанги тоҷик арзёбӣ намуданд. Ба андешаи онҳо, ин иқдоми шоистаи Президенти мамлакат бори дигар собит менамояд, ки дар сиёсати давлатии кишвар тарбияи насли ояндаи миллат  дар руҳияи фарҳангпарварӣ мақоми махсусро ишғол менамояд.
Воқеан, дар кишвари мо ба ҳунар, хосса санъати театрӣ, диққати махсус дода мешавад. Ҳамчунин, давоми чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳо қомат афрохтани театрҳои мусиқӣ-драмавӣ ва мусиқӣ-мазҳакавӣ далели ин гуфтаҳост. 
Ба гуфтаи коршиносон, Театри миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати худ аз дигар театрҳо фарқ хоҳад кард. Тарҳи он аз беҳтарин биноҳои пойтахт ба ҳисоб меравад. Бино ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминиро дар бар гирифта, баландиаш 34,5 метрро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа, Театр аз се толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумор иборат хоҳад буд. Толори асосии он барои 2500 тамошогар ва  ду толори дигар –  яке бо 1200 ва дигаре бо 1000 ҷойи нишаст, бунёд мегарданд. Баландии толори асосӣ 18 метр буда,  дар он барои оркестр низ ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷой мегиранд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ таваққуфгоҳ барои 250 мошин, ҳуҷраҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷойгир мешаванд.
Лоиҳаи Театр давоми панҷ сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои пешрафтаи олам омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Ба таъкиди мутахассисон, ин Театр бузургтарин ва зеботарин иншоот дар Осиёи Марказӣ  хоҳад буд. 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив