ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАМИН.  ПРОКУРАТУРАИ ВМКБ БА 68 ҚАРОРИ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ЭЪТИРОЗ ОВАРД

ЗАМИН.  ПРОКУРАТУРАИ ВМКБ БА 68 ҚАРОРИ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ЭЪТИРОЗ ОВАРД

30 июл 2024, Сешанбе
13
0
Риояи қонунгузорӣ вобаста ба замин зери назорати доимии  прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошта, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар ин самт 66 санҷиш гузаронда шуда, дар  натиҷа 158 амр ва 154 эътирози прокурорӣ, аз ҷумла 68 эътироз ба  қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо оварда шуд. Бинобар роҳ додан ба қонуншиканиҳо 64 шахси мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, алайҳи 142 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидаанд. Вобаста ба худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмони ғайриқонунӣ бошад, нисбат ба 18 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва  30,43 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Ин матлаб зимни ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти Прокуратураи ВМКБ, ки бо иштироки муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Сарвар Бозор баргузор шуд, баён гардид.
Прокурори ВМКБ Зоирзода Икром Оймаҳмад изҳор дошт, ки дар ин давра ба прокуратураҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо 166 муроҷиат ворид гардида, 82 муроҷиат бевосита аз тарафи кормандони мақомоти прокуратура баррасӣ шуд. 33 муроҷиати шаҳрвандон  қонеъ ва натиҷаи баррасии 43 ариза дар асоси  талаботи қонун ба муроҷиаткунандагон манзур гардида, 4 даъво рад шуд. 
Дар ҷаласа зикр гардид, ки назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар вилоят вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ 304 санҷиш гузаронда шуд. Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоргардида прокуратура 1273 амр ва 451 пешниҳод бароварда, тибқи санадҳои эътиноии прокурорӣ  нисбат ба 702 нафар ҷазои интизомӣ, 948 нафар ҷавобгарии маъмурӣ таъин ва 455 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуданд. Аз рӯи натиҷаи санҷишҳо 57 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва 12 парвандаи ҷиноятии дорои хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ оғоз шудааст. Маблағи товони зарари барқароршуда дар самти назорати  умумӣ  55770848  сомониро ташкил дод. 
Аз тарафи прокуратураи вилоят ба масъалаи таъмини иҷрои қонунҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, дар ин самт 126 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 7 пешниҳод ирсол шуда, нисбат ба 9 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. 
Зоирзода Икром Оймаҳмад иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1-уми июли соли равон дар ҳудуди вилоят 522 ҷиноят  сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 101 адад зиёд мебошад. 
– Дар ин давра баъзе намудҳои ҷиноят, аз ҷумла терроризм ва ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, бандитизм, одамрабоӣ, роҳзанӣ, истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият, барангехтани кинаю адовати миллӣ, таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он содир нашудаанд. ҷинояти одамкушӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад кам гардида, мутаассифона, ҷиноятҳои қаллобӣ, истеҳсоли мол ва маҳсулоти пастсифат, дуздии моликияти давлатӣ дар ин давра зиёдтар шудаанд. Ҳамчунин,  дар  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин давра 52 ҷинояти экстремистӣ сабт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст, – изҳор дошт прокурори вилоят.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив