ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭНЕРГЕТИКА. АЗ КОНФРОНСИ СЕЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТО ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО

ЭНЕРГЕТИКА. АЗ КОНФРОНСИ СЕЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТО ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО

30 июл 2024, Сешанбе
44
0
 
Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои дар сатҳи баланд доир шудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, тадбирҳои зарурӣ андешид. Мояи ифтихор аст, ки Конфронс аз тарафи коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. 


– Вазорат дар самти ташвиқу тарғиби ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об ва ҳифзи пиряхҳо, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардиданд, саҳми муносиб мегузорад. Дар доираи Конф-ронс, Вазорат дар якҷоягӣ бо шарикони рушд, як қатор форумҳо ва ҷаласаҳои канориро ташкил ва баргузор кард. Баргузории Форуми сеюми минтақавии ташкилотҳои ҳавзавии Осиёи Марказӣ, Форуми Осиёи Марказӣ «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми Африқо, чорабинии канорӣ «Рушди суръат – аз COP 28 то COP 29» – беҳтар намудани натиҷаҳои об барои амалҳо ба тағйирёбии иқлим, чорабинии канорӣ «Нақши ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон ҷиҳати ноил гардидан ба мақсад ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», инчунин, ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об аз ҳамин қабиланд, – иброз дошт, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар шаш моҳи аввали соли равон. 
 
ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ  393,4 МИЛЛИОН КВТ/СОАТ КАМ ШУД
Чуноне аз Вазорат иттилоъ гирифтем, шашмоҳаи аввали соли равон дар мамлакат, бо назардошти неругоҳҳои хурд, беш аз 10,3 миллиард кВт/соат неруи барқ тавлид гашт, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 393,4 миллион кВт/соат кам мебошад. Ҷамъоварии маблағи неруи барқ дар бозори дохилӣ 11,7 миллион сомонӣ кам шуда, 2 миллиарду 266,8 миллион сомониро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаҳои “Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032” омода ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, рӯзҳои наздик ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол мешаванд. 
 
ВОРИДОТИ МАҲСУЛОТИ НАФТӢ 10,3 ДАРСАД АФЗУД
Дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 783,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафт ва гази моеъ ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 10,3 дарсад бештар мебошад. Дар ин давра воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 156,5 миллион метри мукаабро ташкил дод. Дар доираи тавозуни индикативӣ аз Русия ба ҷумҳурӣ 524,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид шуд. Воридоти маҳсулоти нафтӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 65,6 ҳазор тонна зиёд буда, 54 дарсади нақшаи тавозуни индикативиро ташкил медиҳад. 
 
ТАТБИҚИ 11 ЛОИҲАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ 
Ҳоло дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад, ки дар доираи лоиҳаҳо беш аз 1,431 миллиард доллари ИМА маблағ ҷалб шудааст. Ин лоиҳаҳо «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳалаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара) мебошанд. Амалигардонии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика ба татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат, ки аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ дар рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ мешавад, равона гардидаанд.
Илова бар ин, татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бомаром идома дорад. 
 
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив