ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД

БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД

01 август 2024, Панҷшанбе
16
0
"ХАРГӮШПАРВАРӢ. ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ БА 1000 ТОННА МЕРАСАД, АГАР..."
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Кароматулло Аторо, ки 18-уми марти соли 2024 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" зери унвони "Харгӯшпарварӣ. Истеҳсоли гӯшт ба 1000 тонна мерасад, агар..." ба нашр расида аст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.


Таҳлилҳо далолат аз он мекунанд, ки харгӯш-парварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ ба шумор рафта, ривоҷу равнақи он барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва соҳаи саноат бо пусту мӯина мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти сол ба сол зиёд шудани талабот ба маҳсулоти соҳаи харгӯшпарварӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2022, №150 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" тасдиқ гардид. Бо мақсади амалӣ кардани қарори болозикр фармоишҳои Вазорати кишоварзӣ аз 17.05.2022, №64 ва аз 15.07.2023, №79 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуд.
Тибқи талаботи Барнома, ҳамасола аз буҷети ҷумҳурӣ барои рушди соҳа маблағҳои муайян пешбинӣ мегарданд. Дар соли 2023 барои аз дохил ва хориҷи кишвар харидани 600 сар харгӯш 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Бо розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҶДММ "Нуршед" шартнома баста шуда, 600 сар харгӯши зоти "Хикол"-и Зеландияи Нав харид гардида, тибқи тақсимоти Вазорати кишоварзӣ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 84 сар, вилояти Суғд 160, минтақаи Бохтар 130, минтақаи Кӯлоб 100 ва ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 126 сар харгӯш дастрас карда шуд. Тибқи маълумоти Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва харидуфурӯши чорвои зотӣ, ба ҳолати 01.07.2024 саршумори харгӯш ба 1658 сар расидааст, ки нисбат ба саршумори аз ҳисоби Барнома қабулшуда 1058 сар зиёд мебошад.
Соли 2024 барои амалишавии Барнома аз буҷети ҷумҳурӣ 300 ҳазор сомонӣ барои хариди 600 сар харгӯш пешбинӣ гардид.
Зикр кардан бамаврид аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, баҳисобгирии саршумори харгӯш дар як сол як маротиба дар бахши аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. Вазорат бо мақсади ба танзим даровардани соҳаи мазкур ба Агентии оморӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намуд, ки саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти харгӯшпарварӣ ба ҳисоботи омории дар ҳамаи шаклҳо ва бахши кишоварзӣ барои аниқ гардидани нишондиҳандаҳо ворид карда шавад.
Вазорати кишоварзӣ бо мақсади амалӣ намудани талаботи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, барои зиёд кардани саршумор ва истеҳсоли гӯшти харгӯш чораҳои зарурӣ меандешад.
 
Машокир НАЗАРЗОДА,
муовини вазири кишоварзӣ
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив