ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

01 август 2024, Панҷшанбе
10
0
КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ
Фаъолияти 8 мақомоту муассисаи давлатӣ мавриди санҷиш қарор гирифт
Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 22 нафар баррасӣ шуда, ба шахсони қонуншикан ҷазо - ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 22 ҳазору 968 сомонӣ таъин гардид. 
Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ иброз намуд.
Тибқи иттилои ӯ, Кумита дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» 246 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро барои мутобиқат намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намуд. Ба соҳибкорон пеш аз бақайдгирии расмии фаъолияти тиҷоратӣ, яъне номгузории марказу мағозаҳои савдо хулосаи забоншиносӣ пешниҳод мегардад, ки мақсади он аз байн бурдани ғалатнависӣ дар номи мағозаву дуконҳо мебошад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади санҷиши вазъи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» фаъолияти 8 мақомоту муассисаи давлатӣ мавриди назорату санҷиш қарор гирифт.
Комрон САФАР
 
 
 
КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ
Таъсиси сомона ва нашрияи “Ҷаҳони ҳунар”
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки Кумита навтаъсис буда, бо мақсади назорат намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон ташкил гардид. Камбудиҳо дар сохторҳои тобеъ хеле зиёданд, аз ҷумла мушкилии асосии мо набудани китобҳои дарсӣ аз рӯйи ихтисос мебошад.
“Дар навбати аввал сомонаи расмии Кумитаро тибқи меъёрҳо фаъол намудем. Инчунин, нашрияи расмӣ бо номи “Ҷаҳони ҳунар” таъсис ёфт, ки дар назар аст аввалин шумораи он дар оғози соли нави хониш ба нашр расад”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 4 ҳазору 82 нафар, аз ҷумла 1017 нафар бону машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуд.
Лола РИЗОӢ
 
 
 
“ТОҶИКСУҒУРТА”
Пардохти 1 миллиону 780 ҳазор сомонӣ ба зарардидагон  
– Дар нимсолаи аввали соли равон КВД  “Тоҷиксуғурта”  ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида дар ҳаҷми 1 миллиону 780 ҳазору 300 сомонӣ мабағи суғуртавӣ пардохт намуд. Ин нуктаро директори генералӣ Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти хабарӣ тавзеҳ дод.
Бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу амволи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 63 филиал ва 6 намояндагии КВД “Тоҷиксуғурта” хизматрасониро аз рӯйи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуд суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондааст.
КВД “Тоҷиксуғурта” барои нимсолаи дуюм нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавиро аз рӯйи ҳамаи намудҳо дар ҳаҷми 19 миллиону 194 ҳазору 600 сомонӣ  муқаррар намудааст, зикр гардид дар нишаст.
Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
 
ТОҶИКФИЛМ
Омодасозии кадрҳо дар мадди аввал
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи театру синамо, имсол 15 ҷавони боистеъдоди кишвар дар гурӯҳи Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Россия Фарҳод Маҳмудов дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов, тибқи бурсияҳои Агентии федералии Федератсияи Россия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо стипендия ва хобгоҳ таъмин мегардад.   
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, иброз дошт. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷалби соҳибкорону сарпарастон дар асоси шартномаи сеҷониба дар ҳудуди шаҳри Душанбе ду кинотеатр (“Ситора” ва “Орлёнок”), дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри “Ҳилолӣ” ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри “Баҳор”-ро муҷаҳҳаз бо технологияи кинонамоишдиҳии муосир ба истифода медиҳад. 
Дар ин радиф, қасри фарҳанги шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалик бо таҷҳизоти кинонамоишдиҳӣ таъмин гардида, барои баргузории чорабиниҳои синамоӣ ва намоиши филмҳо пурра омода мебошад. 
Комрон САФАР
 
 
 
ММТ
65 ҳазору 266 довталаб ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуд
- Дар давраи асосии бақайдгирии довталабон 99 ҳазору 722 нафар номнавис шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун, ҳамаи онҳо дар имтиҳонҳои марказонида ҳозир шуда натавонистанд, – гуфт Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори Марказии миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ. 
Ӯ зикр кард, ки дар айни замон тариқи Марказ 65 ҳазору 266 довталаб ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуд. Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд.
ЛОЛА РИЗОӢ
 
 
 
ЛАХШ
Кишоварзон ҳосили фаровон мегиранд
Барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш сохтмони 124 иншооти хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 45-тояш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар  79 иншооти боқимонда  корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд, - тазаккур дод Каромиддин Холзода, раиси ноҳия, зимни нишасти матбуотӣ. 
Ҳамчунин, зикр гардид, ки мувофиқи ҳисоботи оморӣ,  дар шаш моҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 5457 гектар  картошка, 1359 гектар ғалладона, 21 гектар рустаниҳои техникӣ, 111 гектар сабзавот ва дар 1298 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд. - Умед аст, ки кишоварзон ҳосили фаровони картошка, меваю сабзавот ва ғалла рӯёнда, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ  саҳми арзанда мегузоранд, - баён дошт Каромиддин Холзода.
Гулнисои САЪДОНШО
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив