ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ. АГАР ИЛМ АЗ ОМИЛҲОИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ АСТ...

МАОРИФ. АГАР ИЛМ АЗ ОМИЛҲОИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ АСТ...

01 август 2024, Панҷшанбе
26
0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми майи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ  бо намояндагони илму маорифи кишвар мубрамтарин масоили марбут ба соҳаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Сарвари давлат нахуст, аз рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки бузургтарин дастоварде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овард, ин хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат мебошад.
Воқеан, ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик даврони сахту сангини таърихӣ буд. Дар ин давра, аниқтараш солҳои 1992-1997, дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга дошта, дастовардҳои мардуми тоҷик, ки тули ҳафтод соли мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ ба даст омада буданд, ба коми он фурӯ мерафтанд. Хушбахтона, бо талошҳои хастагинопазири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, сулҳи деринтизор фаро расид. 
Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ таъкид сохтанд, Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардондани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин мавзуи муҳим чунин баён доштанд: “ Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне, ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст”. 
Беҳбуди вазъи иҷтимоии устодону кормандони муассисаҳои илмӣ самти дигари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Агар мо ба ҳисоботҳои оморӣ назар андозем, ба хубӣ равшан мегардад, ки ҳамасола музди маоши кормандони илмӣ вобаста ба имкониятҳои буҷет баланд бардошта мешавад. Президенти кишвар дар суханронии худ, аз ҷумла қайд намуданд: “...Маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад”.
Дар фарҷоми суханронии худ Президенти маҳбуби кишвар бо итминони комил изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Изҳори бовар шуд, ки олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати азалии ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.
 
УБАЙДУЛЛОЕВ А.Т., сармуаллими кафедраи педагогикаи умумии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив