ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОХТАР. ИФТИТОҲИ ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ 

БОХТАР. ИФТИТОҲИ ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ 

01 август 2024, Панҷшанбе
10
0
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси Федератсияи миллии шиноварӣ, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор дода шуд. 
Ҳавз  аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дорои бинои маъмурии 2-ошёна, ҳуҷраҳои кории мураббиёни варзиш, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва шустушӯи бадан иборат мебошад. Дар назар аст, ки минбаъд мусобиқаҳои варзишӣ дар ин ҷо гузаронда мешаванд. 
Дарозии ҳавзи шиноварӣ 40 метр буда, паҳнояш ба 20 метр баробар аст. Чуқурии ҳавз аз 1,8 метр сар шуда, ба 2,2 метр мерасад. Ҳавзи шиноварӣ дорои дастгоҳҳои махсуси обполо ва обпарто буда, мутобиқ ба стандартҳои муосири варзиш сохта шудааст. 
Р. Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи ин иншооти муосири замонавӣ суханронӣ намуда, варзишгарону шиноваронро табрик ва ин иқдомро барои рушди шиноварӣ, ки як намуди маъруфи варзиши олимпӣ мебошад, муҳим арзёбӣ кард.
Дар қисмати дигари чорабинӣ, варзишгарону шиноварон бо нишон додани тарзу усулҳои гуногуни шиноварӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив