ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЯД ЧУ ПЕШВО ХУДОДОД ШАВӢ…

БОЯД ЧУ ПЕШВО ХУДОДОД ШАВӢ…

02 август 2024, Ҷумъа
31
0
 
Сабру шикебоӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки, ба гуфтаи ниёгони хирадмандамон, «соҳибашро шону бузургӣ, шукӯҳу шаҳомати абадӣ мебахшанд». Ин суханони ҷовидонаи гузаштагонамон бори дигар дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исботи худро пайдо намуд, зеро тули фаъолияти беш аз сисолаи роҳбарияшон аз таҳаммулгароӣ кор гирифтаанд ва тавре ҳама шоҳидем, дар тамоми ибтикороташон муваффақу комёб шуданд.
Бешубҳа, агар сабру таҳаммул ва иродаи қавии Сарвари давлат намебуд, ҳаргиз сулҳи тоҷикон ба даст намеомад.  То имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва, ҳарчанд миёни Ҳукумати мамлакат ва Иттиҳоди мухолифон борҳо оид ба оташбас мувофиқа ҳосил  шуда  бошад  ҳам, мутаассифона, ба  сулҳи комил намерасид.  Чаро?  Чунки  мухолифон бо баҳонае аҳди  бадастомадаро шикаста, аз сулҳу салоҳ сар мепечиданд. Аммо, қатъи назар аз ин, Роҳбари ҷавони давлат бо таҳаммули ба худ хос баҳри зиндагии осоиштаи мардуми кишвар ва рушду нумӯи Ватани азизамон ҷавонмардона тамоми нобасомониву мушкилиҳоро рафъ карданд, ки охируламр дурри мақсуд – сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ – ба даст омад.  
Чуноне тайи ин солҳо пайваста мушоҳида мегардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳое, ки сабру тоқатро тақозо дошт, ба ҳеч ваҷҳ ба шитобкориву саросемагӣ роҳ надоданд. Ин далели хиради азалии Ҷаноби Олист, зеро шитобкориву шитобзадагӣ хислати шайтонпарварон аст. Вале, тавре имрӯзҳо мебинем, баъзе афрод, бахусус дар он сӯи Ому, шитобкориро пешаи худ кардаанд, ки хоси мусалмони асил набувад. Ҳадафи мо овардани суханони беҳудаву сафсатаи онҳо нест, лекин бояд таъкид сохт: мардуми Тоҷикистон, ки аксарашон мусалмонанд, ба маслиҳатгарони каҷандешу каҷрафтор ниёз надоранд ва сиёҳу сафедро аз ҳам фарқ мекунанд.  Таърих гувоҳ аст, аз рӯзҳои аввали роҳбарии хеш   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона сарваре мебошанд, ки дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ аз дини мубини ислом пайваста пуштибонӣ мекунанд. Маҳз   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аввалин бор дар ҳамоиши байналмилалие бо далериву шуҷоат изҳор доштанд: «Террорист нажод, Ватан, миллат ва дин надорад» ва тамоми террористонро ба дини ислом мансуб донистан, камоли ноадолатист. Ин суханони Пешвои муаззами миллат, ки нисбат ба дини мубини ислом дар ҳавои дилсӯзиву раҳму шафқат гуфта шудаанд, ҳаргиз аз ҳофизаи таърих зудуда нахоҳад шуд ва, бешубҳа, дар дили мусалмонони олам ба ҳамешагӣ ҷо гирифтааст. 
Бояд инсоф дод: муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибони исломи нобанд, на ҷаҳолату таассубу хурофот. Ислом танҳо рӯзаву ибодату адои маносики ҳаҷ нест ва Сарвари Тоҷикистон инро беҳтар аз дигарон донанд ва дар ин ҷода устуворона гом мениҳанд ва аз фиребу риё дуранд. Ва нек низ медонанд, ки ин маънӣ дар ашъори гузаштагони бузургамон пайваста инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар ин маврид бузурге мефармояд: 
Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз кардан, 
Ҳамасола ҳаҷ намудан, сафари Ҳиҷоз кардан,
Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан, 
Зи вуҷуди бениёзаш талаби ниёз кардан, 
Ба Худо, ки ҳеч касро самар он қадар набошад, 
Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан.
 
Исломи ноб, пеш аз ҳама, раҳму шафқат, меҳрбониву дилсӯзӣ, дастгириву ғамхорӣ, яъне инсонпарвариву инсонгарист. Ин нуктаро, ки Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саропо инсонгароянд, на танҳо тоҷикистониён, балки аҳли олам медонанд. Оё метавон фаромӯш кард, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон ба аҳди хеш (Ман ба шумо сулҳ меоварам) устувор истода,  ба рӯи миллионҳо нафари ноумед дари бастаро боз намуданд ва онҳоро аз марг наҷот доданд, ба мамлакати ҷангзада сулҳу салоҳ оварданд ва барои ривоҷу равнақи он шароити мусоидро фароҳам сохтанд? Ҳаргиз! Мардуми Тоҷикистон некиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро абадан пос хоҳанд дошт ва ҳамеша  дуогӯи сари сабзу рушду нумӯи   давлатдории Сарвари муаззами хешанд.
Дар бораи хидматҳои мондагори Ҷаноби Олӣ баҳри пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагии мамлакат, сулҳу субот, инчунин, дастгириву ғамхориҳо нисбат ба кӯдакони ятим, бепарасторон, пиронсолону барҷомондагон метавон ҷилд-ҷилд сухан гуфт, вале бо овардани шеъри шоири хушкалом Гурез Сафар, ки тамоми хислатҳои барҷастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҷассум менамояд, иктифо мекунем: 
Осон набувад ба дай баҳор овардан, 
Ё рӯшание бар шаби тор овардан.
Бар қалби зи ҳузн беқарори мардум 
Осоишу шодиву қарор овардан.
Бар зини саманди орзуву ормон
Афтодаи зорро савор овардан.
Пайваста ба мисли боғбони доно
Гулбоғи умедро ба бор овардан.
Бигзашта зи байни оташи 
давру замон
Бар сардии давр нуру нор овардан.
Бояд чу Пешво худодод шавӣ,
То битвонӣ бахту барор овардан.
 
Шафоатулло АБДУЛЛО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.08.2024 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив