ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНЗИМ.  ДАР ШАҲРИ РОҒУН МЕЪЁРҲОИ ҚОНУНРО БА МАРДУМ ТАВЗЕҲ МЕДИҲАНД

ТАНЗИМ.  ДАР ШАҲРИ РОҒУН МЕЪЁРҲОИ ҚОНУНРО БА МАРДУМ ТАВЗЕҲ МЕДИҲАНД

02 август 2024, Ҷумъа
8
0
Прокуратураи шаҳри Роғун таҳти роҳбарии прокурори шаҳр Бахтиёр Сафарзода ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну марсим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурӯҳи таблиғотиро аз ҳисоби кормандони бахши танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр, имомхатибон, фаъолзанон созмон додааст. Онҳо бо мардум мунтазам вохӯриҳо гузаронда, муҳтавои Қонуни мазкурро шарҳу тавзеҳ медиҳанд ва барои иҷрои он аҳолиро ҳидоят менамоянд. 
Тавре зимни баргузории дидору мулоқот бо сокинон зикр гардид, тӯйи домодию арӯсӣ бо гузарондани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо орос-тани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад. Таъкид гардид, ки ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо, хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.
Ин нукта низ дар суҳбат бо аҳолӣ таъкид шуд, ки тибқи талаботи Қонуни нав, ҳангоми баргузории маъракаҳои гусели ҳоҷиён, ҳоҷизиёрат, ҳоҷиошӣ, ҳоҷиталбон ва тақдими туҳфаҳо, оро додани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла ва мошинҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи аз 24 600 то 57 600 сомонӣ пешбинӣ шудааст.  
 
Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун
Санаи нашр: 02.08.2024 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив