ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИТОБИЁТ. РИСОЛАИ СУДМАНД

КИТОБИЁТ. РИСОЛАИ СУДМАНД

02 август 2024, Ҷумъа
14
0
Санъати миллии кӯшку қасрсозӣ дар давраҳои гуногун тавассути маҳорату ҳунари устоҳои чирадаст аз насл ба насл гузашта, рушд ёфтааст ва хушнудона пас аз соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба фарҳангу санъати миллӣ бештар гардид. Тайи ин солҳо бо дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон анъана ва оинҳои фарҳангу санъати фаромӯшшудаи миллӣ эҳё гашта, таҳаввул ёфтанд. Даҳҳо қасрҳои фарҳанг, чойхонаву тарабхона, боғу мавзеъҳои фароғатӣ бо намои миллӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, қасрҳои фарҳангии нави ҳозиразамон дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ҳисор, Айнӣ, Ашт, Рашт,  Данғара, Муъминобод ва ғайра.
Ҳарчанд ҳашамат ва миллияти ин ва дигар биноҳо кам нест, бузургӣ ва ғановати биноҳои Қасри миллат, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи «Истиқлол», Китобхонаи миллӣ, Амфитеатр, Кохи Наврӯз, чойхонаи «Хуррамшаҳр»-и Данғара беназиранд. Ин биноҳо на танҳо ба ҳусни пойтахти кишвари мо ва шаҳрҳои дигари он зебу зинати тоза мебахшанд, балки бо рисолату ҳикмати худ дар тарбияи маънавии мардум, ҳисси ватандӯстиву зебоипарас-тии онҳо нақши созгор мегузоранд. Ин биноҳо танҳо имороти аъзам, бошукӯҳ ва ҳусноро нестанд, онҳо кохҳое мебошанд, ки бо неруи шахсони хирадманду ҳимматбаланд ва дастони муъҷизаофари устоҳои моҳир бунёд ёфта, бо умри абадии худ анъана ва оинҳои фарҳанги миллии моро аз насл ба насл пайванд медиҳанд. Пас, дар бораи онҳо маълумот доштан, аз рафти бунёдашон воқиф шудан, ҳашамату азаматашонро дарк кардан,  барои мо ифтихор аст. Ифтихор ба фарҳанги воло,   ҳунармандони тавоно ва миллати бунёдкор.
 Рисолаи илмиву оммавии нависандаи публитсист Садриддин Ҳасанзода «Кохи беназир» дар ангехтани  чунин ифтихор ба мо раҳнамоӣ карда метавонад. Дар ин рисола таърихи бунёди Кохи Наврӯз ва сохтори мукаммали он бо таҷассуми ташаббус ва ибтикороти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшишу заҳматҳои устоҳои моҳир, вижагиҳои санъати меъмориву наққошӣ, ҳашамати сутунҳову қандилҳо ва амсоли ин ба риштаи таҳлилу тасвир кашида шудааст. 
Мундариҷаи рисоларо, ки дар заминаи омӯзиши манбаъҳои ҳуҷҷатӣ, мушоҳидаҳои бевоситаи муаллиф, суҳбат бо мутахассисони соҳаи меъморӣ шакл гирифтааст, аз рӯйи мавзуъ ва моҳияти он ба чор бахш метавон ҷудо намуд:
 – руҷуи хулосавӣ ба ҳунари наққошӣ ва кандакории ниёгон; 
– раванди бунёди Кохи Наврӯз, бахусус ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат дар бунёди ин Кохи беназир; 
– муаррифии толорҳои алоҳида; 
– тавсифи ҳунар ва мактабҳои касбии устоҳои моҳир.
Муаллиф баъзе сарчашмаҳои таърихӣ ва ёдгориҳои бостониро ба таври мухтасар ба баррасӣ кашида, ба ин васила, хонандаро мутмаин месозад, ки  ниёгони мо ба санъати наққошиву кандакорӣ ва меъморӣ таваҷҷуҳи хоса доштаанд. Ин, аз як тараф, аз завқу эҳсоси зебоипарастӣ ва фарҳанги волои инсонии онҳо дарак диҳад, аз ҷониби дигар, ҳунарманду ҳунарпеша будани  онҳоро собит месозад.
Кохи Наврӯз идомаи ҳамон завқ ва фарҳанги волои ниёгон аст, ки бо синтези анъанаҳои кандакориву наққошии миллӣ ва технологияи замонавӣ сохта шудааст. Сармеъмори ин Кохи беназир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар тавсифи нигорандаи рисола ҳамчун Сарвари масъулиятшинос, зебоипараст, эҷодкор, ҳимматбаланд, маслиҳатгар, ғамхору қадрдони бинокорон муаррифӣ мегарданд. Маҳз маслиҳату раҳнамоиҳо ва ҳавасмандгардониҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки раванди бунёди Кохи Наврӯз эҷодкорона сурат гирад ва ба қасри муҳташами беназир мубаддал ёбад. 
Кохи Наврӯз воқеан беназир ва муҳташам аст ва шаҳомати он аз ду омил маншаъ гирифтааст. Омили моддӣ, таъмини масолеҳи сохтмон ва омили касбӣ – ҳунару маҳорати бинокорон, хоса устоҳои моҳир. Мувофиқи қайди нигорандаи рисола, дар бунёди кӯшк се ҳазор нафар бинокор, тарроҳон, меъморон, рассомон, ҳайкалтарошон саҳм гирифтаанд. Хусусан, саҳми сармеъмор Азизиён Самӣ Солӣ, ҳунармандони маъруф Мирзораҳмат Олимов, Сироҷиддин Нуриддинов, шогирдони онҳо Сабзаалӣ Шарифов, Муравват Бекназаров, Раҳматулло Абдураҳмонов, устоҳои чирадаст, Ҳоҷӣ Рустам, Фозилҷон Фозилов, Ҷамшед Ҷӯраев, Муҳаммадкарим Каримзода, Азиз Рақибов, Равшан Рақибов, Комрон Каримзода, Далер Содиқов, Маҳмадсаид Ҷумъаев, Алишер Ҷумъаев, Рустам Сангинов ва дигарон арзандаву шоистаи таҳсин аст. Ин зумра ва дигар ҳунармандон бо маҳорату ҳунари муъҷизаофари худ ба ин Кох ҳашамати маънавию руҳӣ бахшидаанд.
Рисолаи Садриддин Ҳасанзода «Кохи беназир» дар ин ҷода аз иқдомҳои аввалинест, ки дар шинохти бунёди Кохи Наврӯз, муҳташамият, рисолат, ҳикмат ва баракати он муфиду судманд хоҳад буд. 
 
Мурод МУРОДӢ, доктори илмҳои филология
Санаи нашр: 02.08.2024 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив