ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЭЪТИРОФИ ФАРЗОНАФАРЗАНД ЭЪТИРОФИ МИЛЛАТ АСТ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЭЪТИРОФИ ФАРЗОНАФАРЗАНД ЭЪТИРОФИ МИЛЛАТ АСТ!

05 август 2024, Душанбе
61
0
Боиси ифтихори ману мост, ки Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо ба ҳайси яке аз чеҳраҳои муътабари сиёсати ҷаҳонӣ эътироф шудаву дар дохилу хориҷ аз эҳтироми хосса ва арзандае бархӯрдоранд. Сухану андешаҳояшон арзишманданд ва дар ҳимоят аз манофеи кулли башарият аз минбарҳои хеле баланд садо додаву эътироф мегарданд. Дар робита бо кишварҳои ҳаммарз низ аз дурандешиву ҳамсоягии нек кор мегиранд, ки ин амали башардӯстонаашон, бахусус дар марҳалаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратон нуфузи байналмилалии эшонро ҳамчун лидери сиёсӣ бамаротиб меафзояд. Сарфароз гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени Дӯстӣ  баёнгари гуфтаҳои мавриди назаранд. Парвиз Муҳаммадзода, коршиноси масоили сиёсӣ, дар тақвияти ин андеша чунин мегӯяд:
– Эътирофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақ ва пуртаҷриба ифтихори тоҷикони ҷаҳон аст. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат пайвандгари дӯстӣ байни халқҳо мебошанд. Нақши калидӣ, саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсолаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин эҳтирому эътирофи хоссаро сазовор гашт, ки дар таърихи равобити байни ду кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Давлати мо таҳти роҳбарии фарзонафарзанд Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти пешбурди сиёсати хориҷии фаъолу муваффақ, аз ҷумла бо ба инобат гирифтани сиёсати ҳамҷавории нек риштаҳои анъанавии дӯстӣ, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, эътимоди ҳамдигарӣ ва дарки умумияти ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ аз рӯзҳои нахустини истиқлоли давлатӣ муносибатҳоро бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор дода, барои тавсеаи ҳарчи бештари онҳо пайваста талош варзида, ба ин масъала диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Мавқеи сиёсии санҷидашуда ва мутавозини Тоҷикистон таҳти роҳбарии меъмори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва мавқеи минбаъдаи кишвар ҳамчун неруи бонуфуз ва созанда дар сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои мураккаб нақши муҳим дошта, барои сулҳу субот ва рушду инкишофи минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузоранд. 
Дарвоқеъ, ташаббусҳо ва талошҳои созандаи Пешвои миллат барои ҳамгироӣ, муттаҳидӣ ва тақвияти дӯстии байни халқҳо аз тарафи кишварҳои ҳамсояи мо муҳим, саривақтӣ ва дар умум мусбат пазируфта шудаанд. Равобити давлатҳо дар сатҳи баланди ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтирому дастгирии байниҳамдигарӣ қарор доранд ва Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди пайгиронаи ҳамкории гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Чин мутобиқ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар минбаъд низ талош ба харҷ диҳад.
Қобили тазаккур аст, ки равобити Тоҷикистон ва Чин тайи даҳ соли охир таҳти роҳбарии дурандешонаи сарварони ду давлат тавсеа ёфта, ба сатҳи нав бароварда шуд ва ҳамчун намунаи беназири ҳамкории дуҷониба байни кишварҳо гардид. 
Ҳамин сиёсат буд, ки имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад. Сармоягузории Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод ва зеҳни сунъӣ дар афзоиш аст. Ҷорӣ намудани истеҳсоли “технологияи сабз”, хусусан мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии ҳушманд аз самтҳои дигари муносибатҳои неку дӯстона бо Чин аст. 
 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив