ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

05 август 2024, Душанбе
13
0
“АМОНАТБОНК” БА МИЗОҶОН 580 ҲАЗОР КОРТИ БЕНОМИ “ФАРОГИР” РОЙГОН СУПУРДААСТ
Дар нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо, боҷҳои давлатӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ 1081 постерминалҳоро дар тамоми филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нозироти андоз фаъол намудааст.
Раиси КВД “БА ҶТ “Амонатбонк”” Алиҷон Салимзода иброз дошт, ки барои тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ инфрасохторҳои заруриро дар тамоми марказҳои хизматрасонии бонкӣ фароҳам овардаем. Инчунин, дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ 3 ҳазору 870 постерминал насб шуда, барои хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон беш аз 580 ҳазор корти беноми “Фарогир” дастрас шудааст. 
Илова бар ин, барномаи мобилии бонк “Амонатмобайл”-ро зиёда аз 990 ҳазор нафар барои анҷом додани хизматрасонии ғайринақдӣ истифода мебарад. Ҳамчунин, барои ғайринақдӣ гардондани раванди пардохтҳо 2 ҳазору 756 адад QR-рамзи ягонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бахши хусусӣ ва муассисаҳои давлатӣ насб гардидааст. 
Лола РИЗОӢ 
 
 
 
ДБССТ 
Барои бунёди Донишкадаи байналмилалии Данғара санги асос гузошта шуд
Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки боиси хушнудӣ ва ифтихори омӯзгорону кормандони Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ ин аст, ки 24-уми майи соли равон Пешвои муаззами миллат ба бунёди маҷмаи биноҳои нави таълимии Донишкадаи байналмилалии Данғара санги асос гузошт. 
Убайдулло Асрорзода зикр кард, ки вобаста ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо беш аз 30 корхонаву ташкилотҳои истеҳсоливу хизматрасонии ватаниву хориҷӣ дар мавриди гузаштани таҷрибаомӯзиҳо шартномаи ҳамкорӣ баста шуд. Дар баробари ин, чор кафедраи Донишгоҳ намояндагии худро дар “Амонатбонк”, Иттифоқи адвокатҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ кушод. 
Гуфта шуд, ки дар ин давра, кафедраи ҳарбӣ дар донишкадаҳои байналмилалии Левакант ва Хуҷанд роҳандозӣ шуда, донишҷӯён ба машғулиятҳои ҳарбӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин,раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати  баргузории машғулиятҳо дар гурӯҳҳои таълими таҳсилашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз соли таҳсили нав теъдоди омӯзгорон ва донишҷӯёнро зиёд мекунанд.
Лола РИЗОӢ
 
 
 
ДТҶТ 
Маркази илмию фарҳанги чинӣ таъсис меёбад
Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи  Сайидмуъмин Раҳимов, ду лоиҳаи грантӣ татбиқ шуд, ки дар тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ ва раванди таълим мусоидат менамояд.  Ин нуктаро Шерафган Оёмаҳмадов, муовини ректори Донишкада, дар нишасти хабарӣ иброз дошт. 
Ҳамчунин, зикр кард, ки дар ин замина як лоиҳа аз ҷониби Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)  дар бахши таъмиру азнавсозии майдони гурзандозии Донишкада татбиқ шуд. Инчунин, дар доираи барномаи “Олимп Осиё” як лоиҳаи дигар татбиқ гардида, сохтмони майдони варзиши сабук бо фарогирии майдонҳои волейбол, баскетбол ва футбол ба нақша гирифта шуд, маҷмаа то соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегирад. 
Дар ин давра ҷиҳати таъсиси “Маркази илмию фарҳанги чинӣ” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.  Таъсиси Марказ имкон медиҳад, ки ҳамкории Донишкада бо муассисаҳои олии таълимии Чин дар бахшҳои гуногун вусъат ёбад. 
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив