ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ Ӯ ИФТИХОР ДОРЕМ! ВАРАҚГАРДОНЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ АКАДЕМИК КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ  

АЗ Ӯ ИФТИХОР ДОРЕМ! ВАРАҚГАРДОНЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ АКАДЕМИК КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ  

05 август 2024, Душанбе
11
0
Олими намоён, ходими давлатӣ ва сиёсатмадор, доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов муҳаққиқи шинохтаи таърихи фалсафаи тоҷик буда, дар байни аҳли илму адаби тоҷик ва бисёр кишварҳои хориҷӣ ҳамчун як шахсияти бонуфузу хирадманду тавоно бо хислатҳои хуби инсонӣ, аз ҷумла ростқавлӣ, покзабонӣ, хушгуфторӣ, фурӯтанӣ, инсондӯстӣ, мардумсолорӣ ва накукорӣ, маълуму машҳур аст. 
 
Ӯ аз пайвандони наздики шоири бедилшинос мавлоно Зуфархон Ҷавҳарӣ буда, 27-уми июли соли 1944 дар шаҳри бостонии Истаравшан ба дунё омадааст. Соли 1964 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намуда, ҳамон сол ба аспирантураи шуъбаи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дохил мешавад.  Соли 1971 дар мавзуи «Ҷаҳонбинии Саноии Ғазнавӣ» рисолаи номзади илм ва соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзуи «Фалсафаи Хуросон» (Таҳлили таърихӣ-фалсафӣ) дар шаҳри Тошканд бо муваффақият ҳимоя кард. 
Кароматулло Олимов аз соли 1967 то соли 1969 дар вазифаҳои ходими хурд, ходими калон, ходими пешбари илмӣ ва мудири сектори таърихи фалсафа дар шуъбаи фалсафаи АМИТ фаъолият ва мудирият намудааст. Ҳамчунин, солҳои 1974-1977, 1980-1984 ба ҳайси сартарҷумон дар шаҳри Мазори Шариф, роҳбари гурӯҳи тарҷумонҳо дар шаҳри Кобули Афғонистон будааст. 
Академик Кароматулло Олимов дар бахшҳо ва соҳаҳои гуногун фаъолияту роҳбарӣ намудааст, аз ҷумла: мудири бахши шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1985-1990); мушовири идеологии КМ ҲКТ (1990-1991); мудири кафедраи фалсафаи АИ ҶТ (1992-2000); котиби якуми кумитаи шаҳри Душанбегии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1996-2000); узви Комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000); вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (1996-2000); вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2004); мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2004-2007); раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои ЮНЕСКО (2001-2012); директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2007-2008); директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «2008-2010); ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон-раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ (2010-2016); узви раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2010-2016). Алҳол сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ аст. 
Академик Кароматулло Олимов, дар ҳақиқат, олими пуркор, инсони хоксору заминӣ, фарди поктинату некандеш ва шахси дар дӯстӣ вафодор мебошад. Фазилатҳои неки инсониаш буданд, ки К. Олимов дар тули умри хеш пастию баландиҳои зиндагӣ, имтиҳонҳои шадиди ҳаётро муваффақонаю сарбаландона паси сар кардааст. Имрӯз зиндагиномаи олими сатҳи ҷаҳонӣ барои фарзандону пайвандон, шогирдону наслҳои ҷавони ҷомеа дарси ибрат гаштааст.
Китоби арзишноки «Донишномаи Истаравшан» аввалин аз энсиклопедияҳои маҳаллист, ки бо ташаббус ва роҳбарии шахсияти фарҳангдӯст, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, академик Кароматулло Олимов таҳия ва дар ҳамкорӣ бо Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик ба меъёрҳои илмӣ мутобиқ гардонда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки академик Кароматулло Олимов эътибор ва мақоми илми тоҷикро бо осори арзишманди илмиаш бо забонҳои гуногун, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси давлатҳои ҷаҳон, ба монанди Россия, Белгия, Фаронса, Амрико, Булғория, Олмон, Лаҳистон, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Чин, давлатҳои Араб ва ҳавзаи уқёнуси Ором баланд бардоштааст. 
27-уми июл раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба аёдати олими шинохта, ходими давлатӣ Кароматулло Олимов рафта, соҳибҷашнро ба муносибати 80-солагиаш шодбош гуфт.
 
Саъдулло МАҲКАМОВ,
шаҳри Истаравшан 
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив