ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

06 август 2024, Сешанбе
22
0
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Табибон 139 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозӣ анҷом доданд
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ҳоло барои муассисаҳои тиббии кишвар 1966 табиб ва 387 корманди миёнаи тиб намерасад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 332 ва 188-то камтар аст.
Ба иттилои ӯ, ин камбуд аз ҳисоби хатмкунандагон, ки беш аз ду ҳазор нафаранд, рафъ мешавад. Бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда, дар ин давра дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 62 навгонӣ, аз ҷумла 27-то дар самти ташхис ва 35-то дар самти табобат, ворид шудааст. 
Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки навгониҳои ба самти ташхис воридшуда бемориҳои саратон, меъдаю рӯда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, пӯст ва дар самти табобат ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, қафаси сина ва чашмро дар бар мегиранд. 
Ҳамчунин, иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 139 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта15 адад зиёд мебошад.
Лола РИЗОӢ
 
 
 
Бунафша ФАЙЗИДДИНЗОДА:
“Шумораи занони роҳбарикунанда  ва хизматчӣ зиёд шуд”
Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиёни давлатӣ, пешбарии онҳо ба хизмати давлатӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда 13 тренинги омӯзишӣ, курсҳои сайёр дар вилояти Суғд бо фарогирии 35 нафар, курси чормоҳаи омӯзишии ройгон барои 30 намояндаи вазорату идораҳо, курси шашмоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон”, маҳфили доимоамалкунандаи “Зан-роҳбар” баргузор гашт. 
Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумита кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 
Дар нишаст гуфта шуд, ки ба ҳолати 1-уми июли соли равон аз шумораи умумии 18 ҳазору 348 хизматчии давлатии амалкунанда 4 ҳазору 655 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 нафар зиёд аст. 
Бунафша Файзиддинзода зикр кард, ки барои табодули таҷриба бо занони кишварҳои дигар дар ин давра се Форуми байналмилалӣ баргузор гашт. 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Авлавият ба таъминоти иҷтимоӣ
– Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардани шароит ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон, таъмини онҳо бо шуғл ва ҷойи кори муносиб маҳсуб ёфта, дар ин давра аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи буҷети давлатӣ ва ҷалби сармоягузорон тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд, – гуфт муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Шабнам Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ. 
– Умуман, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ ба 2667 нафар шахси эҳтиёҷманд аз тамоми сарчашмаҳо ёрии моддӣ, молӣ ва маишӣ расонда шуд. 
Таъкид  гашт,  ки дар нимаи  аввали соли равон  аз ҷониби Кумита дар доираи “Барномаи  миллии  рушди  иҷтимоии  ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026” бо ҷалби волонтёрон силсилаи аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзуи “Солимии ҷавонон – солимии миллат”, “Ҷавонон – ҷонибдори тарзи ҳаёти солим”, “Солимӣ мароми мост” ва “Тарғиби тарзи ҳаёти солим – интихоби мо – ҷавонон” дар ташкилоту идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо миёни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, баргузор гардиданд.
Басона САТТОРЗОДА
 
 
 
КӮЛОБ
Саноатикунонӣ дар ҳоли рушд
“Дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб 179, 7 миллион сомониро ташкил намуд, ки қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 26,1 миллион сомонӣ зиёд аст ва он 117 дарсади нақшаро дар бар мегирад”, – тазаккур дод Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб зимни нишасти хабарӣ. 
Мавсуф илова намуд, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб ба 10 соҳибкор ҷиҳати бунёди корхонаву коргоҳҳои наву замонавӣ ва ташкили ҷойҳои  нави  корӣ  замин ҷудо гардид. Инчунин, дар ин ҷо 2 коргоҳи саноатӣ фаъолият дошта, сохтмони 2 корхонаи дигар дар арафаи анҷомёбист. 
Бахтиёр Назарзода гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон нақшаи ҳама намуди андозҳои давлатӣ 105,8 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 87 миллиону 815 ҳазор сомонӣ, 92 миллиону 931 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 5 миллиону 115 ҳазор сомонӣ бештар аст.  Нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ назаррас буда, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар бахшҳои хоҷагидорӣ 364,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Рушди соҳа дар нимсола 110,7 дарсадро дар бар мегирад. 
Суннати СОДИҚ
 
 
Намоишгоҳҳо – муаррифгари молу маҳсулоти ватанӣ
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо дар ташкил намудани 39 Бизнес-форум ва Бизнес-миссияҳои доираи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 48 конфронс, семинару вебинарҳо, тренинг ва мизҳои мудаввар ҳам ба таври ҳузурӣ (офлайн) ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайн) мусоидат намуда, иштироки аъзои худ ва соҳибкоронро дар кори онҳо таъмин кард.
Ин матлабро Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. 
Зикр шуд, ки дар доираи намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳои мазкур дар умум зиёда аз 150 санади ҳамкории нав миёни корхонаҳои ватаниву хориҷӣ ба имзо расид. 
Ҷиҳати васеъ намудани муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ дар давраи ҳисоботӣ роҳбарият ва кормандони Палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ бо намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарон ва намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ, институтҳои молиявӣ, шарикони рушд, роҳбарони ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони давлатҳои хориҷӣ 161  вохӯрии корӣ доир намуданд. Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои густариш додани ҳамкориҳо миёни доираи соҳибкорони кишварҳои якдигар ва роҳҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР  
 
 
 
Ҷамшед Шарифзода: “408 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст”
– Дар нимсолаи аввали соли равон қисми даромади буҷети маҳаллӣ 102,2 дарсад иҷро гардид. Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 17 миллиону 231 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 460 ҳазору 657 сомониро дар бар мегирад, – гуфт Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Мавсуф иброз дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 74 миллиону 694 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8  миллиону 578 ҳазор сомонӣ бештар буда, 113 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ 13 миллиону 687 ҳазору 200 сомонӣ иҷро шуд. 
Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 623 миллиону 334 ҳазору 400 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнда шуд, ки иҷрои дурнаморо 116,7 фоиз  таъмин кард.  
Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 408 иншооти ҷашнӣ дар нақша аст.  Имсол 40 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Суннати СОДИҚ
 
 
АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ
718448  нусха китоби дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ намерасад
Маҳмадтоир Саидзода,  директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ  бо ҳисси нигаронӣ зикр намуд, ки имрӯз нисбат ба даҳсолаи  охир сатҳу сифати хониш беҳтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Айни ҳол, яке аз сабабҳои асосии паст будани сатҳи дониши хаттӣ ва шифоҳии хонандагон дар норасоии китобҳои дарсӣ, бадеӣ,  набудани қироатхона ва ҷалби сусти хонандагон ба китобхонӣ мебошад.
Тавре зикр гардид, тибқи санҷиши алоҳидаи кормандони Агентӣ ва дар ҳамин замина пешниҳод намудани маълумот аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳолати 1-уми июни соли 2024 дар муассисаҳоли таҳсилоти умумӣ норасоии китобҳои дарсӣ ба 718448 нусха баробар аст. Боиси тазаккур аст, ки норасоии китобҳои дарсӣ, асосан, дар мактабҳои таълимашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ мушоҳида мегардад. Бовар дорем, ки Вазорати маориф ва илм ин камбудиро то оғози соли нави хониш бартараф менамояд. 
Гулнисои САЪДОНШО
 
ДДФСТ
102 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд
«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 59 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Айни замон дар Донишкада 71 донишҷӯй аз хориҷи мамлакат дар шакли рӯзона  ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудааст», – чунин иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкада.
Дар доираи созишномаҳо 11 донишҷӯйи Донишкада барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи давлатии Олтой фиристода шуд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2023-2024 Донишкадаро 15 нафар бо дипломи аъло, 28 нафар тибқи Квотаи президентӣ хатм намуда, бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Дар маҷмуъ, дар соли таҳсили 2023 -2024 Донишкадаро 396 нафар хатм намуда, 102 нафари онҳо бо роҳхат ба ҷойи кор фиристода шуданд. 
– Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ба унвони Донишкада 46 диплому сипоснома ворид гардид, ки ин самараи заҳмати донишҷӯёну устодони мо маҳсуб меёбад, – иброз дошт Муҳриддин Низомӣ.
Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
ДДСТДТ
11 нафар сазовори дипломи аъло гардид
– Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар 11 соли фаъолияти худ бо 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва бо зиёда аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузарондани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос  ва таъмини кор равобити ҳамкорӣ дорад, – иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ ректор Ҷамшед Ғанизода.  
Ҳамчунин, зикр кард, ки таҳсил дар Донишкада аз рӯйи 28 ихтисос барои тайёр намудани мутахассисони дараҷаи бакалавр дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ тариқи буҷетӣ ва шартномавӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дараҷаи магистр шуъбаи рӯзона, аз рӯйи 16 ихтисос ва дараҷаи докторантура (PhD) аз рӯйи 2 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Соли таҳсили 2023-2024 Донишкадаро 305 нафар хатм намуд, 11 нафар сазовори дипломи аъло гардид, ки  нисбат ба соли гузашта 4 нафар зиёд мебошад. Боиси тазаккур аст, ки Донишкада дар рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бо назардошти стандартҳои таҳсилоти милливу байналмилалӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои салоҳиятноки ҷавобгӯй ба бозори меҳнатро ба роҳ монда, рисолати худро дар назди давлату миллат иҷро намуда истодааст. 
Гулнисои САЪДОНШО   
 
 
КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ 
Шуъбаи созҳои халқӣ - ғолиби Озмуни байналмилалӣ  
Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки моҳи июни соли ҷорӣ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Хуршед Иброҳимзода дар дувумин Фестивали байналмилалии санъати мақомхонӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳунари волои хеш сазовори ҷойи аввал гашт. 
 Мавсуф тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ ансамбли донишҷӯёни шуъбаи созҳои халқии Консерватория дар Озмуни байналмилалии «Садои Наврӯз» («Наврӯз садоларӣ») дар шаҳри Тошкент иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд. 
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи созтарошони лабораторияи созтарошии Консерватория якчанд созҳои халқӣ омода гардида, пешниҳоди омӯзгорону донишҷӯён шуданд. Боиси зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Консерватория 307 нафар донишҷӯй (156 нафар рӯзона, 151 нафар фосилавӣ) таҳсил мекунад. Аз ин 42 нафар шаҳрванди хориҷист. 
 
Гулнисои САЪДОНШО
Санаи нашр: 06.08.2024 №: 148-149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив