ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАР КӢ БАР ХУД НЕСТ ФАРМОНАШ РАВОН... ПОСУХ БА ВОКУНИШИ ЧАНДЕ АЗ РУҲОНИЁНИ МУТААССИБИ АФҒОНИСТОН

ҲАР КӢ БАР ХУД НЕСТ ФАРМОНАШ РАВОН... ПОСУХ БА ВОКУНИШИ ЧАНДЕ АЗ РУҲОНИЁНИ МУТААССИБИ АФҒОНИСТОН

07 август 2024, Чоршанбе
27
0
Эй қавм, туро умеди озодӣ нест, 
То саҷда кунӣ ба қиблаи бегона.
 
Вокуниши домуллоҳои ифротии Афғонистон нисбат ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишондиҳандаи сатҳи олии ҳамоқат ва кӯтоҳназарист, ки ин тоифа дар тули таърих нишон доданд.
Масъалае, ки мавқеъгирии ин домуллоҳоро нишон медиҳад, пойбандӣ ба арзишҳои бегонагон аз сӯи ба ном руҳонияти Афғонистон аст, ки аз неруи худӣ бархӯрдор набуда, баҳри хуморшикании ҳокимияти қавмии дигарон саъю талоши беандоза карданро дар чанд соли охир ба имтиҳон гирифтанд, ки пайомадаш пешопеш маълум буд. Мардум дар натиҷаи ин муомилаҳои нобасомади домуллоҳои калони он сӯи Ому бесарнавишт, кишвар дар зери юғи қувваи иртиҷоӣ ва сарзамин барои солҳои дароз харобу валангор гардид.         
Тоҷикони Хуросони таърихӣ ҳамчун миллати тамаддунофар дар имтидоди таърих ҳамеша саҳми басазои худро дар рушди тамоми соҳаҳои давлатдорӣ гузоштаанд, вале тамоми ташаббускорӣ ва ибтикороти онҳо ба қабоҳати ин руҳоният, ки ба хотири манфиати шахсӣ ва шикамчаронӣ мадоро мекарданд, ба боди фано мерафт.   
Тоҷикон хайри ҷамъӣ ва салоҳи умумимардумиро ба инобат гирифта, ҳама вақт барои ҳифзи тамомияти арзӣ, густариши адолат, нангу номуси мардум ва барқарории давлати марказӣ мубориза  бурдаанд. Вале боз ҳам шайхони аҷнабипарасти “ансорӣ” ва “фазлурраҳмонҳо” ҳамчун захми носур дар қалби миллат иқдомҳои неку ҳасанаи давлатсозиро пушти по мезаданд, миллатро ба вартаи ҳалокат тела медоданд.  
Ин ҳақиқати бебаҳс ва дар тули таърих шаклёфта аз ҷониби ягон гурӯҳ ва ҳукумате то ҳоло сарфи назар нашудааст. Ҳарчанд ки ҳокимони сулолаҳои вақт меомаданду мерафтанд, бо мурури замон зери таъсири фарҳанги шахсиятсозии ориёӣ қарор мегирифтанд ва марҳалаи полоиши тамаддуниро тай менамуданд. Аз сӯи дигар, ин тағйироти ҳувиятӣ бистари таърихӣ ва омили айнӣ ҳам дар пай дошт, вале таҳлил нишон медиҳад, муллоҳои ҷоҳил, ки аз асли миллатсозӣ ва худшиносии миллӣ хабар надоштанд, заминаи хокимияти сулолавии бегонагон ва зеҳнияти қабилавиро фароҳам месохтанд ва худ аз саҳна ронда мешуданд.  
Агар ба таърихи ин кишвар мӯшикофона бингарем, аён  мегардад, ки тасаллути пурраи забони дарӣ нишонаи доноиву ҳушёрӣ, бофарҳангиву пешравӣ дар пешбурди  равандҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мегардид. Аз ин рӯ, нухбагон ва ашрофзодагони аҳли қабила аз ғановатмандии ин забони оламшумул, ки иқтидори сарбории маънавии ҳазорсоларо дошт ва аз Чин то сарҳади Аврупо тавсеа ёфта буд, дар муҳити хонавода ва долонҳои дарбор истифода мебурданд. Табиист, ки олудагиҳои зеҳнияти қабилавиро бо насими  фарҳанги созанда ва дунявимадор аз вуҷудашон зудуда менамуданд.  Вале, шумо ин муллоҳои салафимаобро дидаед, ки барои ҳимояи забони дарӣ садо баланд карда бошанд, тоҷикеро ҳимоя карда бошанд? Ҳаргиз ва ҳаргиз не. Зеро онҳо душмани аслии ин миллатанд.
Тоҷикон фурсати барои ҳадафҳои дигарон мубориза бурданро дигар надоранд. Роҳи асосӣ ва меҳварии онҳо дар ояндаи наздик муттаҳид сохтани тамоми мардум бар зидди таҳдиду хатарҳои тамаддунӣ мебошад. Боло бурдани худшиносии миллӣ ва тарҳрезии барномаи дарозмуддат барои эҳёи нуфузу мақоми шоистаи тоҷикон метавонад роҳи ҳалли қазия ва сарнавишти ояндаи минтақаро рақам бизанад. Дар ин марҳала ва муомилаи калони сиёсӣ муллоҳои мутаассиб ва ҷоҳили афғонистонӣ душмани миллатанд ва фоқиди ҳар гуна эътимод. Ин ҳолатро Муҳаммад Иқбол хуб ташреҳ додааст:
Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазири дигарон.
                                                                          
Фарҳод КАРИМӢ, коршиноси сиёсӣ
Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив