ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВОРИ ҒАЗЗА. БА ДОДИ КӮДАКОН КӢ МЕРАСАД?

НАВОРИ ҒАЗЗА. БА ДОДИ КӮДАКОН КӢ МЕРАСАД?

07 август 2024, Чоршанбе
14
0
 
Ҳафтаи гузашта СММ ҳушдор дод, ки бар асари кӯчондани аз ҳад зиёди мардум аз як минтақа ба минтақаи дигар, норасоии оби тоза, собун ва дигар маводи гигиенӣ дар Ғазза кӯдаконро хатари гирифтор шудан ба гепатити А таҳдид мекунад. Маҳдуд будани дастрасии ёриҳои башардӯстона,  нарасидани маводи доруворӣ ва чораҳои пешгирикунанда барои густариши бемориҳо, аз ҷумла гепатити А замина гузоштааст.
Беш аз 40 ҳазор кӯдак сироят ёфт 
Ба иттилои Агентии паноҳҷӯёни фаластинии Созмони Милали Муттаҳид (UNRWA), дар марказҳо ва паноҳгоҳҳои UNRWA дар саросари Ғазза ҳар ҳафта аз 800 то 1000 ҳолати нави гирифтор шудани кӯдакон ба гепатит сабт мешавад. Аз оғози ҷанг дар Ғазза беш аз 40 ҳазор кӯдак ба ин беморӣ сироят ёфтанд ва ин рақам рӯз ба рӯз бештар мегардад. Айни ҳол, UNRWA танҳо ба ташхис машғул буда, ба мардум оид ба пешгирии сироятёбӣ машварат медиҳад. Мутаассифона, табобати мушаххаси гепатити А вуҷуд надорад. 
– Аҳолӣ маҷбур мешаванд, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва дар лагерҳо ва паноҳгоҳҳои пур аз одам дар шароити ниҳоят бад зиндагӣ намоянд. Онҳо ба оби тоза ва маводи гигиенӣ дастрасӣ надоранд. Партовҳо сари вақт тоза намешаванд, канализатсия низ қариб, ки нест, – мегӯяд роҳбари барномаи тандурустии UNRWA дар анклави Гада ал-Ҷадба.
 
Партовгоҳҳои муваққатӣ ва зарари онҳо ба саломатӣ 
Тибқи иттилои барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), партовҳои маишӣ дар 140 партовгоҳи муваққатӣ ҷамъ мешаванд, ки ин ҳолат хатари ҷиддӣ ба саломатӣ ва муҳити зистро ба вуҷуд овардааст.  Дар натиҷа, бемориҳои сироятии дарунравӣ ва роҳи нафас афзоиш ёфта истодааст. Дар навори Ғазза, аз 7-уми октябри соли гузашта то имрӯз, ҳудуди як миллион нафар гирифтори бемории шадиди роҳи нафас, ҳамчунин, 575 ҳазор нафар бо дарунравии шадид ва беш аз 100 ҳазор ҳолати зардпарвин ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи воқеӣ эҳтимолан хеле зиёд аст. 
– Набудани системаи идоракунии партовҳои маишӣ, чораҳои фавриро талаб мекунад, – ҳушдор медиҳад БРСММ.
 
Кафолати расондани ваксинаро кӣ медиҳад? 
Кормандони СММ ба хотири ҷилавгирӣ аз эпидемияи фалаҷ дар Ғазза, даъвати дубораи оташбасро карданд, то онҳо тавонанд як маъракаи эмгузаронии оммавиро оғоз кунанд. Дар ҳамин ҳол, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифтааст, ки як миллион ваксинаҳои зидди фалаҷи атфолро ба Ғазза фиристад. 
Кристиан Линдмайер, сухангӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Женева гуфт, ки ҳадди ақал бояд кафолати таъмини дастрасии амн ба лавозимоти тиббӣ ва дигар кумакҳои башардӯстона вуҷуд дошта бошанд. Дар акси ҳол, ваксинаҳо мисли бисёре аз борҳои дигар дар сарҳад ё дар тарафи Рафаҳ, ё дар дигар гузаргоҳҳои дохиливу берунии Ғазза мемонанд.
Ҷеймс Элдер, сухангӯи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), гуфт, вақте кӯдак курси пурраи эмкунӣ мегирад, аз хатари гирифтор шудан ба фалаҷи атфол эмин мемонад. Вай таъкид кард, ки пеш аз ҷанг мизони ваксина дар Ғазза "хеле баланд" буд.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив