ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 

Низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 

07 август 2024, Чоршанбе
7
0
Шуруъ аз 10-уми августи соли ҷорӣ Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад. 
Котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ Шоҳин Самадӣ хабар медиҳад, ки дар асоси ин Ёддошт дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳар ду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бераводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд. Низоми бераводид дар марҳалаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
 
 
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таъмини аҳолии минтақа бо 
оби тозаи ошомиданӣ 
Дар Душанбе ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодаи маҷмуи захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. 
Дар ҷаласа имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки фаромарзӣ байни ҷумҳуриҳои мо дар соҳаи об баррасӣ шуд. Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаи истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез барои таъмини давлатҳои минтақа бо оби тозаи ошомиданиро матраҳ намуданд. Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.  
 
 
Ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии ИДМ 
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои ИДМ ба кори худ оғоз намуд. 
Дар доираи ҷаласа Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
 
 
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар Ҷопон такмили ихтисос намуданд
Дар доираи Барномаи ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS) муҳандисони раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар Ҷопон аз даври омӯзишӣ гузаштанд. 
Ба «Ҷумҳурият” дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд, ки иштироккунандагони давраи такмили ихтисос бо фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии «Наҳа» шинос шуда, бо ҳайати роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳа мулоқот доштанд. Инчунин, иштирокдорони давраи омӯзишӣ дар ҷазираи Фукуока бо фаъолияти марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, фурудгоҳи он ва истифодаи таҷҳизоти таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз наздик шинос шуданд.
 
 
Насби 7 нуқтаи нерудиҳии электромобил дар масири Душанбе – Чаноқ 
Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон дар масири Душанбе – Чаноқ 7 нуқтаи нерудиҳии электромобилро мавриди истифода қарор медиҳад.
Ин нуқтаҳо дар километрҳои 11, 15-и ноҳияи Варзоб, 107, 130-и ноҳияи Айнӣ, 284-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, 300-и шаҳри Хуҷанд ва 322-юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шуда, дар онҳо барои неругирии автомобилҳо тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ин нуқтаҳо технологияи пешрафтаи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ва ҳисобкунакҳои электронии низоми CТ–VТ насбу истифода шудааст. Фарқияту афзалияти ин технология дар он зоҳир аст, ки дақиқияти истифодаи неруи барқ таъмин ва талафоти он пешгирӣ мегардад.
 
Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив