ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Таъсиси озмоишгоҳи биотехнологӣ  дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ 

Таъсиси озмоишгоҳи биотехнологӣ  дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ 

07 август 2024, Чоршанбе
5
0
Бо ташаббуси раёсати Академияи миллии илмҳо, дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ озмоишгоҳи биотехнологӣ таъсис ёфт. 
Хадамоти матбуоти Академия иттилоъ додааст, ки дар озмоишгоҳи биотехнологӣ дастгоҳу лавозимоти гуногуни муосир барои гузарондани корҳои биотехнологӣ насб гардида, бо реактиву моддаҳои химиявии зарурӣ таъмин шудааст. Ҷиҳозондани озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, ки ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва дигар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии ҷумҳурӣ мустаҳкам шавад. 
 
Нахустнамоиши Осорхонаи миллӣ дар Британияи Кабир 
Аз 26-уми сентябри соли ҷорӣ то 23-юми феврали соли 2025 дар Осорхонаи Британияи Кабир дар доираи намоиши «Роҳи бузурги Абрешим» ёдгориҳои Тоҷикистон низ муаррифӣ мегарданд. 
Дар Осорхонаи миллӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки ин иқдом ба хотири арҷгузории мероси ниёгон ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихӣ, ки дар фонди тиллоии муассиса маҳфуз мебошад, амалӣ мегардад. Аз ҷумла, аз фонди Осорхонаи миллӣ экспонатҳои марбут ба фарҳанги буддоии асрҳои VII–VIII, ки аз ёдгориҳои Аҷинатеппа, Кофарниҳон, Вахш бозёфт гардидаанд, барои намоиш интихоб шудаанд. Дар 93 соли фаъолияти осорхонавии Тоҷикистон чунин намоиш маротибаи аввал дар Британияи Кабир баргузор мегардад.
 
   
Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив