ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ЧАРОГОҲҲО БА ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР НИЁЗ ДОРАНД!

ВМКБ. ЧАРОГОҲҲО БА ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР НИЁЗ ДОРАНД!

07 август 2024, Чоршанбе
25
0
 
Тибқи иттилои  Кумитаи  идораи замини  ВМКБ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон  дар  вилоят  734206 гектар  чарогоҳ мавҷуд аст, ки аз ин 701605 гектараш чарогоҳи тобистона мебошанд. Дар ҳудуди мамлакат бошад, бештар аз 3 миллиону 832 ҳазор  гектар майдони  чарогоҳ мавҷуд аст. Ин  чарогоҳҳо дар мамлакат,  аз ҷумла дар шароити камзаминии вилоят, манбаи асосии таъминоти чорво бо хӯрок мебошанд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар  моҳи ноябри соли 2022 бо мақсади  баланд бардоштани самаранокии  чарогоҳҳо   «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро  қабул намуд. 
 
Ин нуктаро Қонун  Давлатқадамов, сардори  филиали  Муассисаи  давлатии “Трести  чарогоҳу мелиоративӣ”  дар ВМКБ,  дар машварати назоратии назди раиси вилоят иброз намуда, таъкид кард, ки зимни баррасии масъала дар  маҷлиси Ҳукумати мамлакат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  лоиҳаи  «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, зикр карданд, ки  рушди чарогоҳҳо масъалаи муҳим аст, зеро худи чорводорӣ барои рушди кишварҳо соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад. 
Дарвоқеъ, чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған ва саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Дар ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ, аз ҷумла  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон, чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо мебошад. Табиист, ки  барои афзоиши саршумор ва маҳсулоти чорво, пеш аз ҳама, рушди чарогоҳҳо зарур мебошад. Ҳадафи асосии Барнома ҳам  ғанӣ гардондани захираи алафҳои табиии чарогоҳҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо мебошад. 
Сардори филиали мазкур зикр кард, ки дар вилоят ҷиҳати амалигардонии Барнома, тибқи қарори раиси вилоят, корҳои муайян амалӣ мешаванд. Беҳтар намудани  ҳолати чарогоҳҳо, бунёди пулҳои чорвогузар  барои кӯчондани чорво аз як маҳал ба маҳали дигари чарогоҳ, таъмири роҳҳо ва  бунёди иншооти безараргардонии суми чорво аз бандҳои асосии нақшаи амали Барнома ба ҳисоб мераванд. Агарчи аз ҳисоби  Барнома барои беҳтаркунии чарогоҳҳо дар вилоят  соли 2023 маблағ ҷудо нашуда бошад ҳам, дар доираи ҷалби сармояи хориҷӣ соли гузашта дар ноҳияи Ишкошим 2 га ва ноҳияи  Дарвоз 10 га  чарогоҳ бо симтӯр маҳкам шуда, тариқи барномаи ландшафтҳо дар ноҳияи Ванҷ барои панҷарабандии 19 га   ва ноҳияи Шуғнон 18 га чарогоҳ масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид. Дар ноҳияи  Мурғоб бошад, аллакай, 24 гектар майдони замини каҳдарав панҷарабандӣ шуд. 
Ҷоннок намудани  корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷиҳати беҳтар кардани ҳолати чарогоҳҳо ва ташкили қитъаҳои  таҷрибавӣ, истеҳсоли тухмии серҳосили  алафҳои табиӣ  барои чарогоҳҳо низ аз  бандҳои асосии Барнома мебошанд, ки дар ин самт низ дар вилоят корҳои муайян ба роҳ монда  шудаанд. Масалан, соли гузашта дар қитъаи таҷрибавии  Варсуштдашти  Институти биологии Помир, мавзеъҳои  Ҷелондии ноҳияи  Шуғнон, Чечекдеи ноҳияи  Мурғоб  ва водии Хуфи ноҳияи  Рӯшон тухмии намудҳои гуногуни рустаниҳои хӯроки чорво кишт шуда, тадқиқот дар ин самт идома доранд.
Сардори   филиали  Муассисаи  давлатии “Трести  чарогоҳу мелиоративӣ”   дар ВМКБ,  ҳамчунин, аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки тибқи  Барнома, ба филиал ва нуқтаҳои назоратии сайёр, ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо як миқдор таҷҳизоти техникӣ, механизмҳои кишоварзӣ дастрас гардиданд. Дар баробари ин, Қонун Давлатқадамов иқрор шуд, ки дар амалигардонии  Барнома камбудиҳо низ кам нестанд. Тақсими нобаробари майдони чарогоҳҳо ва аз меъёр зиёд будани  саршумори чорво дар онҳо, ҳолати заифи табиии чарогоҳҳо аз мушкилоти ҳалталаби  самт маҳсуб меёбанд.  Ҳамчунин, истифодаи  зиёди чарогоҳҳои ба маҳалҳои аҳолинишин наздик, ки ҳосилнокии онҳо сол ба сол коҳиш меёбад,  аз ҷумлаи мушкилоти соҳа мебошанд. Масалан, дар чарогоҳҳои  тобистонаи  Помири шарқӣ аз меъёр зиёд будани чорво боиси поймолшавии рустаниҳои чарогоҳ гардида, ба пастшавии ҳосилнокӣ ва биёбоншавии онҳо мерасонад. Ба ин чарогоҳҳо чорворо аз шаҳри Хоруғ ва деҳоти гирду атрофи он низ мебаранд, ҳол он ки дар минтақаҳои поёнии ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа чарогоҳҳои тобистона солҳо боз пайи ҳам истифода намешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳам  барои беҳтар кардани ҳолати чарогоҳҳо тайи 2 соли охир ягон маблағ ҷудо накардаанд. Дар ноҳияи  Мурғоб ва водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа чорводорон чандин сол боз чарогоҳҳои хоҷагиҳои фермериро истифода баранд ҳам, барои беҳбудии ҳолати чарогоҳҳо чораандешӣ  намекунанд.
Раиси вилоят  Алишер Мирзонабот  зимни баррасии масъала зикр кард, ки ҳалли мушкилот аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти худи филиали  Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”  дар вилоят вобаста аст. Филиал бояд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсати бехатарии озуқавории вилоят нуқтаҳои назорати сайёр дар ноҳияҳоро зери назорати қатъӣ қарор дода, фаъолияти онҳоро беҳтар ба роҳ монад ва барои ташкили  нуқтаҳои назоратии сайёр дар баъзе минтақаҳои дигари вилоят, мисли Ҷелондии ноҳияи  Шуғнон, Ҷавшангози ноҳияи  Роштқалъа ва Оқташи ноҳияи  Мурғоб,  мусоидат намояд. Гузарондани инвентаризатсияи майдони чарогоҳҳо дар  Помири шарқӣ ва муайян намудани майдони дақиқи чарогоҳҳои зимистонаро низ раиси вилоят аз вазифаҳои афзалиятноки  филиали  мазкур  дар вилоят  маънидод намуд. Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки хоҷагиҳои алоҳида чарогоҳҳоро аз солҳои пеш расман гирифтаанд, вале то ҳол дар ҳисобашон ягон сар чорво надоранд. Баръакс, хоҷагиҳои чорводорие низ ҳастанд, ки чарогоҳи худро надоранд ва чорвоашонро дар чарогоҳҳои хоҷагиҳои дигар мечаронанд, ки  ин боиси халалдор гардидани баланси чарогоҳҳо ва паст шудани ҳосилнокии онҳо  мешавад.      
– Имрӯз мушкилии асосӣ дар вилоят  нобаробар тақсим гардидани заминҳои чарогоҳ мебошад, – хулоса намуд  Алишер Мирзонабот  ва изҳори боварӣ кард, ки тавассути ин Барнома мушкилоти соҳа   бартараф мегарданд. 
Дар фарҷоми машварат   раиси вилоят ба масъулон оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив