ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

ДУШАНБЕ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

28 март 2023, Сешанбе
79
0

 
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан дастуру супоришҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардиданд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври идона ороста шуда, ба ин муносибат, тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар як хонадони сокини шаҳр ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд.
Шиору овезаҳои наврӯзӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо байту гуфтаҳои шоирону мутафаккирон ба ҳусни шаҳр намои хоссаи идона зам намуда.

ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ БУД
Барои таҷлили ботантанаи Ҷашни Наврӯз шоми 20 март намояндагони чор ноҳияи пойтахт дар Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигаҳдории ҷангал” ҷамъ омада, бо пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо, фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд. Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи 21 март масъулон ва сокинони чор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти расму русуми мардумӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Корвони наврӯзии шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршори шукргузорӣ аз сарзамини гулфишони Тоҷикистон аз чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.
Сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Майдони 800-солагии Москва (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ), ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино дар Боғи фарҳангу фароғатии “Ҷавонон” Наврӯзи аҷамро ботантана таҷлил намуданд.
Дар ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба сокинону меҳмонони пойтахт расонданд. 
Дар ин рӯз дар ҳамаи базмгоҳҳои наврӯзӣ ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайругашти оммавӣ баргузор шуданд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷассум ёфтанд. Шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил карданд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ баргузории намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо, баргузор шуданд.

ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  «НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ - 2023»
Дар робита ба сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 21 март дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенси Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – 2023» бо иштироки доираи васеи меҳмонони дохилу хориҷи кишвар баргузор шуд.
Фестивалро муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода оғоз намуда, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода иштирокдорон ва меҳмонони Фестивалро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфт.
Сипас, раиси шаҳри Бокуи Озарбойҷон Элдар Азизов, муовини раиси ҳукумати шаҳри Минск Лазаревич Надежда Анатолевна, муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Арби Абубакров сухан гуфта, саҳми назарраси Тоҷикистонро дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз баланд арзёбӣ намуда, ба шаҳри сайёҳӣ ва макони писандидаи онҳо табдил ёфтани пойтахти тоҷикон – Душанберо махсус таъкид намуданд.
Инчунин, дар Фестивали мазкур паёмҳои табрикии видеоии раиси шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Хаочзи ва муовини Дабири кулли Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) Ли Баочун ироа гардиданд.
Ҳамчунин, шоми 21 март дар Майдони “Истиқлол” чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар баргузор шуд. 

МУСОБИҚАҲОИ ИДОНАИ ВАРЗИШӢ 
Яке аз рамзҳои Наврӯз, ин баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, 21 март маросими ботантанаи кушодашавии Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба слалом таҳти унвони «Тоҷикистон – слалом опен» бахшида ба таҷлили Ҷашни Наврӯз-2023 баргузор гардид. 

 
Инчунин, дар Муассисаи давлатии "Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ" чорумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хос доир шуд. Дар Мусобиқаи мазкур зиёда аз 130 варзишгар аз 26 кишвари олам иштирок намуда, маҳорат ва малакаи хешро нишон доданд. Тазаккур бояд дод, ки Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд. 
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ муовини якуми раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуда, ба тамоми меҳмонону иштирокдорон барои сабқат барору пирӯзӣ орзу намуд. Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд. 
Илова бар ин, бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳо аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони касбу кори гуногуни сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ” баргузор гашт.
Дар мусобиқаи мазкур, ки бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва дигар шахсони расмӣ доир шуд, 35 даста аз сохторҳои шаҳрӣ байни ҳам сабқат намуда, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медалу диплом, маблағҳои пулӣ ва Ҷоми раиси шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»
Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Ҷашни Наврӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 27-и амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 январи соли 2023, №АП-318, вобаста ба Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни “Кадбонуи беҳтарин”-ро байни занону ҷавондухтарони ноҳияҳои пойтахт баргузор намуд.

 
Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ баргузор  шуд.
Иштирокчиёни озмун аз рӯи шартҳои гуногун маҳорат нишон дода, беҳтаринҳо ба дипломҳои дараҷаи як, ду, се ва туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар иштирокдорон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд.

ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ
Метавон гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе на танҳо дар рӯзҳои таҷлили ҷашну чорабиниҳои сатҳи баланд, балки дар маҷмуъ, ҳамарӯза симои нав ба нав гирифта, ба як шаҳри пур аз меҳр, муҳаббат, шеъру суруд, садои хандаи тифлону нағмаи булбулон табдил ёфтааст. Имрӯз кӯчаву хиёбонҳои гулпӯши Душанбе дили ҳар бинанда, махсусан меҳмонону сайёҳони хориҷиро, мафтун карда, соатҳо қадам задан дар чунин муҳит ба кас ҳаловат мебахшад. Бо бовар метавон гуфт, ки акнун Душанбе ба қалби Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар маҷмуъ, имсол Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо барномаҳои пуршукӯҳи идона бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукргузорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастӣ таҷлил гардид.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.03.2023 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив