ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Боз як ҳолати қаллобии вобаста ба замин ошкор шуд

Боз як ҳолати қаллобии вобаста ба замин ошкор шуд

08 август 2024, Панҷшанбе
15
0


Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани як ҳолати қаллобии вобаста ба замин дар шаҳри Турсунзода ва тафтишоти он хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи зани 69-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардида, дар он гуфта мешавад, ки моҳи июни соли 2020 марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз дохили ҳавлии истиқоматиаш 6 сотих қитъаи заминашро гирифта, дар он манзили истиқоматӣ бунёд намудааст. Ин мард ваъда додааст, ки дар иваз аз маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода хонаи  2-ҳуҷрагӣ ва 10 ҳазор доллари ИМА медиҳад, аммо то ҳол қавлашро иҷро накардааст.


Муштзӯре, ки завлонабадаст шуд
Сокини шаҳри Душанбе, ки аз ӯ марди 28-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ аз сӯи кормандони милитсия дастгир шуд.
Тавре маркази матбуоти ВКД дар ин бора хабар дод, гумонбар 4-уми августи соли ҷорӣ дар кӯчаи Н. Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе бе ягон асос бо марди 29-солаи сокини ноҳияи Сино муноқиша карда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст. Гузашта аз ин, марди “муштзӯр” сокини ноҳияи Синоро бо корд таҳдид намуда, телефони мобилиашро тасарруф кардааст, ки ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 


Қаллобӣ ба маблағи 660 ҳазор сомонӣ
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аъмоли падару писареро мавриди тафтиш қарор додаанд, ки дар қаллобӣ ба маблағи 660 ҳазор сомонӣ гумонбар мешаванд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, онҳо 30-юми апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба бовари марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ду адад воситаи нақлиёти Мерседес-Бенсро бо арзиши 660 ҳазор сомонӣ гирифта, қавл додаанд, ки мошинҳоро дар муддати ду моҳ фурӯхта маблағашонро бармегардонанд. Вале гумонбаршавандаҳо, ки яке дар шаҳри Турсунзода ва дигари дар шаҳри Бӯстон истиқомат мекунанд, воситаҳои нақлиётро фурӯхта, маблағҳоро ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 08.08.2024 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив