ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон  ва Созмони байналмилалии муҳоҷират 

Дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон  ва Созмони байналмилалии муҳоҷират 

09 август 2024, Ҷумъа
12
0


7-уми август муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Тоҷикистон Виктор Лутенко мулоқот намуд.
Тавре ба мо аз Вазорат иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо, инчунин, лоиҳаҳои Созмонро, ки дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд, матраҳ намуданд.


Масъалаи азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
“Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа 6-уми август дар вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Остона баргузор гашт, иштирок намуд”, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  
Дар вохӯрӣ Далер Ҷумъа иброз дошт, ки бо мақсади пурзӯр намудани эътимоднокии кори низоми энергетикии минтақа дар марҳалаи кунунӣ лоиҳаи «Азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» амалӣ мешавад. Дар доираи он аввали моҳи июни имсол низоми энергетикии қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ба низоми ягона пайваст гардид.

Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ташкили амалиёти зиддимухаддиротӣ 
7-уми август дар вилояти Суғд ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ташкили амалиёти зиддимухаддиротӣ ва дигар самтҳои фаъолият дар доираи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид. 
Аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони котиботи СААД, мақомоти зиддимухаддиротии ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҷаласа баргузории амалиёти зерминтақавии зиддимухаддиротӣ бо номи шартии “Канал-Авангард” дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 баррасӣ шуд.

Санаи нашр: 09.08.2024 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив