ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ МУҲИТИ ЗИСТ

ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ МУҲИТИ ЗИСТ

09 август 2024, Ҷумъа
54
0


Як ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табодули таҷриба ва тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи экология ба Ӯзбекистон ташриф овард. Нахуст, аъзои ҳайати Тоҷикистон аз Маркази давлатии экспертизаи экологии назди Вазорати экология, муҳити зист ва тағйироти иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан карда, бо фаъолияти он аз наздик ошно шуданд. Меҳмонон таҷрибаи ҳамтоёни ӯзбеки худро ҷиҳати истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи экспертизаи муҳити зист хеле муҳим шумурда, омӯхтани таҷрибаи мазкурро барои кишвари худ манфиатбахш арзёбӣ карданд. 
– Мо бо масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ворид намудани таҷрибаи байналмилалӣ ба қонунгузориҳои миллии Ӯзбекистон низ ошно шудем. Дар он татбиқи таҷрибаи хориҷӣ ва равишҳои навоварона дар равандҳои экологӣ корбаст гардидааст, ки қобили эътироф мебошад. Инчунин, Ӯзбекистон оид ба афзоиши иштироки ҷомеа дар равандҳои экологӣ низ таҷрибаи қобили мулоҳиза ҳосил намудааст, – гуфт  ба “Ҷумҳурият” мудири шуъбаи экспертизаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Бахтиёр Сафарализода.
Дар ҷараёни сафар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо дар бораи табодули минбаъдаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи экологӣ ба  тавофуқ расиданд.
Гуфта мешавад, ки дар панҷ соли ахир ҳайатҳои иборат аз мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба Ӯзбекистон сафар намуда, барои идома ва инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат карданд.
Ба гуфтаи Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот бо вазири экология, муҳити зист ва тағйироти иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов як Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд ва бар асоси он, домани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳити зисти миёни ду кишвари дӯсту бародар беш аз пеш тавсеа меёбанд. Ба таъкиди ӯ, дар мавриди табодули таҷриба ду кишвар ба ҳамдигар ниёз доранд. Гузашта аз ин, ифтитоҳи Донишгоҳи сабзи Тошкент дар оянда барои тайёр намудани кадрҳои бомалакаи тоҷик низ  мусоидат хоҳад кард ва фиристодагони Тоҷикистон дар ин Донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. 
Бояд гуфт, ки сафари ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бар асоси Ёддошти тафоҳуми дар Самарқанд баимзорасида сурат гирифтааст.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 09.08.2024 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив