ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

09 август 2024, Ҷумъа
27
0
ИНСОНГАРИСТ, КИ МЕМОНАД… 
Олимпиадаи Париж. Шиноварӣ миёни мардон. Яке аз иштирокчиён аз ғояти эҳсос, садои ҳуштаки довар набаромада, худро ба об партофт. Тибқи қоида, акнун ӯ аз иштирок дар сабқат маҳрум монд. Нафаре, ки чор сол ин рӯзро интизор буд, дар як лаҳза ҳама чизро барбод дод. Ашк мерехту ҳасрат дошт… Вале ғайриинтизори ҳама варзишгарони дигар, ки мунтазири иҷозати довар буданд, исрор карданд, ки бе ӯ сабқатро сар нахоҳанд кард. Дар ниҳояти кор ба ҳайати ҳакамон, ба ҷуз додани иҷозат, интихоби дигаре намонд.
Бо ин амал шиноварон бори дигар собит карданд, ки ҳарчанд гап сари баландтарин ҷоиза равад ҳам, инсонгарӣ волотар аз он аст. 
 
Тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ҚОНУНҲОИ ҒАЙРИОДӢ
ЧИН ВА АМА
Чин дар таҳияи қарору қонунҳои ғайриодӣ пешсаф аст. Дар ин кишвар намоиш додани ҷараёни сафар дар филмҳо, сериалҳо ва барномаҳои гуногуни телевизионӣ манъ аст. Бозсозии биноҳо низ дар Чин бе иҷозати Ҳукумат манъ мебошад. Соли 2007 Ҳукумати Чин қарор баровард, ки ҳар нафаре мехоҳад, бинои манзилашро эҳё кунад, бояд ариза нависад ва ба чанд ниҳоди давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб бошад, истифода бурдани суханони қабеҳ ва таҳқири одамон қатъиян манъ аст. Ин метавонад боиси ҷарима, ҳабс ва ҳатто, депортатсия гардад.
 
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
 
 
ПАРАНДАЕ, КИ ҶАНГАЛҲОРО  БА КОМИ ОТАШ МЕКАШАД
Як ҳодисаи зуд-зуд такрорёбанда дар Австралия олимонро ба ҳайрат овард – сӯхтори ҷангалҳо. Дар ҳоле ки гармӣ дар ин ҷо ба дараҷаи баланд намерасад. Олимони Донишгоҳи Сидней тадқиқоти аҷибу беназирро гузаронда, сабаби сар задани сӯхторро ба як паранда мансуб донистанд. 
Ин тадқиқот нахустин бор соли 2018 пешниҳод гардид ва хулосаҳои онро дуруст шумурданд. Ҳамин як паранда аз худ оташ хориҷ намуда, ҷангалҳоро ба коми сӯхтор мекашад.
Аҷиб он аст, ки наздики яку ним ҳазор сол пеш дар хусуси мавҷудияти чунин  як паранда маълумот дода шудааст, аммо ҳақиқати онро акнун  дарёфтанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ИШТИБОҲИ КӮЧАК  ФОҶИАИ БУЗУРГ ДОРАД
Марде дар яке аз деҳаҳои биёбонӣ зиндагӣ мекард. Чоҳе дошт пур аз оби зулол ва ягона чоҳи нохушкида дар он минтақа. 
Як рӯз ногаҳон санги кӯчаке аз дасти мард ба оби чоҳ афтод ва садои аҷибе аз он шунида шуд, ки хеле форам буд. Чанд рӯз гузашт ва дилаш боз барои шунидани он садо гум зад. Ин бор аз рӯи кунҷковӣ сангчаеро ба чоҳ партофт. Кам-кам бо он садо унс гирифт ва бовар кард, ки сангрезаҳо ба чоҳ мушкиле эҷод нахоҳанд кард.
Муддате гузашт. Кор ба ҷое расид, ки сангрезаҳои кӯчак рӯи ҳам ҷамъ шуданд ва чоҳ баста шуд. Дигар на садое аз чоҳ шунида мешуд ва на асаре аз об буд. Ба масал такрори пайдарпайи иштибоҳи хурд фоҷиаи бузургро ба вуҷуд овард.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ПУЛИ ШИШАГӢ БАРОИ САЁҲАТ
 
Дар Чин пули шишагии дар ҷаҳон дарозтаринро сохтаанд. Дар он ба сайёҳон барои тарси худро мағлуб кардан, аз шишаи тунук гузаштанро пешниҳод менамоянд. Ба ин конструксияи ғайриодӣ «Пули одамони ҷасур» ном гузошта шуд.
Дарозии пул, ки дар боғи Шинючжайи музофоти Хунан сохта шудааст, 430 метр буда, паҳноиаш 6 ва баландиаш аз сатҳи замин 300 метрро ташкил медиҳад. Дар сохтмони он 3,4 миллион доллари амрикоӣ сарф шудааст. 
Фарши шишагӣ аз нигоҳи аввал хеле тунук намояд ҳам, ғафсии он 24 миллиметрро ташкил медиҳад. Конструкторҳо таъкид карданд, ки шишаи барои сохтмони пул истифодашуда нисбат ба шишаи одӣ 25 маротиба мустаҳкамтар аст. 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
90 СОЛ БО ҲАМ
Таҳкурсии ҳар оилаи солим аз ҳамдигарфаҳмӣ, самимияту меҳрубонӣ ва муҳаббат сарчашма мегирад. 
Дар таърихи оиладорӣ дарозтарин ҳаёти оилавӣ дар олам 90 солу 291 рӯз ба қайд гирифта шудааст. Карем ва Картари Чанди аз Ҳиндустон соли 1925 оиладор шуда, 90 сол бо ҳам зистанд. Ҳамин тавр, Карем дар 111-солагӣ – соли 2016 аз дунё гузашт. Он замон Картари 103 сол дошт ва дар Британияи Кабир зиндагӣ мекард.
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ИБНИ СИНО ДАР КАЙҲОН
Оё медонед, ки дар кайҳон астероид ва дар Моҳ танӯрае бо номи Ибни Сино мавҷуд аст?
Астероиди Ибни Сино таҳти рақами 2755 (1973 SJ4; 1978 UX1) буда, 26-уми сентябри соли 1973 аз тарафи астрономи шуравӣ Людмила Ивановна Черних дар расадхонаи Қрим кашф шуд ва 28-уми марти соли 1983 ба шарафи Ибни Сино номгузорӣ гардид. 
Танӯраи Ибни Сино бошад, дар тарафи нонамоёни Моҳ, бо координатаҳои селенографии 39°38' арзи шимолӣ ва 97°17' тули ғарбӣ қарор дорад. Қутри он 73 км буда, чуқуриаш 2,7 км аст. Ин танӯра бо қарори Иттиҳоди байналмилалии астрономон соли 1970 ба номи Ибни Сино гузошта шуд. 
 
Ризо БАҲРОМЗОД, олим
 
 
ВАРЗИШГОҲИ РАҚАМӢ ДАР АРАБИСТОН
Дар Арабистони Саудӣ дар болои теппаи сангӣ бо истифода аз дастгоҳҳои наву замонавӣ варзишгоҳ бунёд карданианд, ки ба шарафи шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон номгузорӣ мегардад.
Иншооти нодир дар рӯйи кӯҳпораи сангии баландиаш 200 метр қомат рост карда, бо усули оинабандӣ ва рақамӣ сохта мешавад. Он беш аз 45000 ҷойи нишаст хоҳад дошт ва барои гузарондани мусобиқаҳои футбол, бокс, варзиши киберӣ, барномаҳои ҳунарӣ ва намоишҳои театрӣ пешбинӣ шудааст. 
Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин варзишгоҳи нодир бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли 2034 бояд дар Арабистони Саудӣ доир гарданд, сурат гирад.
Ба хотири он ки бештари ҳудуди ин кишварро биёбон фаро гирифтааст, тарроҳони лоиҳа сохтмони ҳавзро дар зери варзишгоҳ ба нақша гирифтаанд, то ҳавои дохил ва атрофи варзишгоҳро муътадил нигоҳ дорад.
 
Таҳияи Умар АЛӢ 
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
АЛИМЕНТИ ҒАЙРИОДӢ
Албатта, аксарият медонанд, ки Эйнштейни бузург ду бор оиладор шудааст. Баъди 9 соли ҳамзистӣ бо ҳамкурсаш Марич Милева, соли 1912 бо духтари амакаш Элза Левентал низ издивоҷ мекунад. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки зани аввали олим дар донишмандӣ аз худи ӯ монданӣ надошт. Мутаассифона, бахт ба рӯяш нахандиду бе диплому унвони илмӣ монд ва дар паҳлуи ҳамсараш хонашиниро ихтиёр сохт. Аз «хиёнат»-и Эйнштейн хонуми хона баъди ду сол, аниқтараш соли 1914 огоҳ мешавад ва ҳамон лаҳза аз идомаи зиндагии якҷоя бо ӯ даст мекашад. Ғайричашмдошти ҳама ҷанҷолу ғавғо намебардорад, аммо талаб мекунад, ки маблағи Ҷоизаи Нобел ҳаққи ӯву фарзандонаш аст ва Эйнштейн бояд онро ба онҳо супорад. Бовар нокарданист, вале далел аст, ки ҳар ду ҷониб, ҳатто, дар ин бора созишнома имзо кардаву пасон аз ҳам ҷудо шудаанд. Дар ниҳояти кор соли 1921, вақте Эйнштейн Ҷоизаро соҳиб мешавад, маблағи онро пурра ба бахти аввалу фарзандонаш медиҳад. Ин амалкарди олими ҷаҳонгир ҳамчун «алименти ғайриодӣ» сабти таърих шудааст. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
ЛАЙЛИВУ МАҶНУНИ АСРИ XXI
Дар Сингапур як бону давоми шаш сол ба маъшуқааш 155000 доллар ирсол намудааст. Ӯ фикр мекардааст, ки ҷавон ин пулҳоро барои табобати падари бемораш масраф мекунад, вале асли воқеа дигар аст. 
Деррик Ҷинг Юан соли 2014 ба маҳбубааш Ли Мэй Лан гуфтааст, ки ӯро аз кор пеш кардаанд ва барои табобати падари бемораш пул надорад. Духтари сода ҳар моҳ тақрибан 2000 доллар ба ӯ равон мекардааст. Ҷавон бо ин пулҳо автомобил харида, либоси гаронбаҳо пӯшидаву назди дӯстдухтари дигараш мерафтааст.
Хулосаи моҷаро ин аст, ки ҷавонро муваззаф кардаанд, то тамоми пулҳоро баргардонад. 
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
 
 
РОҲИ КАБУД
ЯК НАВОВАРӢ АЛАЙҲИ ГАРМО ДАР ҚАТАР
 
Дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа барои аз гармои шадид наҷот додани пиёдагардҳо ва ронандаҳо қитъаи роҳи автомобилиро ранги кабуд карданд. 
Мутахассисони араб бар он назаранд, ки чунин ранг таъсири ҳарорати баландро дар роҳ коҳиш медиҳад. Дар ин иртибот зикр меравад, ки роҳи муқаррарии сиёҳранг ба мисли танӯри тафсон аст. Сатҳи роҳи кабуди озмоишӣ бошад, нурҳои ултробунафшро бештар рад намуда, радиатсияи Офтобро камтар фурӯ мебарад. Дар натиҷа, ҳарорат дар роҳ 6-10 дараҷа паст мешавад. 
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
АЗ МУЪҶИЗАҲОИ МОДАР
1. Ним соат нишастан дар паҳлуи модар аз суҳбат бо 6 равоншиноси ботаҷриба авлотар аст.
2. Аз ҷиҳати илмӣ модар ҳангоми ба оғӯш гирифтани фарзанд мавҷҳои ба худ хосеро мебарорад, ки фарзандро боандешатар, устувортар ва бо атрофиёнаш муттаҳидтар месозад. 
3. Модар ягона мавҷудест, ки дар сурати бадбахтӣ, қудрати пешгӯӣ карданро дорад. Пас хиҷил нашавед, агар барои сайру гашт ва берун баромадани шумо монеа шавад.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ШОҲКӮБРО
МОРЕ, КИ БО ЯК ҲАМЛА 20 ИНСОНРО ЗАҲРОЛУД МЕКУНАД
Шоҳкӯбро дар миёни морҳои ҷаҳон бузургтарин маҳсуб меёбад. Миқдори заҳраш ончунон зиёд аст, ки бо як неш задан метавонад, филро ҳалок созад. Ҳамчунин, ин мор бо як ҳамла қудрати заҳролуд кардани 20 инсонро дорад. 
Шоҳкӯбро дар байни ҳамаи морҳои заҳрдор дарозтарин аст. Вазнаш 12 кило буда, метавонад, дар як соат 20 км ҳаракат кунад. Дарозиаш ба 5,6 метр баробар аст. 
Бузургтарин намунаи ин мор соли 1937 аз Негри Сембилан дарёфт гардида, баъдан дар боғи ҳайвоноти Лондон нигоҳ дошта шуд, ки дарозии он беш аз 5 метр буд. Шоҳкӯбро дар ҷангалҳои тропикии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Ҳиндустон, Покистон, Индонезия ва Филиппин) мавҷуд аст. Умри ин мор зиёда аз 30 сол аст ва он дар тамоми умри худ афзоиш меёбад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
2024 - СОЛИ ОЛИМПӢ 
Бозиҳои пӯшиданашуда
XV Бозиҳои олимпии (Ҳелсинки-1952, Финляндия) дар таърих ҳамчун чорабинии пӯшиданашуда сабт гардидааст. Президенти вақти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Зигфрид Эдстрем дар маросими ботантанаи пӯшидашавии бозиҳо баромади пурмуҳтаво кард, аммо фаромӯш намуд, ки бигӯяд: “Бозиҳои олимпиро пӯшида эълон мекунам!”
Пианинанавоз – чемпиони олимпӣ
Пианинавози фаронсавӣ, барандаи аввалин ҷоизаи Консерваторияи Париж Мишлин Остермайер дар XIV Бозиҳои олимпии (Лондон-1948, Англия) 3 медал ба даст овард (2 тилло – дар намуди ҳаво додани диск ва тела додани ядро, як биринҷӣ – дар намуди ҷаҳиш ба баландӣ).
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АСРОРИ ДАСТОНИ МОДАР
- Алло, ҷонакам, ту дар борш чӣ илова карда будӣ?
- Азизам, гуфта наметавонам, асрори дастони модарам кушода мешавад. 
- Ҷонакам, агар хоҳӣ, ки ман аз вазнинхона бо пойи худам бароям, аз барои савоб асрори дастони модаратро кушо. 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ВАҚТ 
Дар омади гап:
- Азизам, ҳамин «дар панҷ дақиқа тайёр мешавам» - гуфтани ту дар асл чӣ қадар давом мекунад?
- Ҳамон қадаре, ки шумо “баъди панҷ дақиқа дар хона мешавам”- мегӯед. 
Аз русӣ тарҷумаи  Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
6. ШИРАИ СОЯ
Шираи соя (як навъи лӯбиё) пӯстро чандир мегардонад. Ин ба миқдори рекордии изофлавонҳо вобаста аст. Ин компонентҳои табиӣ ба пӯст, истеҳсоли коллаген ва сафеда кумак мекунанд, ки ба он устуворӣ ва чандирӣ медиҳад. Изофлавонҳо фитоэстрогенҳо мебошанд, зеро сохторашон ба ҳам монанд аст. Гарчанде самаранокии изофлавонҳо нисбат ба ҳормонҳо хеле заифтар аст, аммо хосиятҳои нотакрори онҳо дар мубориза бар зидди менопауза дар занон, арақи шабона ва гармӣ истифода мешаванд. Онҳо, инчунин ба системаи дилу рагҳо таъсири судманд мерасонанд ва мубодилаи моддаҳоро беҳтар мекунанд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ДАРСИ ПАДАР 
Расул Ҳамзатов нақл мекунад, вақте дар Москва донишҷӯ буд, падараш барои харидани палто пул фиристод. Кор тавре шуд, ки пулро сарф карду палто нохарида монд. Ноилоҷ таътили зимистона ба Доғистон бо он либосе рафт, ки тобистон ба Москва омада буд. Дар хона ҳазору як баҳонаро пеш оварда, хост худро сафед кунад. Падар инро магар пай бурд, ки гуфт:
- Исто, Расул. Ман ба ту ду савол дорам.
- Хуб… 
- Палто харидӣ? 
- Не. 
- Пулро харҷ кардӣ? 
- Бале. 
- Тамом. Ҳама чиз фаҳмо. Чӣ лозим буд ин қадар суханҳои нодаркор, ки асли мақсад ҳамин ду калима аст! 
Аз русӣ тарҷумаи САБО
 
 
 
СУХАНОНИ КӮТОҲ 
 
Агар ҳамеша фикр мекунед, ки ҳақ бо шумост, пас ҳеҷ вақт аз зиндагӣ чизе ёд намегиред.
 
* * *
Ба хотири тарс аз ин, ки дигарон чи мегӯянд, аз коре, ки мехоҳӣ анҷом бидиҳӣ, даст накаш. Одамон дар ҳар сурат қазоват мекунанд. 
 
* * *
Парвоз кун, он гуна ки мехоҳӣ, вагарна парвозат медиҳанд, он гуна ки махоҳанд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
АЛЛА  ТАРИҚИ ПАЁМАК
 
Як бонуи чинӣ тиҷорати аҷибе кашф кардааст: орзу кардани хоби хуш бар ивази пул.
Дар 12 соли “корӣ” хонум Ҷиумей 50 000 паём фиристодааст. Арзиши хизмати ӯ 14 сент будааст. Ҳазорҳо чинӣ аз ин хизматрасонӣ истифода кардаанд.
 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
 
ХАТАРНОКТАРИН  МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
КӮҲИ ВАШИНГТОН, ИМА
Дар ин ҷо рекорди ҷаҳонии суръати шамол ба қайд гирифта шудааст. Суръати ниҳоии сабтшуда 327 километр/соат аст. Аммо тӯфон танҳо як нороҳатӣ нест, ин ҷо ҳарорати ҳаво метавонад, то -40 дараҷа паст шавад ва бориши барфи доимӣ ин маконро хеле хатарнок мекунад.
Сарфи назар аз баландии 1917 метр, он яке аз қуллаҳои хатарноктарин дар ҷаҳон аст. Фақат нотарстарин дӯстдорони варзиши экстремалӣ хоҳиши ба он баромаданро доранд. 
Зимнан, ин кӯҳро "ҷойи бадтарин обу ҳаво дар ҷаҳон" низ, меноманд. Дар ин ҷо гирдбодҳое ба амал меоянд, ки суръаташон дар як сония ба беш аз 103 метр баробар аст.
Кӯҳнавардоне, ки дар чунин гирдоб афтодаанд, имкони наҷотро наёфтаанд. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
БЕҲТАРИН ҲАДИЯ
 
Беҳтарин ҳадия барои зан эҳтиром, барои кӯдак тарбия, барои дӯст вафо, барои ҷомеа хизмати содиқона, барои ҳамсоя ҳамдардӣ, барои охират некӣ, барои модар муҳаббат ва барои падар ифтихороти фарзандаш аст.
Таҳияи М. АБДУҚАҲҲОР
Санаи нашр: 09.08.2024 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив