ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШКОШИМ. БАРҚАРОРСОЗИИ ХИСОРОТИ ОФАТИ ТАБИӢ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҚАРОР ДОРАД

ИШКОШИМ. БАРҚАРОРСОЗИИ ХИСОРОТИ ОФАТИ ТАБИӢ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҚАРОР ДОРАД

12 август 2024, Душанбе
16
0
 
Субҳи 6-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон Алишер Мирзонабот суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Президенти мамлакат гузориши раиси вилоятро доир ба ҳодисаи табиии бавуқуъомада ва ҷараёни бартарафсозии хисороти офати табиӣ, ки  дар деҳаи Зугванди   деҳоти Зонги  ноҳияи  Ишкошим  ба  хоҷагиҳои шахсӣ ва  боғу киштзорони деҳа зарари калон расонд, шуниданд.
Раиси вилоят иттилоъ дод, ки дар натиҷаи гарм шудани ҳарорати  ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи оби рӯдхонаи деҳаи Зугванд аз соати  17:30 дақиқаи 4-уми августи соли равон дар деҳа ҳодисаи селфуроӣ ба қайд гирифта шуд. Аз  лаҳзаи нахустини сар задани офати табиӣ бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади фавран бартараф намудани оқибати офати табиӣ, комиссияи вилоятӣ таҳти роҳбарии Алишер Мирзонабот таъсис ёфта, ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ин ҳодисаи нохуш техникаву механизмҳои зарурӣ сафарбар шуданд. Худи ҳамин рӯз дар ноҳия ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, масъулини МИҲД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони раёсату идораҳо дар маҳали офати табиӣ бо сокинон вохӯрданд. Таъкид гардид, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат вазъи баамаломада бартараф мешавад. Аҳолии аз офати табиӣ зарардида ва зери хавф қарордошта, тибқи супориши роҳбарияти давлат, ба ҷойи бехавф кӯчонда шуданд. 
– Дар заминаи сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарардидагони офати табиӣ марҳала ба марҳала аз ёрии Пешвои миллат бархӯрдор мегарданд, – таъкид намуд раиси ВМКБ зимни суҳбату мулоқот бо аҳолии маҳаллӣ. 
Хушбахтона, дар пайи офати табиӣ ҳодисаи фавт ба қайд гирифта нашудааст. Иттилоъ дода шуд, дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Зугванд 14 гектар замини наздиҳавлигии сокинон  ва  8 гектар замини зери кишти картошка  пурра хароб гардид. Бар замми ин, зиёда аз 4 км роҳи аҳамияти байналмилалидошта зарар дидааст. Аъзои ситоди доимоамалкунанда таҳти роҳбарии раиси вилоят ба таври шабонарӯзӣ  вазъиятро дар ҷои ҳодиса таҳти назорат гирифта, ба корҳои бартарафсозӣ машғуланд. Сокинони деҳа бо хӯроки гарм ва манзили муваққатии зист  таъмин гардида, ҳар яки онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои беназир арзи сипос баён намуданд. 
Ҳаҷми хисороти офати табиӣ муайян ва иловатан маълумот пешниҳод мегардад. Роҳбари давлат  ба ҷараёни барқарорсозии манзили зисти  оилаҳои аз офати табиӣ зарардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҷаноби  Олӣ таъкид доштанд,  ки раиси вилоят шахсан ба мардуми зарардида расонад, ки Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дар ин лаҳзаи душвор танҳо намегузоранд. Сокинони  сарбаланди ин деҳаи  дурдасти кишвар, ки бар асари  офати табиӣ манзили зисташонро аз даст додаанд, эътимоди комил дошта бошанд, ки онҳоро  Ҳукумати кишвар бо манзили зисти наву тарҳи замонавӣ  таъмин хоҳад кард. Зикр гардид, ки барои зарардидагон аз ҳисоби фонди  Президенти мамлакат  ба таври кофӣ  маводи ниёзи аввали рӯзгор дастрас  мешавад.
Раиси  вилоят вазифадор шуд, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табииро зери назорати доимӣ қарор дода, барои хоҷагиҳое, ки бар асари фаромадани сел манзили истиқоматиашонро аз даст додаанд, барои бунёди манзили нави зист дар ҷойи бехавф қитъаи замин ҷудо карда, корҳои сохтмониро дар ин иншоот тезонанд, то ки мардуми зарардида то мавсими зимистон соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.08.2024 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив